logo

мулоқотҳо

Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон умедбахш арзёбӣ гардид

7 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломати ҳиндӣ низ баҳои баланд дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки саҳми сафорати Ҳиндустон дар ин давра дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла дар самти мубодилаи иттилооту таҷриба дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, омодасозии кадрҳои низомӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ намоён буд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.
www.president.tj

- Ман дар давоми се соли фаъолияти дипломатиам дар Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ додам, ки робитаҳои мутақобилаи байни давлатҳоямон пайваста густариш ёбанд.
Ширкатҳои хусусии Ҳиндустон барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳамлу нақли маҳсулот, коммуникатсия, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ сармоя гузоштанд. Ин ҳарфҳоро Амар Сингҳ, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт.
Зимнан Амар Сингҳ дар бораи сафари расмии анҷомдодаи Хонуми Олиҷоҳ Пратибха Девисинг Патил, Президенти Ҳиндустон, ба Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид кард, ки ин сафари нахустини сарвари кишвараш ба Осиёи Марказӣ буд. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба кишвари шумо, баёнгари густариши муносиботи ҳасанаи ҳар ду давлат ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногун асос гузошт.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки талошҳои ду ҷониб имкон медиҳад, ки вусъати ҳамкориҳо дар бахшҳои ҳаётан муҳим минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва мо аз ҷониби худ ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси кормандони фурудгоҳи «Айнӣ»  тадбирҳои судманд меандешем. Зимнан дар соҳаи кишоварзӣ низ татбиқи барномаҳои махсус дар назар аст. Ширкатҳои хусусии Ҳиндустон дар вилояти Хатлон ба истеҳсол ва коркарди  маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ сармоягузорӣ мекунанд. Мо тасмим гирифтем, ки дар навбати аввал дар ду ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа истеҳсоли шакарро ба роҳ монем. Барои ин заминаи мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Ният дорем, ки барои боз ҳам фарохтар гардидани доираи ҳамкориҳо навъҳои гуногуни меваву сабзавоти Тоҷикистонро ба Ҳиндустон интиқол диҳем,- гуфт дар поёни сӯҳбат сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳ.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед