logo

энергетика

Роғун: ҳуқуқ ба зиндагӣ

Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи энергетика, дар навбати аввал ба гидроэнергетика диққати ҷиддӣ дода мешавад. Зеро бе истиқлолияти энергетикӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам овардан ғайриимкон аст.

Аммо бо вуҷуди захираҳои бузурги энергетикӣ, мо аз онҳо кам истифода мебарем ва қариб ҳамаи намуди захираҳоро ба хориҷи мамлакат содир менамоем. Қонеъ гардондани талаботи кишвар ва дастрасӣ ёфтан ба ин захираҳо аз вазифаҳои муҳимтарин буда,  истифода нагардидани захираҳо яке аз сабабҳои тӯлонӣ дар дараҷаи баланд нигоҳ доштани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии норасоии нерӯи барқ ба ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат (махсусан дар фасли зимистон), инчунин банақшагирии чораҳои ба он алоқаманди сиёсати давлатӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 инъикос ёфтааст. Истиқлолият вожаи зебост, вале масъулияташ гарон аст. Давлат баъди эълони истиқлолият бар дӯши худ масъулияти бузурги мустақилона ҳал кардани амалан ҳамаи мушкилоти иқтисодиашро мегирад. Умед ба ёрии ҳамсояҳою мамлакатҳои дӯст ҳамчун хаёли хом зуд аз байн меравад, давлат рӯ ба рӯи мушкилиҳояш танҳо мемонад.
Яке аз чунин мушкилиҳои ҳалталаби Тоҷикистон проблемаи НБО-и Роғун мебошад. Аз масъалаи сирф иқтисодӣ вай тадриҷан ба мушкилот табдил меёбад, ки аз рӯи гуфтаҳо  ҳалли ин кӯргиреҳ имконнопазир аст.
Вале зиндагӣ қонуну қоидаҳои худро дорад. Зимистон қаҳратун мешавад. Талабот ба нерӯи барқ меафзояд ва норасоии он бештар мегардад. Ҷое нест, ки аз он нерӯи барқ гирем. Ва аз ин рӯ ҳамаи саволҳо вобаста ба он ки сохтмони НБО-и Роғунро идома бахшем  ё не, ба суханпардозӣ табдил меёбанд. Ин аллакай ба масъалаи ҳаёт ё мамот табдил ёфтааст.
Маҳз барои ҳамин ҳам ба Тоҷикистон сохта буд кардани НБО-и Роғун – нерӯгоҳи бузургтарин дар байни силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш хеле зарур ва ҳам муҳим аст. Ба ҳамин тариқ мо на танҳо камбудии нерӯи барқро бартараф месозем, балки баҳри рушди истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорем ва ҳам содироти барқро ба кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон, Эрон ва Покистон ба роҳ мемонем. Барқарорсозии истеҳсолоти дохилӣ ва афзун намудани шумораи ҷойи кор дар мамлакат ба рушди соҳибкории хурду миёна шароити мусоид фароҳам меорад ва ин боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати иҷбории меҳнатӣ мегардад.
Оё Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳуқуқи сохтани НБО-ро дорад ва ҳам дар чунин ҳолат ягон хел мутобиқсозӣ талаб карда мешавад? Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи СММ Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва аз ин рӯ дар чорчӯбаи созишномаҳои байналмилалӣ, ки ба онҳо имзо гузоштааст ё ҳамроҳ гардидааст, ҳуқуқ дорад дар ҳудуди худ дилхоҳ фаъолияти хоҷагидорӣ барад, мустақилона аз захираҳои табиат истифода намояд.
Зикр месозем, ки то қабули қарор дар хусуси бо қувваи худ анҷом додани сохтмони НБО-и Роғун, чандин солҳо бо гуфтушунидҳо бо кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ паси сар шуданд. Аз рӯи далелҳои дар даст буда метавон гуфт, ки шариконе, ки ба Тоҷикистон дар бобати идома бахшидани сохтмони НБО ёрӣ додан мехостанд, дигар мақсад доштанд. Нияти онҳо мустаҳкам намудани мавқеи иқтисодию сиёсиашон дар Осиёи Марказӣ, дастёбӣ ба иншооти азими саноатӣ – Заводи алюминийи тоҷик буд ва ҳамчунин ба манбаи арзони нерӯи барқ, ки ба кишварҳои ҳамсояи хориҷӣ содир карданаш имкон дошт.
Бинобар он дар ҳалли ин гуна мушкилот доштани шарикони боэътимод хеле муҳим аст. Бо ин сабабҳо Тоҷикистон дар он солҳо дар ҷустуҷӯи шарикони боэътимод буд, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ, ки аз ӯҳдаи маблағгузории сохтмони НБО-и Роғун мебаромад. Бо ҳар роҳ мекӯшид, ки маблағи дигар кишварҳоро ба харидани барқи дар ин НБО истеҳсолшаванда ҷалб созад. То ин давра, новобаста ба мушкилоти зиёди дохиливу хориҷӣ, Тоҷикистон барои нигоҳ доштани иншоотҳои пештар сохташудаи НБО-и Роғун аз буҷети худ  садҳо миллион сомонӣ маблағ ҷудо мекард. Мақсади идома додани сохтмони НБО-и Роғунро Тоҷикистон ягон вақт пинҳон надоштааст, аз ин рӯ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ барои ҳалли ин мушкилот ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуда, дасти ёрӣ талаб кард. Ҳанӯз дар соли 1992 созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи электрӣ, ки идомаи кори сохтмони НБО-и Роғун ва кашидани хати нерӯи барқро то сарҳади Покистон дар назар дошт, ба имзо расида буд. Вале вазъи баамаломада имкон надод, ки лоиҳа ба итмом расонда шавад.
Соли 2004 Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддат байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Русский алюминий» ба имзо расид, ки сохта ба истифода додани навбати якуми НБО- и Роғунро низ дар назар дошт. Нияти неки худро ҷомаи амал пӯшонида, соли 2007 Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат намуд, ки ташхиси техникию иқтисодии лоиҳаи НБО-и Роғунро гузаронад. Лоиҳа барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии дохили кишвар аҳамияти беандоза дошт, вале барои ба иҷро расондани сохтмон маблағи бузурге зарур буд. Инчунин мӯҳлати дарози корҳои сохтмонӣ ва талофии (хароҷотбарорӣ) лоиҳа бе созмондиҳии консорсиуми байналмилалӣ ва ҷалби инвесторҳои дигар бунёди НБО-и Роғун душвор буд. Пешниҳодҳои расмии Ҳукумат дар бораи ҳамроҳ шудан ба чунин консорсиум ба ҳамаи мамлакатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ фиристода шуда буданд.
Айни замон ба идеяи миллӣ табдил ёфтани сохтмони НБО-и Роғун аз хоҳиши яклаҳзаинаи роҳбарони кишвар маншаъ нагирифтааст, балки дар асоси талабот ва иродаи ҳамаи сокинон, кулли халқи тоҷик, ки дигар намехоҳад азоби алим кашад ва дар шароити вазнини иқтисодию сиёсии баамаломада қашшоқ бимонад, пайдо гаштааст. Мехоҳад аз имкониятҳои табиате, ки Парвардигор бахшидааст, барои истеҳсоли нерӯи барқи арзон истифода барад.
Бовар надорам, ки дар дунё як сиёсатмадор ё ҳуқуқдон пайдо мешаваду ба ин хоҳиши халқи тоҷик ё дилхоҳ миллати дигар хати батлон мекашад. Охир халқҳое ҳастанд, ки барои сарфаи хароҷоти нақлиёт аз роҳҳои баҳрӣ истифода мебаранд ва ҳамаи кишварҳои назди соҳилҳо аз соҳаи моҳидорӣ фоидаи зиёд ба даст меоранд. Дар шароити бӯҳрони энергетикӣ мамлакатҳои ҳамсоя ба шарофати бойигариҳои миллӣ, аз ҷумла конҳои худододаи ангишт, тилло, нафту газ некӯаҳволии худро дар сатҳи баланд нигоҳ медоранд. Охир дар баъзе давлатҳо барои қонеъсозии талаботи дохилии соҳаи кишоварзӣ каналҳои зиёди обёрӣ ва қад-қади дарёҳои Осиёи Марказӣ кӯлҳои сунъӣ сохтаанд ва барои ин аз касе ё созмоне иҷозат нагирифтаанд.
Тоҷикистон оё мехоҳад, ки бо пиёдасозии лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун ба ягон кишвар ё мамлакатҳои ҳамсоя таъсири манфӣ расонад? Посух ба ин пурсиш фақат якто буда метавонад: не. Кишвари мо танҳо мехоҳад аз истифодаи захираҳои обии қаламраваш суде ба даст орад.
Тоҷикистон то ҳол ягон маротиба ҳатто дар чаҳорчӯбаи минтақаи худ мутакаббирӣ накардааст. Зиёда аз ин, кишвари мо, ки дар маркази қитъаи хушки АврОсиё ҷойгир асту ба баҳр роҳи баромад надорад, пурра дар тобеияти нақлиётии ҳамсояҳои худ қарор дорад. Бозори дохилии Тоҷикистон дар кашонидани ғалла, маҳсулоти нафтӣ ва дигар молҳои ҳаётан зарур аз роҳҳои мамлакатҳои ҳамсоя вобаста аст.
Аз ин рӯ ҳар як нофаҳмии ба амали ин ё он давлат алоқаманд, ба болоравии таваккал карданҳои соҳибкорони кишвари мо ва ҳамчунин ба афзоиши арзиши истеъмолии молҳои бозорҳои дохилӣ сабаб мегардад. Ба монанди маҳдудсозии раводидӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар муносибат бо шаҳрвандони хориҷӣ ба дуршавии халқҳо ва давлатҳо аз ҳамдигар, гум кардани дӯстӣ ва боварии байни онҳо сабаб мешавад.
Ҳамин тариқ, мутобиқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории миллӣ Тоҷикистон барои бунёди НБО-и Роғун дар қаламрави худ ҳуқуқи комил дорад ва метавонад аз нерӯи барқи он баҳри манфиати халқ истифода намояд.
Барои дида баромадани ҳуқуқи Тоҷикистон ба идома бахшидани сохтмони НБО-и Роғун аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалии замони муосир мо зарур мешуморем, ки ба системаи созишнома ва шартномаҳои байналмилалӣ оид ба об сайри кӯтоҳ намоем.
Ҳуқуқи асосии ҳамаи давлатҳо мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ озодона истифода бурдани захираҳои табиат, аз ҷумла об ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқдони байналмилалии маъруфи рус А.Я.Капустин чунин зикр кардааст: «Ин ҳуқуқ баҳснопазир, дахлнопазир ва доимӣ мебошад, зеро аз истиқлолияти давлат ба захираҳо, ки дар қаламрави давлатӣ вуҷуд доранд, маншаъ мегирад».
Чунин ҳуқуқ дар чандин қарорҳо ва амрҳои СММ ва ҳамчунин дар санадҳои шартномавии байналмилалии батасвибрасида муайян гаштааст.
Аз рӯи маълумоти СММ дар таърих на кам аз 400 созишнома будааст, ки истифодаи обро ҳамчун захираи табиат ба танзим меовардааст. Новобаста ба шумораи зиёди созишномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои истифодабарии обҳои байнисарҳадӣ то вақтҳои наздик санади универсалии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки бояд қонунҳо ва меъёрҳои асосии рафтори давлатҳоро дар ин соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ба низом медаровард, набуд ё гуфтан мумкин «ҳуқуқи байналмилалии захираҳои обӣ» вуҷуд надошт.
Дар асоси омӯзиши шартномаҳои байналмилалӣ, урфу одатҳо, таҷрибаи суди байналмилалӣ созмони байналмилалии ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи байналмилалии ҳуқуқ (АБҲ) дар соли 1966 дар Ҳелсинкӣ дар яке аз иҷлосияҳои худ санадеро бо номи «Қоидаҳои истифодабарии оби дарёҳои байналмилалӣ» таҳия ва қабул кард, ки сипас қоидаҳои Ҳелсинкӣ унвон гирифт. Ҳарчанд қоидаҳои муқарраргашта ҳамчун тавсия пешниҳод мегарданд ва барои ягон давлат иҷрояшон ҳатмӣ нест, онҳоро чун инъикоси ҳуқуқҳои одии байналмилалӣ, ки дар натиҷаи таҷрибаҳои зиёди давлатҳо ҳосил шудааст, дида баромадан мумкин аст.
Ин қоидаҳо дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми таҳияи созишномаҳои зиёд ҳамчун асос истифода шудаанд, аз ҷумла дар шартномаи ягонаи ин соҳа – Конвенсияи СММ дар бораи истифодаи оби равони киштиногарди байналмилалӣ (соли 1997). Дар маҷмӯъ меъёрҳои умдаи ҳуқуқҳои байналмилалии захираҳои обӣ – қоидаҳои дурандешона ва боадолатона истифодабарии оби равони байналмилалӣ ва қоидаҳои нарасонидани зарари зиёд ба оби равони дигар давлат – дар Конвенсия инкишоф дода шуд ва мушаххас гардид.
Вобаста ба НБО-и Роғун метавон гуфт, ки дар кишвари мо, ки дар ҳудудаш тахминан 60 фоизи обҳои равони Осиёи Марказӣ рост меояд, ҳамагӣ қариб 8-10 фоизи ин об истифода мегардад, ҳол он ки мамлакатҳои ҳамсоя 70-80 фисади обро истифода мебаранд, ки ин аз «дурандешона ва оқилона истифодабарии об» фарсахҳо дур аст.
Дар баробари ин дар ин ҳуҷҷат меъёрҳои дигари хеле муҳим, аз он ҷумла ӯҳдадории умумии ҳамкорӣ ҳангоми истифодабарии оби равони байналмилалӣ, низомномаи ҳифз ва нигоҳдории системаи экологии оби равон, ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ ва ғайра ҷой гирифтаанд. Барои Осиёи Миёнаи камоб инчунин меъёрҳои оқилона истифодабарии об, банақшагирӣ ва мутобиқсозии фаъолияти кишоварзӣ, ки кишти зироатҳои обталабро маҳдуд месозанд, хеле манфиатбахшанд. Ҳамин тариқ барои минтақаи Осиёи Миёна хусусиятҳои истифодабарии об маълум карда мешаванд, ки онҳо бояд дар созишномаҳои дуҷониба инъикос гарданд.
Низомномаи Конвенсия табиатан хусусияти умумӣ дорад ва барои ҳамчун модули намунавӣ истифода бурдан пешниҳод гаштааст, масалан ҳангоми таҳияи созишнома оиди оби равони мушаххас бо назардошти ҳолатҳои хоса ва талаботи ин ё он ҳавза ва ё минтақа истифода шуданаш мумкин аст. ӯҳдадории калидии кишварҳои қад-қади дарёҳо бастани созишномаҳои дуҷониба, сеҷониба, бисёрҷониба ё дигар шартномаҳои онҳо дар бобати тақсимоти оби равони мушаххас ба ҳисоб меравад.
Дар замони иттиҳоди ягонаи давлатҳо (Иттиҳоди Шӯравӣ) ҳамаи обанборҳои Осиёи Миёна асосан барои обёрии зироатҳо ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ истифода мешуданд ва дар маҷмӯъ воситаи ба обанборҳои хурд дараҷаи танзимгардидаи шоридани об таъмин мегашт. Зеро талабот ба барқ ва дигар талаботи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз ҳисоби нерӯи барқ ва таҳвили молҳои дигар минтақаҳо таъмин мегардид. Имрӯз гирифтани нерӯи барқ ва молҳо ба ивази об вуҷуд надорад, ҳарчанд танзими оби равон тавре ки буд, боқӣ мондааст. Аз ин рӯ қонунист, ки давлатҳои соҳиби обанборҳо, ки имконияти истеҳсоли нерӯи барқи арзонро гум мекунанд, бояд товони муносибро бигиранд.
Сарфи назар аз он ки дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ то ҳол оиди ҳамкорӣ дар истифодабарии оби дарёи Ому созишнома нест, мақомоти давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ӯҳдадориҳои худро, ки дар ҳуҷҷатҳои СММ пешбинӣ шудаанд, пурра иҷро мекарданд, ҳамсояҳои худро оиди чорабиниҳои дарназардоштаи соҳаи об огоҳ менамуданд.
Кишварҳои истифодабарандаи об, ки дар поёни Омударё домон густурдаанд, аз сиёсати энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин эҳтимол аз Афғонистон низ вобастаанд. Бинобар он дар алоқамандӣ бо қоидаҳои созишномаҳои обии СММ ҳамин давлатҳо дар истифодабарии муттафиқонаи захираҳои оби ин дарё дар тақсимоти он бо баҳисобгирии ҳуқуқи байналмилалии об дар асоси эҳтироми тарафайн ва боварӣ, ҳамкории қобили қабул бояд манфиатдор бошанд. Ба имзо расонидани созишномаҳои мувофиқи ду ва бисёрҷониба имкон медиҳад, ки ҳамаи фоида ва зарарҳои дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳои иқтисодию иҷтимоӣ баамаломада аниқ ҳисобу китоб шаванд ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ оид ба об мушаххас гарданд.
Аниқ аст, ки ягон давлати минтақа оиди фоида ва зарари аз истифодаи об ба иқтисодиёти миллӣ расида чунин ҳисоботи муфассал ва мураккабро нагузаронидааст. Айни замон, рӯшан пешниҳод кардани фоида ва зарар яке аз роҳҳои ҳақиқатан воқеии наздикшавии мавқеъҳо ва бароҳмонии ҳамкории байни давлатҳо оид ба масъалаҳои идораи якҷояи захираҳои обӣ ва энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамаи ин гуфтаҳо ду хулосаи муҳим баровардан мумкин аст. Якум. Мушкилоти НБО-и Роғун, ки ҳуқуқи байналмилалӣ мураттаб сохтааст, бо ҳама гуногуниаш чунин лоиҳаро манъ карда наметавонад. (Барои рӯшанӣ андохтан зикр менамоем, ки маҷмӯи иншооти гидротехникии Роғун дар дарёи дохили кишвар, ки вазъи ҳуқуқи байналмилалии он амалан тафсир нашудааст, сохта мешавад).
Дуюм. Созишномаи муайянкунандаи асосҳои ҳуқуқии истифодабарии об ва кафолати системаи обрезии байналмилалӣ бо кишварҳои ҳамсоя имрӯз вуҷуд надорад. Дар робита ба ин чунин меҳисобем, ки барои ҳалли мадании мушкилоти об дар Осиёи Миёна ба давлатҳои манфиатдор зарур аст, ки асосҳои ҳуқуқии истифодаи якҷояи обро таҳия намоянд, ки он аз ҷумла масъулияти мамлакатҳои болооб ва поёноби дарёи Омуро баҳри истифодаи самараноки об ба мақсадҳои энергетикӣ – ирригатсионӣ, истифодаи оқилона ва фоидаовари об; нигоҳ доштан ва барқарор намудани системаи экологӣ дар асоси Конвенсияи Ҳелсинкӣ ва хусусиятҳои хоҷагидории минтақаро дар назар дошта бошад.
Танҳо дар ҳамин ҳолат манфиати ҳамаи давлатҳои истифодабарандаи об ба ҳисоб гирифта мешавад. Муносибатҳое, ки ба истифодабарии дарё алоқаманданд, мушаххас гаштанд, ваколатҳои ҳар давлати қад-қади дарё оид ба истифодабарии об муайян шуданд, ҳамчунин ҳаҷми маблағи пардохт барои хизматрасонӣ дар байни давлатҳое, ки ба истеъмоли маҷрои Омударё алоқаманданд, муқаррар гардиданд.
Ба наздикӣ мушкилоти авлавиятҳои сиёсати энергетикии Тоҷикистон дар ҳошияи сохтмони иншооти гидротехникии Роғун дар конгреси ҳуқуқи АврОсиё баррасӣ гардид. Дар мубоҳисаҳо оид ба ин масъала зикр шуд, ки мушкилоти ба ин монанд дар дигар кишварҳо зуд ва самаранок ҳалли худро ёфтаанд.
Дар мо бошад, ба ҷои гуфтушуниди оқилона бо намоишкорона бастани пеши роҳи нақлиёт, боздошти қатораҳо ва дигар хусусиятҳои муҳосираи иқтисодӣшакли кӯҳнаи баҳс «чаро аз ман напурсидӣ?» ба миён меояд.
Ман намехоҳам фикр намоям, ки чунин ҳолат муддати чанд идома меёбад. Замонаи сиёсати зӯроварӣ кайҳо паси сар шудааст. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст ва мувофиқи имконият мушкилоти иқтисодиашро мустақилона ҳал менамояд ва Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мо чунин ҳуқуқро медиҳад – ҳуқуқ ба зиндагиро.

Шавкат ИСМОИЛОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед