logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Истаравшан, 9 июли соли 2010

Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар навбати аввал, мехоҳам ба ҳамаи шумо ва тамоми сокинони заҳматпеша ва сарбаланди шаҳри бостонии Истаравшан, ки воқеан суннатҳои азалии мардуми соҳибтамаддуну фарҳангпарвари моро дар  тӯли ҳазорсолаҳо побарҷо нигоҳ дошта, бо ҳунармандиву меҳмоннавозии худ номвар гаштаанд, барои истиқболи самимона арзи сипос намоям.
Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки мо ба мақсади шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардуми кишвар ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои ҳукумат рӯзҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарҳои корӣ доштем.
Дирӯз дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва имрӯз дар шаҳри Истаравшан мушоҳида менамоем, ки заҳматҳои мардуми ватандӯсти мо беш аз пеш натиҷа медиҳанд ва мо ба шарофати вусъат пайдо кардани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлатамон ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии халқи худ ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаем.
Ду сол қабл, дар мулоқот бо шумо ҳангоми ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи "Оби зулол" зикр карда будам, ки мо мушкилоти энергетикиро тадриҷан бартараф хоҳем кард. Тирамоҳу зимистони гузашта худи шумо эҳсос кардед, ки таъминоти барқ дар вилоят, инчунин шаҳри Истаравшан нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар шуд.
Бояд гуфт, ки ин, пеш аз ҳама, ба шарофати ба истифода дода шудани хати интиқоли барқи "Ҷануб - Шимол" ва ташаккули шабакаи ягонаву мустақили энергетикӣ дар мамлакат, инчунин дар натиҷаи гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ муяссар гардид.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", ки  соли оянда сурат мегирад, инчунин таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда ва бунёди як силсила нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ вазъи таъминот бо барқ дар қаламрави вилоят дар фасли сармо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.
Барои беҳбудии вазъи таъминоти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мо ҳоло сохтмони хатҳои интиқоли барқро идома дода истодаем. Дирӯз дар деҳаи Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ як нерӯгоҳи хурди барқи обиро ба истифода дода, дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ба бунёди зеристгоҳи барқи 220-киловолтаи Хуҷанд  - Айнӣ оғоз бахшидем.
Хулоса, мо тамоми имкониятҳоро ба он равона кардаем, ки мардумамонро дар солҳои наздиктарин аз мушкилоти энергетикӣ барорем ва дилпур ҳастем, ки ба ин ҳадафи худ, албатта, бо такя ба муттаҳидиву ваҳдати халқи сарбаланд, солор ва таҳаммулгароямон ҳатман мерасем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки тамоми мушкилоти роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанакро мо дар мӯҳлатҳои наздик ҳаллу фасл карда, онро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ месозем ва рафтуомади доимиву бехавфи нақлиётро миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Истаравшан ва тамоми минтақаҳои кишвар таъмин менамоем ва ин дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон иқдом ва дастоварди бузург хоҳад гашт.
Бо қаноатмандӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар нақби Шаҳристон, ки дирӯз дар ҷараёни боздиди он мушоҳида кардем, ҳоло мехоҳам ба маълумоти шумо ва кулли мардуми кишвар расонам, ки навбати аввал, яъне шакли хомакии он баъди шаш моҳ, яъне дар охири соли ҷорӣ ва ибтидои соли 2011-ум омода карда мешавад. Доир ба таъмини ҳаракати доимии нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия супориш додам, ки онро дар ҳолати мӯътадили корӣ нигоҳ дошта, доир ба пешгирӣ ва бартараф кардани ҳар гуна кирдорҳои номатлуби роҳсозон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар самти ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар низ ба пешрафтҳои муайян ноил гардида истодаем. Имрӯз тамоми халқи Тоҷикистон гувоҳанд, ки муроҷиатномаҳои Сарвари давлат ва тадбирҳои андешидаи ҳукумат доир ба истифодаи самараноки замин, вусъат додани кишти такрорӣ, зиёд гардонидани майдони кишти ғалладона ва захираи дусолаи ғаллаву дигар маводи ғизоӣ натиҷаҳои нек ба бор оварданд. Аз ҷумла, зиёд гардидани истеҳсоли ғалла ва дар давоми сол ду баробар паст шудани нархи орду гандум самараи он мебошад. Ва мо бояд бо ин хотирҷамъ нагардида, барои истифодаи самараноки замин, бахусус заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани коркарди саноатӣ ва содироти он ҳарчи бештар кӯшишу талош намоем.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин бобат заҳматкашони шаҳри Истаравшан имконияту захираҳои мавҷударо мавриди истифодаи ҷиддӣ қарор медиҳанд. Имсол кишоварзон дар майдони 1200 гектар ғалладона, 1150 гектар сабзавот ва беш аз 900 гектар картошка кишт карда, зиёда аз 220 гектар токзор ва 90 гектар боғи нав бунёд намуданд. Умед аст, ки онҳо дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани парвариши зироатҳо ва боғҳои мавҷуда ҳосили зиёд ба даст оварда, ҳам дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳам дар афзудани иқтидори содиротии мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Доир ба беҳбудии вазъи мелиоративии заминҳои кишт ҳукумати мамлакат ҳамасола тадбирҳои зиёдро амалӣ менамояд. Дар доираи чорабиниҳои андешида аз ҷумла, дар қаламрави шаҳри Истаравшан танҳо соли ҷорӣ 6 чоҳи нави амудӣ кофта шуда, ҳолати мелиоративии беш аз 100 гектар замини обӣ беҳтар ва  100 гектар замини боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадоранд, ки масъалаҳои вобаста ба обёрии саривақтии киштзорҳо ва ба эътидол овардани вазъи мелиоративии заминҳоро зина ба зина ҳаллу фасл намуда, доир ба рушди соҳаи  кишоварзӣ,  ба таври васеъ ба роҳ мондани коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла сохтмони корхонаҳои коркарди мева, ки лоиҳаи яке аз онҳо таҳти унвони "Меваҳои хушки Истаравшан" ҳанӯз соли 2008-ум таҳия ва барои таъминоти 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ пешбинӣ гардида буд, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар робита ба бунёд ва ташкили корхонаҳои саноатӣ, инчунин аҳамияти онҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар мулоқоти гузашта бо шумо андешаҳои худро баён карда будам ва ҳоло мехостам зикр намоям, ки ҷиҳати паст кардани сатҳи вобастагии кишварамон аз воридоти маҳсулоти саноатӣ зарурати ташкил ва вусъати истеҳсолоти худӣ аҳамияти торафт муҳим касб мекунад. Худатон қазоват намоед, ки танҳо дар давоми панҷ моҳи соли равон ба шаҳри Истаравшан ба маблағи зиёда аз 485 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид ва фақат ба андозаи 73 миллион сомонӣ содир карда шудааст, ки ин таносуб аз ҳад зиёд мебошад. Ба таври дигар гӯем, фақат аз шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ, яъне асъори хориҷӣ берун аз кишвар бароварда шуда, танҳо беш аз шонздаҳ миллион доллар ворид гардидааст.
Дар сурати ташкил кардан, фаъол гардонидан ва вусъат додани истеҳсолоти худӣ мо дар баробари афзун сохтани иқтидори иқтисодии давлат, инчунин бо роҳи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми худро таъмин карда метавонем. Мо медонем, ки дар шаҳри Истаравшан соҳибкорону тоҷирони ташаббускору ҳунарманд, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус зиёданд ва онҳо барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ободсозии диёри худ имкониятҳои зиёд доранд. Дар ин маврид, метавон мисолҳои зиёд овард.                 
Имрӯз мо аз Маркази хизматрасонӣ ва савдои "Садбарг", дармонгоҳи хусусии "АВИС", ки аз ҷониби чунин ашхос сохта шудаанд ва аз мактаби ба тариқи ҳашар  бунёдкардаи сокинони деҳаи Найман дидан карда, ба ин бори дигар итминон ҳосил намудем. Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Истаравшан зарур аст, ки ҷиҳати рушди бахши хусусии истеҳсолот ҳамкориро бо соҳибкорон ҳарчи бештар тақвият бахшида, бо дастгириву додани афзалияту имконияти зиёдтар ба онҳо бунёд ва ташкил кардани корхонаҳои истеҳсолиро таъмин намоянд.
Мо барои дастгирии соҳибкории хурду миёна тавассути қарзҳои бонкӣ ҳамаи чораҳоро меандешем. Масалан, танҳо дар давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба соҳибкорони Истаравшан 58,5 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як миллион сомонӣ зиёд аст.
Тавре ки шумо - ҳозирини гиромӣ медонед, барои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии шаҳри Истаравшан солҳои охир Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиёдро амалӣ гардонид. Дар доираи онҳо дар ҳудуди шаҳр як қатор биноҳои нави маъмурӣ, иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ, роҳҳо ва ҳатто корхонаҳои калони саноатӣ сохта шуданд ва симои шаҳр шукӯҳи тоза пайдо кард. Вале ин ҳанӯз нокифоя аст. Зеро дар шаҳр ҳоло бисёр масъалаҳое вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли худро тақозо менамоянд.
Аз ҷумла, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, сохтмон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани муассисаҳои тиббӣ, мустаҳкам ва ба тартибу низом даровардани сойи маркази шаҳр ва бунёди як қатор иншооти дигар аз қабили онҳо мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр зарур аст, ки проблемаҳои мавҷудаи шаҳр ва мушкилоти мардуми онро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, дар бораи тадриҷан бартараф кардани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳоло дар деҳаи Қалъачаи Гулизард аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ сохтмони мактаб барои 320 хонанда идома дошта, соли ҷорӣ азхудкунии 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони мактабҳо дар деҳаи Тӯда ва шаҳри Истаравшан ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин барои обёрӣ намудани заминҳои нав дар мавзеи Кунҷаксой азхудкунии 320 ҳазор сомонӣ ва дар соли оянда низ ҳамин қадар маблағ пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади бунёд, таъмиру азнавсозӣ ва беҳбудии шароити инфраструктураи иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла барқарорсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин тараққиёти устувори соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия 10 лоиҳаи инвеститсионӣ ва кӯмаки техникӣ ба маблағи 156 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур то имрӯз китобҳои дарсӣ бо теъдоди 134 ҳазор нусха харидорӣ шуда, таҷҳизонидани ду мактаби таҳсилоти умумии  рақамҳои 59 ва 16 барои 1116 хонанда ва бинои мактаби асосии  рақами 51 дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх барои 512 нафар хонанда ба анҷом расонида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.     
Мо медонем, ки яке аз мушкилоти асосии сокинони шаҳр норасоии манзили зист мебошад. Бо дарназардошти ин, чанде пеш Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин кардани эҳтиёҷмандони манзил 200 гектар замин ҷудо кард, ки дар ин мавзеъ як шаҳри нав сохта хоҳад шуд.
Илова бар ин, ба наздикӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат барои эҳтиёҷоти сокинони ҷамоатҳои деҳот боз 1043 гектари дигар замин ҷудо карда шуд, ки ин, албатта, талаботи оилаҳои зиёдро ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони манзил қонеъ месозад. Вобаста ба ин, ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан зарур аст, ки ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, тақсимоти дуруст ва одилонаи онҳо, инчунин дар асоси меъёрҳои қабулшудаи меъморӣ ва лоиҳаҳои муосир бунёд гардидани хонаҳои истиқоматӣ ва маҳаллаҳои навро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ҳукумати мамлакат ба хотири ободии ҳар як гӯшаву канори кишвар ва беҳбудии шароити зист ва вазъи рӯзгори мардум минбаъд низ чунин тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад кард. Дар айни ҳол бо мақсади таъминоти эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғасби замин, тамаъҷӯиву тақсимоти ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши қитъаҳои замин ба тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур ва супориш дода шудааст, ки бо дарназардошти талаботи аҳолӣ дар бораи ҷудо намудани замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба ҳукумат дархост ва ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи муқаррароти амалкунанда пешниҳод намоянд.
Дар ин замина, мо бисёр проблемаҳои мардуми кишвари худро ҳаллу фасл хоҳем кард. Дар баробари ин, тавре ки шумо огоҳ ҳастед, дар Паёми имсолаи худ  ба Маҷлиси Олӣ дар назди роҳбарони тамоми мақомоти давлатӣ вазифа гузоштам, ки ҳафтае як маротиба арзу шикояти шаҳрвандонро бевосита шунида, доир ба ҳаллу фасли масъалаву мушкилоти онҳо чораҷӯӣ намоянд ва ин кор аллакай шурӯъ шудааст. Арзу шикояти мардумро шунидан ва барои ҳалли мушкилоти халқ чораҷӯӣ кардан вазифаи бевоситаи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мебошад. Чунки роҳбар барои халқ ва дар хизмати халқ аст, на халқ барои роҳбар.
Дар навбати худ ба ҳар як фарди солимфикру бедордили миллат, аз ҷумла мардуми бонангу номуси Истаравшан низ зарур аст, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва тақвияти иқтидори давлати худ кӯшишу талош намояд. Бо рафтору гуфтору кирдори нек ва амалҳои хайру савоб, аз ҷумла кӯмак ба ятимону маъюбон, шахсони бесаробону оилаҳои камбизоат дар оромиву суботи сарзамини аҷдодиамон ва пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор гардида, меҳнату хизмати беғаразонаву содиқона ба манфиати халқу давлат, волоияти қонун, риояи ҳатмии қонуният, аз ҷумла қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ва сарфаю сариштакориро дар тамоми самтҳои зиндагӣ меъёри ҳаррӯзаи ҳаёти хеш қарор диҳад. Зеро танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем, Ватанамонро обод, кишварамонро пешрафта ва сатҳи зиндагии мардумамонро боз ҳам беҳтар гардонем.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланд ва ватандӯсту ватанпарвари шаҳри бостонии Истаравшан чун гузаштагони ҳунарманду заҳматпеша ва бофарҳангу соҳибмаърифати худ минбаъд низ дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат пешсафу пешоҳанг хоҳанд буд.
Бо ҳамин умед ба ҳамаи шумо - ҳозирини арҷманд ва дар симои шумо ба кулли сокинони шаҳри Истаравшан барори кору баракати зиндагӣ ва рӯзгори хушу осуда мехоҳам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед