logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби нави рақами 53 ва мулоқот бо мардуми ноҳияи Восеъ, 24 августи соли 2010

Омӯзгорон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!  

Имрӯз мову шумо шоҳиди ифтитоҳи бинои боз як мактаби наву замонавӣ гардидем, ки ба толибилмони ноҳия дар остонаи соли хониши  2010-2011 ҳамчун тӯҳфаи идона тақдим мегардад. Бинобар ин, ҳамаи шуморо нахуст бо Рӯзи дониш, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад ва сониян ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мактаби нав самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз бунёди мактабҳои нав, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, ки дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ мегардад, ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои саводу дониши замонавӣ гирифтани хонандагон ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисосу кордон ба камол расонидани онҳо мебошад.
Зеро танҳо ба воситаи илму маориф метавон нуфузи мамлакатро баланд бардошт ва бо номи фарзандони донишманду ихтироъкор миллату давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Чунонки муаллими бузурги ахлоқ Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» мефармояд, «Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат». Ин ҳикмати ҷовидонаи Саъдӣ имрӯз низ арзиши ниҳоят баланд дорад ва бахусус дар давраи давлатдории навини мо дорои аҳамияти бузург мебошад. Чунки бе тиҷорат молро наметавон гардиш дод ва аз он суд бардошт,  мулкро бе сиёсат наметавон роҳбарӣ кард ва агар мулк бе сиёсат бошад, дар муддати кӯтоҳ аз низом мебарояд ва илм, бешубҳа, пояи он дуи аввал аст, зеро бо илм метавон ҳам тиҷоратро ба роҳ монд ва ҳам сиёсатро татбиқ кард. Ва илм зевари ботини инсоният ва машъалу фурӯғи мактаби одамият аст.
Аз ин дидгоҳ, мактаб боргоҳи илму маърифат, махзани донишу хирад ва маркази таълиму тарбия буда, парварандаи шахсият ва такмилдиҳандаи одобу ахлоқи шоиста ба ҳисоб меравад. Ва кормандони соҳаи маориф мураббӣ ва муаллими толибилмон мебошанд, ки бо донишу ахлоқи худ онҳоро ба роҳи росту дурусти таълиму тарбия ҳидоят менамоянд. Яъне одобу ахлоқ ва илму маърифат шахсияти фаъолу созанда будани инсонро муаррифӣ месозад.
Аз ин рӯ, мо соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон кардаем ва рушди пайгиронаи маорифро аз ҳадафҳои асосии худ медонем. Дар натиҷаи татбиқи ин ҳадаф ва идомаи ислоҳоти маориф солҳои охир сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон торафт беҳтару хубтар шуда истодааст.
Мо тамоми саъю талоши худро пеш аз ҳама барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо асбобу анҷоми хониш ва воситаҳои муосири техникиву технологии компютерӣ ва иттилоотӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда, дар саросари кишвар мушкилоти соҳаи маорифро зина ба зина бартараф карда истодаем.
Бинои мактаби имрӯза, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар қомат рост кардааст, дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад. Бинои таълимии дуошёнаи мактаби мазкур дорои 18 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, ошхона ва варзишгоҳ буда, барои таҳсили 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Мактаб инчунин дорои системаи алоҳидаи гармидиҳӣ мебошад ва дар он ангишт истифода мегардад, ки ин яке аз роҳҳои нисбатан арзони гарм кардани синфхонаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон мебошад.
Бояд гуфт, ки бинои нави мактаб дар доираи лоиҳаи таҷдиди маориф бо сарфи қариб чоруним миллион сомонӣ сохта шудааст. Сохтмони бинои мактаб тавассути лоиҳаи инфиродӣ амалӣ шуда, он барои озмоиш ва истифодаи минбаъда ҳамчун мактаби типи нав пешниҳод карда шудааст. Мо ба ин васила мехоҳем, ки шумораи мактабҳои типи нав дар вилояти Хатлон ва умуман кишварамон зиёд шуда, талабот ба дониш ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дучанд гардад.
Ҳоло дар назди  чандин мактабҳо барои 610 ҷои нишаст бунёди синфхонаҳои иловагӣ идома дорад, ки як қисми онҳо то аввали соли хониш ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бунёд, таҷдид ва таъмиру муҷаҳҳаз гардонидани 24 мактаби миёна, 12 синфхонаи нав ва шӯъбаи маорифи ноҳия ба маблағи қариб панҷуним миллион сомонӣ анҷом дода шуд. Ҳамзамон бо ин, 130 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харидорӣ ва дастраси хонандагон гардидааст.  
Акнун вазифаи асосии шумо-хонандагони азиз, аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар вақти худро сарфи омӯзиши фанҳои дарсӣ ва мутолиаи асарҳои      бадеӣ карда, ҳамқадами ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир, техника ва технологияҳои ҳозиразамон бошед, дар ҷодаи илму ҳунар, касбу камол саъй намоед, ба ақидаи бузургони мо, камоли ҷонро бо субҳи маърифат равшан созед     ва ҳамчун шахсони бомаърифату соҳибфарҳанг ва фаъолу созанда дар рушду тараққиёти ҷомеа саҳми арзанда гузоред.
Ҳамзамон бо ин, аз ҳузури падару модарон, устодону омӯзгорон ва роҳбарону фаъолони ноҳия истифода бурда, бори дигар таъкид менамоям, ки яке аз василаҳои асосии пешрафти кори таълиму тарбияи насли наврас ин ҳамкории доимии падару модарон ва аҳли ҷомеа  бо омӯзгорон ва мактаб мебошад.
Аз устодону омӯзгорон низ тақозо мегардад, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълим ва корҳои тарбиявӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки тақдири созандагони ояндаи ҷомеа ва давлат дар дасти онҳост.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз як қатор мушкилот мавҷуданд ва бояд тадриҷан ҳалли худро ёбанд. Аз ҷумла, мактаб-интернат ва як қатор мактабҳои дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Инчунин биноҳои панҷ мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар мактаби рақами 51, ки шумораи хонандагонаш аз ҳазор нафар зиёд мебошад, як қисми онҳо дар вагонҳо таҳсилро идома дода истодаанд. Ҳоло дар мактабҳои ноҳия беш аз 9 ҳазор миз, 18 ҳазор курсӣ ва асбобу ашёи аёнӣ ва лабораторӣ намерасад.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки як ҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ камбудиҳои ҷойдоштаро ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда, ҷиҳати  ҳарчи зудтар бартараф кардани онҳо, аз ҷумла таъмин кардани мактабҳои ноҳия бо асбобу васоили хониш, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо дар ҷараёни сафари худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Восеъ, тасмим гирифтем, ки бо роҳбарону фаъолони ноҳия ва намояндагони мардум мулоқот карда, аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯзгори мардум, ҷараёни кишти такрорӣ, корҳои ободиву созандагӣ, ҳолати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони омадаистода ва дигар масъалаҳои шаҳру ноҳияҳо огоҳ гардем ва доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҷӯӣ намоем.
Дар ин маврид бояд гуфт, ки ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии маошу нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, аз иҷрои нақшаҳои андоз вобаста мебошад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз дар ноҳияи Восеъ нақшаи 7 намуди андоз иҷро нашудааст, ки дар натиҷа ба буҷети ноҳия 340 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ба буҷети ноҳия 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ зарур аст, ки барои таъмин намудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст.
Ҳоло дар ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи инвеститсионии ҳукуматӣ идома дорад, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо қариб 80 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи онҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии иншооти харобшудаи гидротехникӣ, беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳо, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва таҳкими инфраструктураи коммуналӣ иҷро шуда истодаанд.
Шумо хуб медонед, ки кишоварзӣ соҳаи асосии ноҳия мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳафт моҳи соли 2010 маблағи 106 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2009-ум 101,5 фоизро ташкил кард.
Вале бо вуҷуди ин, дар соҳаи кишоварзии ноҳия  ҳанӯз як қатор норасоиву масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд.
Аз ҷумла, дар масоҳати 4850 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба  дурнамо 71 фоизро ташкил дода, дар муқоиса бо соли гузашта 545 гектар кам мебошад.
Илова бар ин, дар хоҷагиҳои ноҳия дар соли ҷорӣ зиёда аз 500 гектар замини корам, аз ҷумла 400 гектар замини обӣ, бо сабабҳои ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ ба заминҳои партов мубаддал шудааст. Масоҳати заминҳое, ки ҳолати мелиоративии онҳо ғайриқаноатбахш мебошад, 1200 гектарро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин дигар сохтору мақомоти дахлдор зарур аст, ки доир ба рафъи камбудиҳои зикршуда чораҳои қатъӣ ва бетаъхир андешанд. Инчунин Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бояд оид ба масъалаи мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб, ки ҳар сол боиси хисороти калони молӣ мегардад, инчунин доир ба сифати корҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохторҳои дахлдор тадбирҳои муассир андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии худ ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди пайгиронаву устувори соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг афзалият медиҳад.
Аз соли 2008 инҷониб дар вилояти Хатлон татбиқи лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ бо маблағи умумии зиёда аз 70 миллион сомонӣ идома дорад, ки дар доираи он дар ноҳияи Восеъ низ як қатор корҳо анҷом дода шудаанд.  Вале бо вуҷуди чораҳои то имрӯз амалигардида масъалаи тандурустии аҳолии деҳаҳои алоҳида, аз ҷумла масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил, ҳанӯз ҳам нигаронкунанда мебошад.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия ҳанӯз вазъи хизматрасонии тиббиву сифати он ва шароити на ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ хуб аст. 27 бунгоҳи тиббӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва вагонҳо ҷойгир шудааст, ки дар онҳо шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ ташкил карда нашудааст.
Бинобар ин, аз Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ талаб карда мешавад, ки фаъолияти худро дар самти ташкили шароити зарурӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо, имкониятҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ сохта, ба истифода додани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, инчунин таъмиру тармими муассисаҳои тиббии мавҷуда, ташкили бозомӯзии кормандони тиб, таъминоти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва пешгирии бемориҳои сирояткунанда, дар навбати аввал бемории сил,  тадбирҳои ҷиддӣ ва бетаъхир андешанд.
Тавре ки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, чанде пеш Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО,  бо қарори махсуси худ ёдгории таърихии Саразми шаҳри Панҷакентро ба феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид кард, ки ин рӯйдод, бешубҳа, боиси ифтихори ҳар як шахси бедордилу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти кишварамон мебошад. Зеро ин иқдом эътирофи таърихи 5500-солаи мардуми мо аз ҷониби чунин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Дар ноҳияи Восеъ низ даҳҳо ёдгории таърихиву бостонӣ ва меъморӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, ёдгориҳои шаҳраки Ҳулбук, Дашти дилӣ, Имом Алӣ ва Кафтархона, ки ба асрҳои 11-13 мансуб мебошанд, арзиши таърихии ниҳоят баланд доранд, ки ин масъаларо олимони мӯътабари ҷаҳонӣ борҳо таъкид кардаанд.
Аз ин рӯ, ба Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои дахлдор зарур аст, ки барои ҳифзи минбаъдаи ёдгориҳои таърихиву меъмории кишвар, аз ҷумла ноҳияи Восеъ, таъмиру тармими онҳо ва барои тарбияи ифтихори миллии наслҳои ҷавон истифода бурдан ва дар айни замон ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани онҳо тадбирҳои судманд андешанд.
Умед дорем, ки сокинони меҳмондӯсту заҳматписанди ноҳияи Восеъ минбаъд низ тамоми қуввату ғайрати худро барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон сарф мекунанд. Зеро соли оянда дар кишвари мо ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ, яъне 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад.
Ҳарчанд ки мо дар масири ду даҳсола дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба хеле пешрафтҳо ноил шудем, вале ҳанӯз аз дастовардҳои худ қаноатманд нестем. Зеро мо боз бисёр масъалаҳои ҳалталаб дорем ва бояд барои беҳтар намудани ҳаёти ҷомеаи кишварамон бисёр саъю талош намоем.
Ин вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии ҳар кадоми мову шумо - роҳбарону фаъолони тамоми кишвар, аз ҷумла мардуми сарбаланди ноҳияи Восеъ, мебошад.
Мо бояд шукрона кунем, ки Ватани озоду соҳибихтиёр дорем ва дар айни замон фаромӯш насозем, ки масъулият барои ободиву пешрафти Ватани аҷдодӣ низ бар дӯши ҳар кадоми мо қарор дорад.
Ман ба ғайрату ҳиммат, нангу номус ва ҳисси баланди ифтихори миллии мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла шумо – сокинони ноҳияе, ки номи яке аз фидоиёни миллат, яъне Восеъро ба худ гирифтааст, итминони комил дорам.
Дар охир бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои мактаби нав ва Рӯзи дониш, инчунин ҷашни нуздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба толибилмони ин боргоҳи маърифат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи намунавӣ ва ба сокинони сарбаланди ноҳияи Восеъ барори кору рӯзгори осуда орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3177
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед