суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 7 моҳи соли 2010-ум ва вазифаҳои минбаъда, 25 августи соли 2010
Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мову шумо моҳи июн дар шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада, дар баробари таҳлилу баррасии вазъи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ инчунин як қатор масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлонро мавриди муҳокима қарор дода будем ва дар асоси дастуру супоришҳои додашуда нақшаи чорабиниҳо низ таҳия ва тасдиқ гардида, ба тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иҷро фиристода шуда буд.
Ҳамчунин як моҳ пеш баъди шиносоӣ бо вазъи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрда, як қатор масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таъмини ҳарчи беҳтари амнияти озуқавории кишварро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон мебошад, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ баррасӣ карда будем.
Бо вуҷуди ин, баъди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар ҳафт моҳи гузашта тасмим гирифтем, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон – истиқлолияти давлатӣ аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид ба амал оварда, имрӯз якҷо бо шумо – роҳбарону масъулон ва мутахассисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва ҷараёни иҷрои амру фармонҳо, дастуру супоришҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакатро арзёбӣ намоем.
Таҳлил нишон медиҳад, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар ҳафт моҳи гузашта то андозае беҳтар гардидааст. Буҷети маҳаллии вилоят 105 фоиз ва нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108 фоиз иҷро шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети вилоят беш аз 79 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шудаанд.
Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷети вилоят маблағи умумии бақияпулиҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 152 миллион сомониро ташкил карда, дар давоми ҳафт моҳ 6 миллион сомонӣ афзудааст.
Аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 230 миллион сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки камбудиҳои дар самти пардохти андозҳо ҷойдоштаро бартараф карда, ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ, афзун гардонидани даромади буҷет ва истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлатиро таъмин намоянд.
Ҳамчунин ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат тавсия дода мешавад, ки фаъолияти худро дар самти пешниҳоди қарзҳо ба субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи вилоят, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин бозгашти маблағҳои бонкӣ тақвият бахшанд.
Мо бо мақсади рушди истеҳсолоти саноатӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ҷараёни барқарор кардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва ташкили корхонаҳои нави бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳазро вусъат дода истодаем. Чунки саноат яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва фишанги пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳ ба 1 миллиарду 150 миллион сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 140 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар айни замон аз корхонаҳои саноатии вилоят 133 корхона афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин намуда, 63 корхона бо суръати миёна кор кардааст ва 53 корхонаи дигар аз фаъолият бозмондааст. ҳамзамон бо ин, соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 14 корхонаи нав ташкил ва дар онҳо беш аз 500 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
Мо коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, яъне истифодаи ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллиро яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллии худ медонем. Дар ин самт дар вилояти Хатлон пешравиҳои муайян ба назар мерасанд: дар ҳафт моҳ дар корхонаҳои коркарди маҳсулот 3 миллиону 400 ҳазор қуттии шартӣ консерва истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 425 ҳазор қуттӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли маводи ғизоӣ дар як қатор корхонаҳои дигари саноати хӯрокворӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.
Бояд хотирнишон намуд, ки талаботи бозори дохилии на танҳо вилоят, балки кишварамон ба молу маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ торафт зиёд мегардад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда корхонаҳои дорои технологияи муосири истеҳсолӣ таъсис дода, ҳаҷми коркарди ашёи хоми ватанӣ бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ ҳарчи бештар афзоиш дода шавад.
Бо нерӯи барқ ва гази табиӣ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии кишвар ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Худатон медонед, ки дар фасли тобистон мо дорои нерӯи барқи фаровон ва ҳатто зиёдатӣ мебошем. Аз ин лиҳоз, бояд корхонаҳои саноатӣ дар ин давра фаъолияти худро дар ду ва се баст ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд намоянд.
Дар давоми чанд соли охир дар қаламрави вилоят бо маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории дохиливу хориҷӣ 18 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумии онҳо 1000 киловатт-соатро ташкил медиҳад. Ҳоло дар доираи барномаи бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар ҳудуди вилоят сохтмони 6 нерӯгоҳи дигар идома дорад ва дар ояндаи наздик бунёди боз 41 нерӯгоҳи хурд ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар асоси Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2009–2020 дар мӯҳлатҳои муқарраргардида бунёд кардани нерӯгоҳҳои хурдро таъмин намуда, ҷиҳати таъмиру барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла нерӯгоҳи “Норак” чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар фасли сармо аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии вилоят бо қувваи барқ ҳарчи бештар таъмин карда шаванд.
Илова бар ин, ба Вазорати энергетика ва саноат, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин беҳтар ба роҳ мондани таъминоти нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Шумо - ҳозирини гиромӣ, хуб медонед, ки сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз сатҳи рушди соҳаи кишоварзӣ - яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти вилояти Хатлон вобаста мебошад.
То аввали моҳи август дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 430 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳазор гектар кам мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар хоҷагиҳои вилоят майдони кишти зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка) нисбат ба соли гузашта 4900 гектар, зироатҳои техникӣ 6560 гектар ва пахта 7670 гектар кам шудааст.
Гузашта аз ин, майдони кишти тирамоҳии зироатҳо низ дар сатҳи соли 2008 нигоҳ дошта шудааст. Бо вуҷуди он, ки майдони умумии кишти такрорӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст, вале нақшаи имсолаи он иҷро нашудааст, яъне ба ҷои 100 ҳазор гектар ҳамагӣ дар 86 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст.
Соли ҷорӣ хоҷагиҳои вилоят дар майдони беш аз 101 ҳазор гектар пахта, аз ҷумла 665 гектар пахтаи маҳиннах парвариш карда истодаанд. Камбудиҳои соҳаи пахтакорӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро ҳангоми вохӯриҳо бо роҳбарону фаъолони вилоят, ки моҳҳои июн ва июл дар шаҳри Кӯлоб ва дар ҷараёни боздид аз сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” доир гардиданд, зикр карда будам.
Дар баробари ин, мехостам таъкид намоям, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе ноҳияҳои вилоят то ҳол моҳияти асосии пахтакориро, ки соҳаи сердаромад ва ҷойи зиёди корӣ мебошад, ба кишоварзон дуруст нафаҳмонидаанд ва дар натиҷа пахта ба зироати дуюмдараҷа табдил ёфта истодааст. Умуман, муносибате, ки солҳои охир нисбат ба пахтакорӣ зоҳир мегардад, қобили қабул нест.
Мувофиқи имкониятҳо бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар масоҳати беш аз 120 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида мешуд, вале чунон ки гуфта шуд, ин нишондиҳанда имсол нисбат ба соли гузашта 7 ҳазору 670 гектар кам гардидааст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба рушди соҳаи пахтакорӣ Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ низ чандон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. ҳол он ки бо мақсади рушди пахтакорӣ мо дар бораи аз эътибор соқит кардан ва бахшидани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакории вилоят як қатор тадбирҳоро амалӣ гардонидем.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки мо роҳҳои густариш додани соҳаи пахтакориро пайдо намуда, ҳаҷми истеҳсоли онро зиёд намоем. ҳар кадоми шумо, ки хоҷагидор ҳастед, вазъи бозори ҷаҳонии пахта ва нарху навои онро дида истодаед.
Дар чунин вазъ ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пахтакор зарур аст, ки доир ба рушди ин соҳаи муҳим тадбирҳои муассир андешида, татбиқи онҳоро таъмин намоянд.
Вилояти Хатлон дар гузаштаи начандон дур бо истеҳсоли ҳаҷми зиёди ашёи пурқимат – пахтаи маҳиннах шӯҳрат дошт ва кишоварзон аз ин навъи зироат даромади хуб мегирифтанд. Бинобар ин, бо истифода аз имкониятҳои мусоиде, ки вилоят дорад, таҷрибаи хуби гузаштаро эҳё кардан ва майдони кишти пахтаи маҳиннахро зиёд намудан ҳам ба манфиати кишоварзон аст ва ҳам ба манфиати буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят.
Ғаллакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят дар майдони беш аз 150 ҳазор гектар зироатҳои ғалладона кишт шуда, то 16-август 93,7 фоизи ҳосили онҳо дарав карда шудааст. Ба ҳисоби миёна ҳосилнокии ҳар гектар ғаллазор ҳоло 26,2 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта кам мебошад.
Гарчанде солҳои охир дар ҳудуди вилоят майдони кишти ғалладона афзудааст, вале технологияи парвариши он пурра риоя карда намешавад. Дар натиҷа ҳосилнокии миёнаи ғалладона дар бисёр ноҳияҳо ба талаботи имрӯза ва махсусан ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқавории мамлакат мутобиқ нест.
Масъалаи дигаре, ки боиси ташвишу нигаронист, ин сол то сол коҳиш ёфтани майдони кишти намудҳои гуногуни зироатҳои ғалладона, аз ҷумла зироатҳои лӯбиёгиву техникӣ мебошад. Маълум аст, ки дар шароити вилоят аз кишти тухмиҳои хушсифати онҳо ҳосили хуб ба даст овардан мумкин аст.
Вале, мутаассифона, ба бозорҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон чунин навъҳои серистеъмол ва бозоргиру сердаромади маҳсулот аз хориҷа ворид карда мешаванд, ҳол он ки дар қаламрави мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, имконияти кишту парвариши тамоми намудҳои ғалладонаву лӯбиёгиҳо ва таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи афзун гардонидани майдони кишти намудҳои гуногун ва серҳосили ғалладонаву лӯбиёгиҳо, инчунин ҷоннок намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва захираву ба кишоварзон пешниҳод кардани тухмиҳои аълосифату серҳосили зироатҳо чораҷӯӣ намоянд.
Бояд зикр кард, ки дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба таъмини риояи қонунгузории замин, истифодаи самараноку мақсадноки он ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд.
Масъалаи истифодаи замин, бахусус заминҳои обӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳбудӣ мехоҳад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ дар ҳафт моҳи гузашта дар ҳудуди вилоят 12 ҳазору 300 гектар заминҳои корам, аз ҷумла зиёда аз 11 ҳазор гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки ин аз беаҳамиятии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикршуда гувоҳӣ медиҳад.
Илова бар ин, дар ҳудуди вилоят 23 ҳазор гектар замини партов, аз ҷумла 20 ҳазору 800 гектар заминҳои обии партов мавҷуд аст, ки 73 фоизи замини партови кишварро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2008 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон “Оид ба ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон дар бораи истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ” қарори махсус қабул шуда буд, ки дар асоси он бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар хусуси бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 21 ҳазор гектар замини партов, аз ҷумла ба низом овардани ҳолати 4 ҳазору 800 гектар замини обӣ, 9900 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш, таъмин намудани чарогоҳҳои зимистона бо об, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ тадбирҳо меандешиданд.
Вале таҳлил нишон медиҳад, ки ҷараёни иҷрои қарори мазкур ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр кард, ки азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои шӯр низ масъалаи муҳим мебошад. Вале дар ин давра дар вилоят ҳолати мелиоративии танҳо 1 ҳазору 400 гектар заминҳо беҳтар карда шудаасту халос.
Имрӯз дар ҳудуди вилоят ҳолати мелиоративии 22 ҳазор гектар заминҳо ғайриқаноатбахш мебошад ва иҷрои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар баробари ин, вазъи пардохти маблағи хизмати обрасонӣ торафт мушкил гардида, қарзи истифодабарандагони об дар назди идораҳои хоҷагии оби вилоят ба 103 миллион сомонӣ расидааст. Аз ҷумла, қарзи идораи хоҷагии оби вилоят аз Ширкати “Барқи Тоҷик” бо дарназардошти маблағи қарзи солҳои гузашта ҳоло 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар қаламрави вилоят вазъи истифодаи ғайримақсадноки заминҳои обӣ, сохтмони ғайриқонунии манзили истиқоматӣ дар заминҳои корам, ғасб ва хариду фурӯши замин ва дигар қонуншиканиҳо дар тақсимоти замин ниҳоят ташвишовар гардидаанд.
Танҳо дар ҳафт моҳи гузашта дар вилоят 2 ҳазору 750 ҳодисаи вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст. Чунин қонуншиканиҳо ҳанӯз хотима наёфта, баръакс дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят ба як тамоюли номатлуб табдил ёфта истодаанд.
Бо дарназардошти талаботу эҳтиёҷоти аҳолӣ ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода будем, ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб низ супориши қатъӣ додем, ки доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Вале то имрӯз аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир ба ин масъала танҳо панҷ мавод ворид шудаасту халос.
Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки ҷиҳати то моҳи октябр таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи гирифтан ва додани қитъаҳои замин» таъмин намояд.
Офатҳои табиие, ки солҳои охир, аз ҷумла дар фасли баҳори имсола ба миён омаданд, бори дигар собит сохтанд, ки вилояти Хатлон бинобар хусусиятҳои ҷуғрофии худ яке аз минтақаҳои аз офатҳои табиии марбут ба об осебпазир мебошад. Бахусус баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Панҷ, Сурхоб, Ёхсу, Тоирсу, Кофарниҳон ва сойи Тебалай ҳар сол ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик, Данғара, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷиликӯл ва шаҳри Кӯлоб зарари калон мерасонанд.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт тамоми чораҳои имконпазирро андешида истодааст. То аввали соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозии иншооти гидротехникии вилоят дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ қариб 200 миллион сомонӣ (баробар бо 43,8 миллион доллари амрикоӣ) азхуд карда шудааст.
Дар робита ба ин, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дахлдори он зарур аст, ки барқарорсозии соҳилҳои вайроншуда, иншооти гидротехникӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои барои ин мақсадҳо ҷудошударо ба таври қатъӣ таъмин намоянд.
Бахши дигари сердаромади соҳаи кишоварзӣ боғдорӣ мебошад. Дар зарфи соли охир дар вилоят 6100 гектар боғ ва 430 гектар токзори нав бунёд ва боғу токзорҳои кӯҳна барқарор карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки иҷрои нишондодҳои Барномаи бунёд ва барқарорсозии боғу токзор дар ҳудуди вилоят таъмин гардад. Вале вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳангоми бунёди боғҳои нав бояд аз заминҳои лалмӣ ва доманакӯҳҳо истифода карда шавад.
Бояд хотирнишон намуд, ки чорводорӣ низ соҳаи муҳими вилоят мебошад. Дар ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулоти чорво дар вилоят нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, саршумори чорвои калон 2,3 фоиз, чорвои майда 4 фоиз, оилаи занбӯри асал 1,4 фоиз ва паранда 2,6 фоиз зиёд шудааст. Вале бо вуҷуди ин, иқтидори истеҳсолии соҳаи чорводории вилоят ҳанӯз пурра барқарор карда нашудааст.
Масъалаи дигаре, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад, рушди соҳаи парандапарварӣ мебошад, зеро дар вилоят барои ривоҷ додани ин соҳа шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуданд.
Мутаассифона, вазъи корхонаҳои парандапарварии вилоят то ба ҳол ба талабот ҷавобгӯ нест. Аксарияти онҳо бо иқтидори 15-20 фоиз фаъолият карда, як қисми дигарашон аз фаъолият бозмондаанд.
Бо дарназардошти ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки вазъи корхонаҳои мавҷудаи парандапарвариро таҳлил карда, дар бораи бо иқтидори пурра ба кор даровардани онҳо чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати рушди соҳаҳои зотпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ ва истеҳсолии кишварро тақвият бахшанд. Сохтору мақомоти зикргардида ҳамчунин ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ, барқарор намудан ва мавриди истифода қарор додани ҳавзҳои моҳипарварӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Зеро дар вилоят барои рушди соҳаи моҳипарварӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва гирифтани даромади зиёд аз он ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуданд. Майдони умумии заминҳои барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҷудошуда имрӯз зиёда аз 3200 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин майдон 1160 гектараш ҳавзҳои моҳипарварӣ мебошад.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об як ҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷиликӯл масъалаи иншооти обтаъминкунӣ ва азхудкунии заминҳоро дар мавзеи Ғаравутӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, то 1 ноябри соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди дахлдор манзур намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ омодагии ҳамаҷонибаро ба кишти тирамоҳӣ, ҳамчунин кишти сабзавотро дар гармхонаҳо вусъат дода, барои дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ анҷом додани ин чорабиниҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Мутахассисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар хотир доранд, ки дар давраҳои гузашта дар қаламрави вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Ҷиликӯл, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ шоликорӣ бисёр тараққӣ карда буд. Зарур аст, ки бо истифода аз заминҳои партов ва оби фаровон ин соҳаи сердаромад инкишоф дода шавад. Рушди шоликорӣ дар радифи дигар соҳаҳо манбаи беҳтарини фароҳам овардани ҷойи кор мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки шумо медонед, солҳои охир барои рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ мо зиёда аз нисфи буҷети мамлакатро равона сохта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ заминаи устувор гузоштем. Дар доираи тадбирҳои беҳтар гардонидани вазъи инфраструктураи иҷтимоӣ танҳо соли равон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон сохтмони 50 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо то оғози соли нави хониш 14 мактаб ба истифода супорида мешавад.
Танҳо дар ду рӯзи охир се мактаби замонавиро ба истифода супоридем ва дар ноҳияи Вахш хишти аввали боз як мактаби типи навро, ки бо маблағи шахсии соҳибкори маҳаллӣ сохта мешавад, гузоштем. Илова бар ин, баъди ҷаласаи имрӯза маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як мактаби замонавии дигар дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Дар баробари ин, дар соҳаи маорифи вилоят ҳанӯз як силсила камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар вилоят 43 мактаб таъмири асосӣ металабад, 6 мактаб дар хонаҳои шахсӣ ва 6 мактаби дигар дар вагонҳо ҷойгир шудаанд.
Ғайр аз ин, таъминоти моддиву техникии аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи паст қарор дорад. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ашёву лавозимоти мактабӣ кӯҳнаю фарсуда шудааст. Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар вилоят дар маҷмӯъ 77 фоиз иҷро карда шудааст ва ҳоло ба ҳар 26 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин ҳанӯз нокифоя мебошад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи харидорӣ ва таъмин намудани мактабҳо бо ашёву лавозимоти мактабӣ, инчунин бо компютер тадбирҳо андешида, иҷрои марҳалаи дуюми барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин намоянд.
Ҳарчанд ки дар чанд соли охир масъалаи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят як андоза беҳтар шудааст, вале дониши онҳо аз фанҳои риёзӣ, физика, химия, география, забонҳои русиву англисӣ нокифоя аст. Ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» дар муассисаҳои таълимии вилоят ба талабот ҷавоб намедиҳад.
Таъкид месозам, ки нишондиҳандаҳои азхудкунии дониш дар мактабҳои вилоят, иштироки шогирдон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фоизи дохилшавии онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии чи кишварамон ва чи давлатҳои хориҷӣ бисёр паст мебошад ва чунин вазъ андешидани чораҳои қатъиву самарабахшро тақозо дорад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят низ, хусусан дар раванди таълиму тарбия, ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти хоҷагидорӣ ва робитаҳои байналмилалӣ як қатор проблемаву мушкилот ҷой доранд. Гузашта аз ин, паст будани сатҳи корҳои тарбиявӣ, таъминоти нокифояи моддиву техникӣ, нарасидани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, нарасидани китобҳои дарсиву китобхонаҳои электронӣ, лабораторияҳо ва таҷҳизот, инчунин мувофиқат накардани биноҳои таълимӣ барои ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия ва бо хобгоҳ пурра таъмин набудани донишҷӯёни эҳтиёҷманд аз ҷумлаи проблемаҳои асосии мактабҳои олии касбии вилоят мебошанд.
Яке аз мушкилоти дигар - қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба инобат нагирифтани талабот ва эҳтиёҷоти маҳал ба ихтисосҳои зарурӣ, интихоби нодурусти довталабон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки барои бартараф намудани тамоми камбудиву мушкилоти соҳаи маорифи вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онро таъмин намоянд.
Дар соҳаи тандурустии вилоят низ камбудиҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, ҳоло бисёр беморхонаву марказҳои саломатӣ ба таъмир ва асбобу таҷҳизоти муосири тиббӣ, инчунин ба 1150 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ ниёз доранд.
Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар хусуси бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда, бахусус таъмири муассисаҳои тиббӣ, бо таҷҳизоти муосир ва кадрҳо таъмин кардани онҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Самти дигари муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо - паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки дар сурати сари вақт ва барзиёд иҷро гардидани буҷети давлативу маҳаллӣ барои тақвияти ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, афзун шудани ҳаҷми нафақа, музди меҳнат ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меоянд. Мо аз 1-уми июли соли ҷорӣ музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаро ба андозаи муайян зиёд кардем. Вале масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат чун солҳои пешин дар вилоят боиси ташвиш мебошад.
Чунин вазъ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро водор месозад, ки роҳи ҳалли масъалаи қарздорӣ аз музди меҳнатро пайдо карда, доир ба пешгирӣ кардани афзоиши минбаъдаи он чораҳои судмандро амалӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки аз таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят бармеояд, қариб дар тамоми соҳаҳо норасоиву мушкилоти зиёд мавҷуданд. Чунин вазъ шумо – роҳбарону масъулон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоятро водор месозад, ки бо эҳсоси масъулияти баланд ҳамаи кӯшишу ғайрати худро, пеш аз ҳама барои бартарафсозии онҳо равона намоед ва ҳар кадоматон дар ҷойи худ корро тавре ба роҳ монед, ки шароити зиндагии мардум имрӯз нисбат ба дирӯз ва фардо нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.
Шумо роҳбарону масъулон бояд ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин ба мардум дуруст фаҳмонед, ки ҳам истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд ва ҳам захираи дусолаи маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла гандум дар ҳар як оила бояд бошад.
Хатлон ҳамчун вилояти калонтарини кишвар дорои захираву имкониятҳои фаровони истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзист ва метавонад дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакатамон саҳми бузург дошта бошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар кадоми шумо, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои кишоварзиву саноат, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, махсусан заминҳои обӣ, ҳарчи бештар анҷом додани кишти такрорӣ, зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот, таъмини беҳтари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ ва бо ҳамин васила паст кардани сатҳи вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз молу маҳсулоти воридотӣ мебошад. Ҳоҷат ба таъкид нест, ки танҳо чунин тарзи кор роҳи асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакатамон мебошад.
Итминони комил дорам, ки шумо – роҳбарону фаъолони вилоят бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии давлатамон ва вазифаҳои гузошташуда тамоми саъю талоши худро барои ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон равона месозед. Мо соли оянда 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва барои таҷлили шоистаи ин ҷашни бузурги миллиамон бояд ҳар кадоми мову шумо шабу рӯз заҳмат кашида, барои ободии сарзамини аҷдодӣ, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварамон саҳмгузор бошем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои давлативу хусусӣ, хоҷагиҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпешае, ки барои сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Шӯрообод, Мӯъминобод, Восеъ ва Шаҳритус дар як муддати кӯтоҳ садҳо манзили нави истиқоматӣ сохта, онҳоро бо лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин карданд, миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҳамчунин, мехоҳам ҳамаи шумо ва дар шахси шумо кулли мардуми заҳматпеша ва сарбаланди вилояти Хатлонро бо фарорасии нуздаҳумин солгарди ҷашни мубораки истиқлолияти миллӣ табрику таҳният гӯям ва бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳар кадоми мову шумо дар моҳи шарифи Рамазон ва дар арафаи иду ҷашнҳо кӯмак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон, аёдати беморону пиронсолон ва умуман анҷом додани амалҳои хайру савобро фаромӯш насозем.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Ташаккур!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3107