logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ифтитоҳи бинои Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт, 27 августи соли 2010

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси хушҳолист, ки солҳои охир дар остонаи ҷашнҳои бузурги миллиамон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаву коргоҳҳо, муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ ва иншооти маъмуриву маишӣ ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки ин пеш аз ҳама, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва аз баракати кӯшишу ғайрати созандаи миллати куҳанбунёду тамаддунсози мо мебошад.
Ва имрӯз дар арафаи солгарди навбатии истиқлолияти Тоҷикистон, соли нави таҳсил ва дар доираи чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ мавриди истифода қарор гирифтани боз як муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ ва хобгоҳи замонавии он дар диёри мардуми бонангу номус ва  адабпарвару фарҳангдӯсти Рашт, ки мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Бинобар ин, ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ки аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар водии Рашт мебошад, самимона табрик мегӯям.
Шумо хуб медонед, ки таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа, таҳкими иқтидори иқтисодии давлат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, дар навбати аввал, тавассути соҳаи маориф амалӣ мегардад ва ҳадафу вазифаи асосиву рӯзмарраи низоми маорифи кишвар низ тарбия ва таълими шахсияти соҳибмаърифату соҳибихтисос ва фаъолу созанда мебошад.
Вазифаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин самт фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, бо таҷҳизоту лавозимот ва воситаҳои муосири техникаву технологияи компютериву иттилоотӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои олии касбӣ ба ҳисоб меравад.
Мутобиқи ҳисоботи оморӣ имрӯз дар ноҳияҳои водии Рашт дар маҷмӯъ 345 муассисаи таҳсилоти умумӣ, як гимназия, се мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, инчунин даҳҳо муассисаҳои томактабӣ, панҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва се омӯзишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият мекунад.
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии водии Рашт тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2006 дар заминаи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ филиали донишгоҳи мазкур таъсис дода шуд. Ин муассиса аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз ҳамчун сохтори асосии тарбияи муаллимон дар тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ дар водии Рашт қадамҳои устувор мегузорад. 
Муассисаи таълимӣ аз рӯи ду равия - риёзиву табиӣ ва гуманитарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии ноҳияҳои водии Рашт мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ тайёр мекунад.
Ҳоло дар филиали донишгоҳи мазкур ду факултет ва чор кафедра фаъолият дошта, дар бахшҳои рӯзона ва ғоибонаи он 876 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.
Дар таълимгоҳ стратегияи пешбурди фаъолияти корҳои тарбиявӣ тибқи талаботи Консепсияи миллии тарбия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.
Дар бораи ба танзим даровардани раванди таҳсил ва ба лексияи академӣ омода намудани донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тадбирҳои махсус татбиқи худро ёфта истодаанд.
Бояд гуфт, ки донишҷӯёни филиали Донишгоҳи омӯзгорӣ то ба ҳол дар бинои собиқ мактаби рақами як ва омӯзишгоҳи касбҳои техникии ноҳия сабақ мегирифтанд.
Ва имрӯз онҳо соҳиби биноҳои хуштарҳу замонавӣ гардиданд, ки барои 860 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 366 ҷой бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Сохтмони биноҳои мазкур соли 2007 шурӯъ гардида, бунёди онҳо тавассути мутахассисону сохтмончиёни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон амалӣ гардид. Барои сохтмони филиал то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 19 миллион сомонӣ сарф карда шуд.
Мақсади мо аз бунёди муассисаҳои таълимии нав ва таъмиру азнавсозии мактабҳои мавҷудаи мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия,  омӯзонидани илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои гуногун барои наслҳои наврас ва навҷавонон мебошад. Зеро онҳо ояндаи мо ва созандагони Ватани соҳибистиқлоламон мебошанд.
Ба хотири татбиқи пайгиронаи сиёсати иҷтимоӣ, бахусус дар соҳаи маориф, ки имрӯз давлат онро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кардааст, дар давоми се соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ  дар деҳаҳои Қалъанак, Кӯлоба, Навдӣ ва Лангари ноҳияи Рашт чор бинои мактаби нав барои 1120 хонанда сохта,  ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, бунёди хобгоҳи интернати назди мактаби рақами якум бо маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони мактаб дар деҳаи Маҳалла барои 60 ҷой ба анҷом расонида шуд.
Инчунин, барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сохтмони 8 хонаи истиқоматӣ ва як меҳмонхона барои устодони аз дигар мактабҳои олӣ даъватшаванда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи қариб як миллион сомонӣ бо тамоми ашёву асбоби зарурӣ ва ҷиҳози хона ба анҷом расонида ва имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ноҳия ҳамчунин барои барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, бунёди Нерӯгоҳи хурди барқи обии “Тутак”, бинои дуюми хобгоҳи интернати назди мактаби рақами якум барои 60 ҷой, шӯъбаи сохтмони асосии ноҳия қариб 2 миллион сомонӣ ва варзишгоҳ як миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ дар онҳо босуръат идома доранд.
Дар баробари корҳои то имрӯз анҷом додашуда дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз як қатор камбудиву мушкилот низ ба назар мерасанд, ки мо аз онҳо хуб огоҳ ҳастем ва барои тадриҷан бартараф кардани онҳо тадбирҳо андешида истодаем.
Аз ҷумла, сохтмони бинои мактаби деҳаи Дашти Рашт, ки ҳанӯз соли 1987 оғоз гардида, барои 320 хонанда пешбинӣ шуда буд, то имрӯз ба анҷом нарасидааст.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки барои соли оянда ба нақша гирифтани бунёди ин муассисаи нотамоми таълимӣ чораҳои дахлдор андешад.
Бо истифода аз фурсати мувофиқ мехоҳам як масъалаи дигарро хотирнишон намоям. Ноҳияи Рашт дар водӣ яке аз ноҳияҳое мебошад, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама картошкапарварӣ, боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои зиёд дорад.
Худатон хуб дар хотир доред, ки давраҳои гузашта маҳсули заҳмати боғпарварони ноҳия натанҳо бозорҳои Тоҷикистонро таъмин мекарданд, балки ба хориҷ аз кишвар низ содирот мешуданд.
Фаромӯш накунед, ки навъҳои гуногуни мева, асал ва картошкаи истеҳсолкардаи шумо бо лаззат ва аз лиҳози экологӣ тоза будани худ шӯҳрати хос доштанд.           
Водии Рашт аз қадимулайём бо деҳқонони асилу мутахассисони соҳибтаҷриба ва фарзандони бонангу номуси худ машҳур аст. Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои фаровони ноҳия, хусусан обу замини ҳосилхез, ҳавои мусоид ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад.
Инчунин бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозорҳои ҷаҳонӣ бояд ҳар як оила захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.
Дӯстони азиз!
Мулоқоти мо ба моҳи иҷобати дуоҳо, яъне моҳи шарифи Рамазон рост омад. Дар ин давра инсон барои анҷом додани фазилатҳои неки инсонӣ, ки дини мубини ислом мефармояд, аз ҷумла корҳои хайру савоб ва садақоту саховат андеша мекунад ва бо ин роҳ соҳиби савоби бисёр мегардад.
Тавре ки аз фалсафа ва ҳикматҳои Қуръон бармеояд, инсон бо сарвату дорандагӣ ба Худованд наздик намешавад, балки бо саховату ёрмандӣ ба мӯҳтоҷону ятимону маъюбон ба Офаридгори худ наздик шуда, дар молу сарвату хонаводааш баракати илоҳӣ меафзояд.
Худои таоло дар дини мубини ислом садақа доданро аз иқдомоти писандидаи мусулмонон медонад, ба шарте ки он холисона, бо ризои қалб ва ҷиҳати ризоияти Худованд пардохт шавад.
Садақа як навъ  расидан ба маънавияти фардӣ ва шукргузорӣ аз Парвардигор мебошад, ки неъматҳои моддиву маънавиро дар ихтиёри инсоният қарор додааст ва шахсоне, ки имконияти мусоиди молиявӣ доранд, бояд ҷиҳати анҷоми ин иқдоми хайру инсондӯстона ширкат карда, барои охирати худ тӯшае захира намоянд.
Аз ин рӯ, баъзе муфассирони каломи илоҳӣ садақаро ба ресмоне монанд кардаанд, ки тавассути он ба маънавияти дунявӣ ва баракоти охират расидан имконпазир аст.
Ва Худои таоло дар сураи “Аҳзоб” ба бандагонаш дар ин маврид чунин мефармояд: «Мардону занони мусулмон ва мардону занони боимон ва мардону занони ибодатпеша ва мардону занони ростгӯ ва мардону занони басабр ва мардону занони садақадиҳанда ва мардону занони покдоман ва мардону заноне, ки Худоро зиёд ёд мекунанд, Худо барои ҳамаи онон омурзишу подоши бузург фароҳам сохтааст».
Садақа миқдори хосе надорад ва садақадиҳанда метавонад ҳар миқдор моли худро, ки бихоҳад, дар роҳи Худо ба ятимону маъюбон ва беморону ниёзмандон бахшад. Ва дар хусуси садақа додан Расули акрам ҳазрати Муҳаммад низ ҳадисҳои зиёде дорад.
Аз ҷумла, дар ҳадисе мефармояд: «Агар дар роҳ он чи мӯҷиби азияти раҳгузар бошад, бартараф созӣ, садақа аст, роҳ нишон додан ба раҳгузар садақа аст, аёдат кардани мариз садақа аст, фаро гирифтани илм ва омӯзонидани он ба мардум садақа аст,  ҳар кори некӯ ва амали хайр садақа аст, пас садақа бидиҳед, ба нимаи хурмо бошад  ва аз оташ парво бикунед, ба нимаи хурмо бошад».
Аз ин нигоҳ, фикр мекунам, ки агар ҳар шахси хайрхоҳу саховатманд кӯмаки худро ба шахсони эҳтиёҷманд сарф намояд, яъне тибқи фармудаи Худованди таоло садақоти хешро ба шахсони мувофиқ, яъне одамони ғарибу мустаманд, фақиру мӯҳтоҷ, ятиму маъюб, шахсони камбизоат ва пирони маризу барҷомонда сарф намояд, аз файзу баракати Худои таоло баҳравар мегардад.
Хусусан имрӯзҳо, ки мо дар арафаи иди саиди Фитр қарор дорем, ба ҳамаи шахсони дорову сарватманд ва тамоми онҳое, ки нияти додани фитри рӯзаро доранд, хотиррасон месозам, ки ин фаризаи дини мубини исломро, ки дорои моҳияти баланди инсондӯстона мебошад, барои шахсони муносибу мувофиқ  анҷом дода, дасти хайру эҳсони худро ба онҳо дароз намоянд ва соҳиби савоби зиёд гарданд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо аввалан ба шарафи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди саиди Фитр, ки чанд рӯз баъд фаро мерасанд, инчунин ифтитоҳи ин махзани илму маърифат самимона табрик намуда, ба ҳар кадоматон бахту иқбол, рӯзгори ободу осуда ва хониши хубу аъло орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3010
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед