logo

маориф

Маорифи кишвар ба сатҳи баландтари рушд мерасад

Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият», Абдулқодири РАҲИМ бо вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор РАҲМОНОВ

-Мӯҳтарам вазир, соли нави таҳсилро ба Шумо ва дар симои Шумо ба ҳамаи аҳли маорифи кишвар табрик мегӯем. Лутфан шарҳ медодед, ки он барои маорифи тоҷик чӣ соле хоҳад буд?
-Чун анъана соли нави таҳсил 1 сентябр оғоз меёбад. Ин рӯзи нек, ки дар саҳифаҳои таърихи тоҷик бо номи Рӯзи дониш сабт ёфтааст, бо нишоту шодии шогирдон, оғӯши гарму бози омӯзгорон ва ифтихору шукргузории волидон дунёи моро боз ҳам рангинтар мегардонад. Мантиқан дарси аввали ин рӯзи муборак Дарси сулҳ ном гирифта, ҳар инсонро бори дигар аз ҳифзи ин неъмати муқаддас таъкид менамояд. Тантанаи ин дарс дар арафаи ҷашни Истиқлолият худ башорате мебошад.
Барои мардуми кишвар анъана шудааст, ки ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муассисаҳои таълимӣ бо хонандагону донишҷӯёни соҳибистеъдод ва устодону омӯзгорони пешқадам оғоз менамояд. Имсол ин дарс дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат мегирад ва фикр мекунам, ки устодону омӯзгорон ва шогирдони мо сабақи арзишманде барои фаъолияту таҳсили минбаъдаашон хоҳанд гирифт.
Соли таҳсили  2009-2010 аз солҳои қаблӣ фарқ мекунад.  Бо иқдоми Вазорати маориф вобаста ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳалли мушкилоти гуногуни соҳа чандин барнома,  консепсия, низомнома  ва стандартҳо таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки аз муваффақиятҳои мо дар ин самт маҳсуб меёбанд. Дастоварди дигари соҳа иштироки хуби хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои дохиливу хориҷист. Иштироки 943 нафар хонанда дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиию риёзӣ ва ҷамъиятию гуманитарӣ ва 120 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳақиқати ин гуфтаҳоро собит месозад.
Ба хотири рушди маориф ва эълон шудани Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои асосии вазорат ва маркази татбиқи лоиҳаҳо сохтмони 21 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмони 19 мактаб барои 3650 ҷойи нишаст, сохтмони 1 толори варзишӣ ва сохтмони 9 хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ноҳияи Рашт барои  истифода супорида мешавад. Умуман, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо аз сентябри соли 2009 то сентябри соли 2010 184 бинои мактаб барои 35141 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт.
Гузашта аз ин, аз ҳисоби лоиҳаҳои инвеститсионии соҳа 6,7 млн. доллари амрикоӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Эълон гаштани соли 2010- Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бори дигар собит намуд, ки танҳо бо такя ба олимону маорифчиён масъалаҳои гуногуни иқтисодию сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро ҳал намудан мумкин аст. Масъалаҳои аз ҷониби Президенти кишвар гузошташуда ва ҳалли онҳо, инчунин афзоиши маблағгузорӣ  соҳаи маорифро ба сатҳи баландтари рушд хоҳад расонид.
Дар ин давра имконият фароҳам омад, ки дар баробари таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар заминаи рейтингҳо ва гузаронидани мониторингҳо сифати таҳсилот дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтар гардад.
Дар солҳои минбаъда вазорат ба хотири рушди соҳа тасмим гирифтааст, ки Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи маориф” таҳия намояд, сатҳи зиндагии омӯзгор ва вазъи иҷтимоии ӯро беҳтар кунад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро пурра ба таҳсилоти 12-сола гузаронад, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳияи лоиаҳои инноватсиониро ҷорӣ намояд ва ҳамчунин таблиғи фарҳанги техникиро дар низоми таҳсилот ва илм дар солҳои минбаъда идома диҳад.
Ҳамчунин, имсол дар рӯзи Иди муаллимон аввалин Анҷумани омӯзгорон ва олимони ҷумҳурӣ дар даврони истиқлол дар доираи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ баргузор мегардад.  
- Донистани забонҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ ва кор бо техникаи муосири компютерӣ дар кишварҳои пешрафта талаботи маъмулӣ ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ин талабот кай ба меъёр табдил меёбад?
-  Бале, ба масъалаи мазкур низ Сарвари давлат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дар мулоқоту вохӯриҳояшон бо аҳли илму маориф ва хоса бо хонандагону донишҷӯён дар баробари донистани забони давлатӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва техникаи муосири компютериро таъкид менамоянд. Зеро бидуни забондонӣ ва кор бо техникаи муосири компютерӣ  мо наметавонем ба дастовардҳои олами мутамаддин ошноӣ пайдо кунем ва инкишофи илму фарҳанг ва иқтисодиёти кишварро пеш барем. Мушоҳидаҳои тайи ду соли охир нишон медиҳанд, ки масъалаи мазкур дар ҷумҳурии мо ба талаботи маъмулӣ табдил ёфта истодааст. Яъне, шавқу завқи  забономӯзӣ  ва кор бо техникаи компютерӣ дар зеҳни теъдоде аз хонандагону донишҷӯёни мо ба меъёр табдил меёбад. Иштироки фаъоли онҳо дар озмунҳои минтақавию ҷумҳуривӣ ва байналмилалӣ  аз фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ, арабӣ ва фанни технологияи информатсионӣ гуфтаҳои моро тасдиқ мекунанд.  Довталабон озодона бо ин забонҳо сухан гуфта, ҳамчунин аз барномаҳои гуногуни компютерӣ истифода мебаранд. Бори аввал ташкил ва гузаронидани олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ тавассути шабакаи интернет бо  иштироки 5790 нафар аз тамоми минтақаҳои кишвар аз ҳавасмандии хонандагони мо аз кор бо техникаи компютерӣ дарак медиҳад.
Таъмин ва иҷрои “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014” ва «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010» зери назорати Вазорати маориф қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонида мешавад. Вобаста ба амалигардонии барномаҳои мазкур  вазорат дар баробари чопи китобҳои забонҳои русӣ ва анлисӣ, ҳамчунин  чопи пурраи китобҳои забонҳои франсавӣ, олмонӣ, арабӣ ва «Асосҳои технологияи компютерӣ»-ро ба анҷом расонид, ки онҳо дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуданд.
Дар 3182 мактабҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ  3052 нафар омӯзгори фанни «Асосҳои технологияи компютерӣ»  ба хонандагон дарс гуфта, барои такмил додани дониши худ давра ба давра аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Мактабҳое, ки дар давраи тирамоҳу зимистон аз  қувваи барқ танқисӣ мекашанд, ҷиҳати омӯзиши дарсҳои амалии фанни мазкур ба зиёда аз 1400 генератори дизелӣ таъмин гардиданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба раванди аз худ намудани технологияи муосири компютерӣ мусоидат менамояд, ин таъсиси марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар назди раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳия ва вилоятҳо мебошад. То ба ҳол ин гуна марказҳо ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар дигар раёсату шӯъбаҳои маориф таъсис дода нашудаанд. Масъалаи мазкур зери назорати ҷиддии вазорат қарор дошта, вобаста ба таъсиси чунин марказҳо сардорони раёсати маорифи вилоят, шаҳр ва мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки то охири сол чунин марказҳоро таъсис диҳанд.
- Таваҷҷӯҳ ба зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ, ҷавобгӯи тақозои замон ҳаст? Оё имрӯз аз имкониятҳои мавҷуда, хоса бахши хусусӣ, ба таври зарурӣ истифода мегардад?
- Яке аз зинаҳои асосӣ ва муҳими соҳаи маориф таҳсилоти томактабӣ маҳсуб меёбад. Соли хониши 2009-2010 миқдори муассисаҳои томактабӣ нисбат ба 5 соли пеш зиёд шуда бошанд ҳам, дар муқоиса нисбат ба даврони собиқ шӯравӣ онҳо каманд.
Бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ имсол ба мо муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи марказҳои инкишофи кӯдакон мусоидат намоем. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 17 марказ фаъолият дошта, 31 адади дигар аз соли нави таҳсил фаъолияташонро оғоз хоҳанд кард.
Тавре Шумо ишора кардед, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ талаби замон мебошад. Дар ҷумҳурӣ 15 кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 830 нафар кӯдак ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудаанд. Талабот низ аз ҷониби падару модарон ба таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ зиёд мебошад. Вобаста ба ҳамин вазорат ҷалби сектори  хусусиро  барои рушду нумӯи ин зинаи таҳсилот ҳамеша дастгирӣ менамояд. 
Аз ҷониби Вазорати маориф як қатор санадҳои муҳим, аз қабили  “Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Низомномаи намунавиии Маркази инкишофи кӯдакон», “Барномаи давлатии рушди тарбияи томактабӣ барои солҳои 2006-2010” қабул гардиданд, ки  онҳо ба рушди муассисаҳои томактабӣ мусоидат хоҳанд кард.
 -Сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб дар кишвар агарчи рӯ ба беҳбудӣ овардааст, аммо ҳанӯз ҳам он аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбад. Барои рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта чӣ корҳо ба анҷом расиданд ва чӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд?
- Дуруст аст, ки  дар самти таҳсилоти касбӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб ҳанӯз ҳам мушкилот  вуҷуд доранд. Барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде таҳия гардиданд. Инчунин, дар ин давра  “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Стандарти давлатии  таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва “Номгӯи касб ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” таҳия шудаанд, ки онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.
Гузашта аз ин, Вазорати маориф “Консепсияи раҳнамои  касбии  хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намуд, ки он пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Дар консепсия хусусиятҳои равонии синнусолӣ дар интихоби касб, истеъдоди фардӣ, соҳиби донишу малака ва маҳорати технологӣ гардидани касбомӯзон ва роҳҳои амалӣ намудани онҳо нишон дода шудааст. Он тамоюли инкишофи сиёсати давлатиро бо назардошти мазмун ва мундариҷаи фанни технологияи меҳнат ва интихоби касб дар шароити муносибатҳои нави ҷамъиятӣ амалӣ гардонида, ба интихоби дурусти касб ва баланд бардоштани сифати касбии мутахассисон мусоидат менамояд.
Гузаштани ин зинаи таҳсилот ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ аз пешравиҳои ин соҳа маҳсуб меёбад. Ба таври таҷриба Коллеҷи технологии шаҳри Исфараро ба ин навъи таҳсил гузаронидаем.  Мо тасмим гирифтаем, ки давра ба давра дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро низ ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ  гузаронем.
Бо мақсади таъмин намудани ин зинаи таҳсилот бо китобҳои дарсӣ тарҷумаи китобҳо ба роҳ монда шудааст ва барои амалӣ гардидани он маблағ ҳам пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, вазорат тасмим гирифтааст, ки барои ин зинаи таҳсилот курси лексияҳоро таҳия намуда, онҳоро дар шакли китоб чоп намояд. Аз ҳисоби даромадҳои заминҳои истеҳолӣ маоши омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  аз 250 то 550 сомонӣ ва дар баъзе аз ин муассисаҳо ба 700- 800 сомонӣ расид. Маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад,  аз 80 сомонӣ ба 250-300 сомонӣ баланд бардошта шуд.
Оид ба сифати таълим ва донишандӯзии толибилмон дар зинаи таҳсилоти олӣ ҳоло ҳам ба комёбиҳои назаррас ноил нагардидаем, ки рейтинги гузаронидаамон миёни муассисаҳои таълимӣ инро равшан намуд.
 Муқоисаҳо нишон медиҳад, ки сатҳи донишандӯзии толибилмон дар маҷмӯъ боло рафта бошад ҳам, вале  он қаноатбахш нест. Чунончи, агар сатҳи донишандӯзии онҳо соли таҳсили 2008-2009  30-35%-ро ташкил диҳад, пас соли таҳсили 2009-2010  ин рақам дар маҷмӯъ ба 35-42% расидааст.
Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва барои дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар самти таҳсилоти олии  касбӣ вазорат зиёда аз 110 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намудааст, ки онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои вазири маориф ва  қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ба тасвиб расидаанд.
Ҳамчунин барои таъмини сифати таҳсилот тибқи «Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» таъсиси марказҳои инноватсионию технологӣ, биологӣ, илмӣ, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, намоишгоҳҳои навоварию ихтироъкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ гардидааст, ки онҳо, албатта, давра ба давра иҷро мешаванд.
Дар ин  иртибот қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” аз дастовардҳои муҳими соҳа маҳсуб меёбад. Паркҳои технологӣ бо мақсади рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ,  ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ,  таҳкими  заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология, муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот, ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон барои ҳамгиро намудани илм ва истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ,  ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ ва ғайра таъсис дода мешаванд, ки аз аҳамият холӣ нестанд.
Ҳамзамон, дар соли 2010 таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз иқдомҳои некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба наздикӣ боз филиали Донишкадаҳои пӯлоду хула ва энергетикии шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе кушода мешавад, ки худи ҳамин сол мо ба  шӯъбаҳои тайёрии онҳо довталабонро қабул ҳоҳем намуд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар хориҷи кишвар мебошад. Вобаста ба ин имсол аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 29 нафар дар зинаи бакалавр, 9 нафар дар зинаи магистр- дар маҷмӯъ 38 нафар барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар интихоб шуданд. Илова ба ин, аз ҳисоби стипендияи мазкур 4 нафар ба докторантура, 9 нафар ба аспирантура ва 1 нафар ба интернатура интихоб гардиданд.
Ҳамин тариқ, то кунун ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар 370 нафар дар зинаҳои бакалавру магистр, 23 нафар барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 23 нафар дар зинаҳои аспирантураю интернатура ва 4 нафар дар зинаи докторантура, дар маҷмӯъ 420 нафар интихоб гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар беш аз 6000 донишҷӯ, аспирант, докторант ва коромӯз таҳсил мекунаду ихтисоси худро такмил медиҳад.
- Барои ихтироъкорону эҷодкорони наврас ва ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда чӣ гуна шароитҳо ва имкониятҳо муҳайё кардаем?
-Таваҷҷӯҳ ба ихтироъкорону эҷодкорони наврас ва ҷавонони соҳибистеъдоду ҷӯянда ва муҳайё  кардани шароиту имкониятҳо яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа маҳсуб меёбад. Масъалаи мазкур сарчашма мегирад аз истифодаи технологияи нав ва таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ. Вобаста ба ҳамин Вазорати маориф «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ» -ро таҳия намуд, ки  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2010 ба тасвиб расид. Дар заминаи татбиқи Барномаи мазкур имконияти таъмини муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, бо кабинетҳои фаннӣ, лабораторияҳои гуногун, техникаҳои ҳозиразамон  таъмин мешаванд.
Имсол дар доираи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ  дар самти корҳои тарбиявии беруназмактабӣ ва таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ низ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, баргузории озмуни «Ихтироъкорони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ  ба ин мисол шуда метавонад. Дар даври ҷумҳуривии озмун 136 нафар ихтироъкор 141 кори худро дар мавзӯъҳои гуногун ва марбут ба  фанҳои табиӣ- риёзӣ пешниҳод карданд. Ғолибони озмун ва роҳбарони онҳо бо мукофоту тӯҳфаҳои соҳавии вазорат  қадр шуданд. Қисме аз онҳо, ки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ  буданд, барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳхат гирифтанд.
Баргузории Сессияи ХХХVIII Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон» ва иштироки намояндагон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз муваффақияти дигари соҳа дар ин самт маҳсуб меёбад. Дар кори он хонандагон аз рӯи 14 бахш ширкат варзиданд, ки дар ҷамъбаст 34 нафар бо дипломи дараҷаи 1, 24 нафар бо дипломи дараҷаи 2, 42 нафар бо дипломи дараҷаи 3, 61 нафар бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуда, 24 нафар ба ҳайси аъзои мухбир ва 2 нафар ба ҳайси аъзои ҳақиқии Академияи хурди илмҳо қабул гардиданд.
-Вобаста ба тақозои замон гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ ҳатмӣ аст. Дар иртибот ба ин вазорат «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд, ки онро Ҳукумати кишвар пазируфт. Мегуфтед, ки омодагӣ ба он чӣ гуна ҷараён дорад?
-Гузаштан ба низоми нави таҳсилот тақозои замон мебошад.  Аз ин рӯ, вазорат  ин Консепсияро таҳия намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва дар ин асос тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ворид карда шуд.
Гузаштан ба низоми нав дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ сурат гирифта, марҳилаҳои  муайянро дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал асосан омода сохтани стандарту нақшаҳои таълимӣ ва гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии  асосии  10-сола  дар  назар дошта шудааст. Дар марҳилаи дуюм бошад, қабул ба синфи 1 аз синни 6-сола мебошад  ва гузаштан    ба таҳсилоти миёнаи умумӣ (12-сола),  ба  роҳ мондани  таълими  равиявӣ  ва  касбӣ  (дар синфҳои 11-12), минбаъд истифодаи литсейҳо, коллеҷҳо ва  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии   муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ  ҳамчун  захираи  таълими равиявӣ ва касбӣ дар ҷумҳурӣ сурат мегирад.
Гузаштан ба таҳсилоти 12-сола  дар асоси ҳуҷҷатҳои дурнамои «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» ва «Таҳсилот барои ҳама» роҳандозӣ шуда, ба таҳсил ҷалб намудани мактаббачагон, хусусан, духтарон, пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон ва ба ин васила ба ташаккули шахсияти хонандагон  таъсири неки  амиқ расонида, ҳар гуна монеаҳои дигарро метавонад барҳам занад. Аз ҳама муҳим ба раванди ислоҳоти соҳа, таъмини сифати таҳсилот ва болоравии сатҳи дониши хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад. Дар амалигардонии ин ҳадафҳо пешорӯи мо мушкилоти кадриву молӣ хеле зиёд аст, вале мо имкон дорем, тавассути фаҳмондадиҳии амиқ ва ҷалби тамоми ҷомеа  бо дарки масъулиятшиносӣ монеаҳои дарпешистодаро рафъ намоем.
Вобаста ба гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ Нақшаи чорабиниҳои вазорат дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шуданд. Таҳияи нақшаву  барномаҳои таълимӣ барои зинаи аввали таҳсилот ба анҷом расида, гурӯҳҳои  корӣ оид ба таҳияи Стандарти давлатии таҳсилоти 12-сола ва таҷдиди  чопи китобҳои дарсӣ кор карда истодаанд. Ҳамчунин семинарҳои фаҳмондадиҳии масъулини Вазорати маориф бо сардорони раёсати маориф, мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, мутасаддиёни вазоратҳои дахлдор ва инчунин  ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ гузаронида шуд. Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила ба низоми нави таҳсилоти умумӣ мегузарем.
Дар анҷом аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми ҳамватанон, устодону омӯзгорон, шогирдону донишҷӯён, падару модарони онҳоро ба фарорасии соли нави таҳсил муборакбод  намуда, барояшон дар таҳсилу кор муваффақияту пешравиҳоро таманно дорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед