маориф
Шаҳраки донишҷӯ: муҷтамеъ, мӯҳташам, муосир
Шаҳракест дар миёни ду шохоби рӯдхонаи Душанбе, гулпӯшу сарсабз бо ҳавзу марғзорон ва ҷавонони хушбахту хандон. Ростӣ, ин гуфта лаҳзае аз афсонаҳои ширини замони кӯдакиро ба ёд меорад. Вале ин шаҳрак воқеист ва Шаҳраки донишҷӯ ном дорад.
Бунёди ин шаҳрак бо тарҳи зебое аз солҳои пешин, орзуи ширини хеле аз мардуми рӯшанзамири кишвар аст, ки инак, дар рӯи гилеми сабзи Тоҷикистон қад меафрозад. Ин шаҳрак – Донишгоҳи Миллии Тоҷикис¬тон аст, ки бунёди он ҳанӯз дар солҳои мавҷудияти ҳукумати Шӯравӣ оғоз шуда буд, вале пас аз суқути он дар ҳоли нимасохт боқӣ монд. Танҳо ҳиммату ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боиси идомаи сохтмон ва обод шудани ин боргоҳи илму дониш гардид. Бо супориши Сарвари давлат аз оғози соли таҳсили 2009-2010 комиссияи махсуси ҳукуматӣ барои идомаи сохтмон ва обод кардани шаҳрак таъсис ёфт ва кор шурӯъ шуд.
– Бунёди дубораи Шаҳраки донишҷӯ ва ба истифода додани он дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ тӯҳфаи арзишмандест барои ҳамаи кормандони маорифи кишварамон, – мегӯяд бо ифтихор Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон.
Дар замони Шӯравӣ дар шаҳрак ду бинои таълимӣ сохта шуда буд, ки аз онҳо истифода мекарданд. Ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ғайр аз ин ду бино қариб ҳама бинову сохтмон, роҳу гулгашт, боғу майдонҳо харобу валангор шуда буд. Дар солҳои ахир ду бинои дигари таълимӣ ва як хобгоҳи баландошёнаи замонавӣ сохта ва бархе факултаҳоро ба онҳо кӯчонданд. Ва Президенти кишвар дастур доданд, ки чор бинои дигар бунёд ва дар аввали моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шавад. Нуриддин Саидов мегӯяд, ки тарҳи умумии биноҳо мутобиқ ба нақшаи пешин бунёд гардидааст, аммо бо пешниҳоди Сарвари давлат мо дар тарҳи дохили биноҳо тағйирот ворид кардем. Тарҳи пешин бар асоси ҳавасхоҳии бузургманишӣ пешбинӣ шуда буд, вале имрӯз нанотехнология имконоти худро дар зиндагӣ ҷорӣ менамояд. Яъне имрӯз дигар ба таҷҳизоти бузургҳаҷм ниёз нест. Таҷҳизоти хурди аср метавонад корҳои бузургро ба осонӣ иҷро кунад. Дар ҳоли ҳозир ҳамаи факултаҳои донишгоҳ аз 3 то 5 синфхонаи компютерӣ доранд ва дар донишгоҳ 960 нуқтаи интернетӣ мавҷуд мебошад.Гузашта аз ин, раҳбарият бо як ширкат аҳднома бастааст, ки дар соли оянда ин муассисаи таълимӣ бо интернети бесим таъмин карда шавад.
Дар оғози моҳи сентябр 6 бинои таълимӣ, толору маҷлисгоҳҳо, китобхонаву лабораторияҳо дар таъмири нав ва бо таҷҳизоти ҷадид ба фаъолият мепардозанд. Атрофи биноҳои таълимиро боғу гулгашт, чаманистону обшорон фаро гирифтааст, ки манзараи зебое аз як минтақаи ҷудогона дар пойтахти кишвар мебошад.
То ҷашни 20-солагии Истиқлоли кишвар 4 толори варзиш ва китобхонаи донишгоҳ барои 1,5 миллион нусха китоб бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ҳамчунин дар шаҳрак бунёди амфитеатр ба маблағи 1,5-2 миллион сомонӣ дар назар аст. Маъмурияти муассиса мақсад гузошта, ки онро бо маблағи донишгоҳ бисозад. Ҳамчунин бунёди бинои марказии донишгоҳ, факултаи кимиё, варзишгоҳ, ҳавзҳои оббозӣ ва қаиқронӣ, кафедраи ҳарбӣ ва дар оянда – тарҳи бинои мактаби таҳсилоти умумӣ барои фарзандони устодон, биноҳои нӯҳтабақаи истиқоматӣ барои омӯзгорон, 4 хобгоҳи дигар барои донишҷӯён дар назар аст.
Шаҳраки донишҷӯ дар 82 га. – тарҳи зебоест иборат аз комплеси мукаммали биноҳои таълимӣ, хобгоҳ, манзили истиқомат ва ҳама зербиноҳои замонавӣ. Тибқи нақша он дар дохили худ нақлиёти мусофиркаш хоҳад дошт. Нуриддин Саидов мегӯяд: «Ба ин муҳаббате, ки Президенти мамлакат ба донишгоҳ дорад, имкони то солҳои 2016-2020 амалӣ кардани ин нақшаҳо имконпазир аст».
– Донишгоҳ соҳиби китобхонаи электронӣ аст, – сӯҳбатро идома медиҳад ӯ. – Мо соли гузашта барои аввалин бор дар кишвар 37 номгӯ китобҳои дарсиро ба забони тоҷикӣ ба чоп расондем. Дар ҳоли ҳозир дар анбори муассиса беш аз 50 ҳазор китоби дарсӣ мавҷуд аст, ки дигар донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Китобҳои дарсие чун «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Таърихи Тоҷикистон», «Мантиқ», «Оптика», «Консепсияи табиатшиносии муосир», «Психология» ва даҳҳо китобҳои дигар дар асоси мушовараи Вазорати маориф ва бо диди нав таълифу чоп шудаанд.
Дар донишгоҳ Фонди гардиши китоб созмон ёфт. Китоб ба донишҷӯён барои се сол ба иҷора дода мешавад. Пас аз се сол чун маблағи чопи китоб ба Фонд баргашт, донишҷӯ дигар онро бепул истифода бурда метавонад. Аз ҳисоби пули ҷамъомада китобҳои нав табъу нашр мегарданд. Табиист, ки нархи китоб барои баъзе донишҷӯён гаронӣ мекунад. Бинобар ин мо барои осонии кор бештари китобҳоро дар шакли CD ва DVD таҳия ва ба фурӯш баровардаем.
– Фурсат барои бунёди биноҳои нав ва ободонии саҳну майдонҳо кам буд, –мегӯяд ректор, – бинобар ин мо аз нерӯи донишҷӯёне, ки дар отрядҳои бинокорӣ ҷамъ омада буданд, истифода бурдем. 200 донишҷӯро муддати се моҳ тахассуси бинокорӣ омӯхтем. Бо заҳмату ҳиммати онҳо ин биноҳои хуштарҳ ва корҳои таъмиру ободонӣ ба анҷом расидаанд. Онҳо корро дар сохтмони биноҳои дигари таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯӣ солҳои оянда дар давраи таътил идома хоҳанд дод.
Бо ташаббуси ректор барои таъмини доимии об дар дохили шаҳрак чоҳе канда шудааст, ки чуқурии он ба 80 метр мерасад. Ва кандани чоҳи дувум низ дар нақша аст. Ҳамчунин барои таъмини озодонаи шаҳрак бо барқ маркази ҷудогонаи тавлиди барқро сохта ба истифода додаанд.
-Танҳо дар муҷаҳҳаз сохтани лабораторияҳои факултаи физика қариб 2 миллион сомонӣ масраф шудааст. Дар биноҳои наву пешин барои 6 ҳазор ҷойи нишаст аз кишвари Белорус мизу курсӣ, беш аз 100 адад ҷевони либос, 131 адад ҷевони китоб, 150 мизи компютер, садҳо адад мизи лабораторӣ, минбар, тахтаи синф харидорӣ кардем. Ба ҳамин минвол, 1 лаборатория барои факултаи ҳуқуқшиносӣ, 7-то барои факултаи биология, 3 адад лаборатория барои факултаи кимиё, як адад студияи сабти овозу тасвир барои факултаи журналистика, даҳҳо тахтаи электронии синф, видеопроектор, 375 адад компютер¬ харидорӣ ва дар синфхонаҳо васл гардид, -мегӯяд сарвари муассиса.
Дар яке аз биноҳои донишгоҳ толори бузурге бо 1100 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ низ муҷаҳҳаз бо мебелу техникаи нав ба ихтиёри донишҷӯён вогузошта мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб бинои факултаҳои фалсафа, иқтисод ва биология низ аз нав таъмиру бозсозӣ шудаанд.
Шурӯъ аз аввали сентябр дар бинои собиқи факултаи биология Литсеи марбут ба донишгоҳ барои 150 хонанда иборат аз 10 синфи 15 нафарӣ ба фаъолият мепардозад. Дар он хонандагони лаёқатманд дар риштаҳои физика, кимиё, биология, табиатшиносӣ ва риёзиёт илм меомӯзанд. Барои интихоби шогирдони ин литсей 3 навбат озмун доир гардид ва беҳтарин шогирдон интихоб шуданд. – Ман ба боварии комил метавонам бигӯям, ки пас аз се сол шогирдони ин литсей дар озмунҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён хоҳанд шуд, – мегӯяд Нуриддин Саидов.
Ҳамзамон дар соли нави хониш кори бунёди Маркази нави биотехно¬логӣ бо се лабораторияи калон оғоз хоҳад ёфт. Корҳои таҳияи асноди ҳуқуқии байналмилалӣ барои ин Марказ ва маслиҳати донишмандони кишварҳои Қазоқистон ва Русия дар эҷоди он ба анҷом расиданд. Бо як ширкат дар асоси озмун қарордод баста шудааст, ки тирамоҳи соли равон тамоми таҷҳизоти се лабораторияро оварда дар бинои пешинаи факултаи физикаи донишгоҳ васл намояд. Ин Марказ пас аз шурӯи фаъолият дар се самт: нурборон кардани тухмиҳо, истифода аз заминҳои камоб ва шӯразор ва боло бурдани ҳо¬сил¬нокӣ фаъолияти амалӣ-истеҳсо¬лиро дар кишвар ба роҳ мемонад. Маркази биотехнологӣ нақшҳои муҳи¬ме дорад, ки яке аз онҳо таҳияи генафонди олами набототу ҳайвонот (флора ва фауна)-и Тоҷикистон барои ҳифз дар шароити ҳарорати поин ба муддати 300-500 сол мебошад. Ин тадбир барои дубора зинда кардани намунаҳои гумшудаи олами набототу ҳайвонот ёрӣ мерасонад. Донишмандони ин даргоҳ нақша доранд, ки тарҳи барномаҳои экологиро барои пешгирӣ аз бӯҳронҳои экологӣ дар сурати зарурат дар корхонаҳои бузург таҳия кунанд.
Тирамоҳи соли равон барои 6 ҳазор ҷойи нишаст боз таҷҳизоти нав харидорӣ мегардад, то ҳамаи факултаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин бошанд.
Соли гузашта бо ҳидояти раиси донишгоҳ аз ҳисоби мебели мактабии истифодашуда дар донишгоҳ мизу курсӣ ва мебели таълимиро барои се ҳазор ҷойи нишаст аз донишгоҳ ҷамъ оварда, дубора таъмиру навсозӣ ва рангмолӣ карда ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ тӯҳфа намуданд.
¬Ҳамин тавр, дар чор бинои нави таълимӣ, ки барои бунёди онҳо аз Фонди Президенти мамлакат 36 миллион сомонӣ масраф шудааст, донишҷӯ¬ё¬ни факултаҳои геология, биология, физикаву математика, яъне фанҳои равияи табиатши¬но¬сӣ ба омӯзиш оғоз хоҳанд кард.
Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро аз оғози таъсисёбиаш, яъне соли 1948, беш аз 100 ҳазор фарзанди кишвар хатм кардааст. Ҳоло дар 15 факултаи донишгоҳ беш аз 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд.
Аҳмадшоҳи КОМИЛЗОДА,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5917