logo

илм

Иқтидори зеҳнӣ дуруст истифода мешавад

Муассисаҳои илмии Академияи илмии ҷумҳурӣ тамоми иқтидори зеҳниву заминавиашонро дар навбати аввал ба таҳқиқи  масъалаҳои барои ҳаёти инсоният ва ҷумҳурӣ муҳим равона намудаанд. Аз ин нигоҳ агар натиҷаҳои илмии тайи солҳои охир ба дастовардаи  муассисаҳои Академияи илмии кишварамон дар истеҳсолот истифода шаванд, сатҳи иқтисодиямон хеле боло меравад.
Муҳимтарин иқдом дар ин самт дар навбати аввал қабули як силсила асноди меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи  Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015, Барномаи  татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии мамлакат дар солҳои 2010-2015 ва Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки дар онҳо фаъолияти муассисаҳои пажӯҳишии мамлакат хеле равшан муайян шудааст. Ин барномаҳои стратегӣ дурнамои фаъолияти муассисаҳои илмиамонро возеҳ нишон додаанд. Ҳоло олимони мо имкон доранд тибқи лоиҳаҳои мушаххас, инчунин дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба мисли Русия, ИМА, Канада, Ҷопон, Чин ва як қатор кишварҳои Аврупову Осиё  ба таҳқиқу пажӯҳиши мавзӯъҳои муҳими илмӣ машғул шаванд.
Айни замон дар асоси ин барномаҳо самтҳо ва номгӯи технологияҳои муҳимтарине, ки Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмии дигари ҷумҳурӣ коркард намудаанд, барои истифода пешниҳод гардида, зина ба зина амалӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои  истиқлолияти кишвар муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ беш аз 300 коркарди илмиро ҳосил намуда, барои истифода ба вазорату муассисаҳои кишвар  пешниҳод намуданд. Ҳоло зиёда аз 40 кашфиёту натиҷаи корҳои таҳқиқии олимони мо дар муассисаҳои вазорату идораҳо ва корхонаҳои саноатии мамлакат, аз ҷумла Корхонаи алюминийи Тоҷикистон, корхонаҳои бофандагӣ ва ширкату хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ татбиқ гашта, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
Истифодаи асбоби криоҷарроҳӣ барои магнитдармонии навташкилаҳо ҳангоми бемории саратон, кашфи технологияи гудозиши кӯрагии чӯян бо ивази ҷузъии кокси металлургӣ ба ангишти маҳаллӣ бо самараи иқтисодии $15000 ба 1000 тоннаи гудозиши солона, таҳияи илмии нақшаи технологии ба даст овардани консентрати гилхок аз партовҳои саноати алюминий ва ашёи маъдании маҳаллӣ (аз рӯи ин нақша дар заводи алюминийи Тоҷикистон оид ба коркарди партовҳои корхона коргоҳ сохта шуд), усули гирифтани консентрати криолиту гилхок аз партовҳои алюминий бо усули сӯзиш, бо самараи иқтисодии $220000, технологияи омодасозии моделҳои қолибгирӣ барои гудохтани арматураи облӯлагӣ дар Корхонаи арматураи Душанбе бо истифодаи қатрони госсиполӣ- партовҳои саноати равған ба сифати ҷузъи васлкунанда бо самараи иқтисодии $5000 ба 100 тонна қатрон ва даҳҳо  натиҷаҳои дигари илмии академия аз ҷумлаи ҳамин гуна дастовардҳоянд. 
Натиҷаҳои илмии дар ин давра ҳосилнамудаи мо дар истеҳсолот фоидаи назаррас доданд. Чунончи,ташкилаҳои муҷтамеи маъданӣ барои илова ба ғизои мурғони парваришӣ; хӯлаҳои дубораи алюминийи бо фулузоти ишқорӣ модификатсияшуда барои гудохтани деталҳои гуногун, технологияи пурсозӣ ҳангоми васли анодҳо аз чӯяни синтетикӣ ва технологияи холӣ кардани таъйиноти гуногун бо истифодаи чӯяни синтетикӣ, оҳанпора ва маводи дорои карбон, парвариши пахтаи селексияи Институти физиологияи растанӣ ва генетика дар ноҳияи Данғара, Фархор, Ғозималик ва Рӯдакӣ бо самараи  иқтисодии $5 миллион, коркарди усулҳои биотехнологии ба даст овардани тухмии солиму баландсифати картошка ва татбиқи онҳо дар хоҷагиҳои картошкапарварии як қатор ноҳияҳои мамлакат, истифодаи усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои ҷигар ва узвҳои ҳозима, ки дар Институти гастроэнтерология тарҳрезӣ шудаанд, аз қабили ҳамин дастовардҳоянд.
Барои кашфиёт, ки ба усулҳои  истифодаи мавод ва технологияи нав алоқаманданд,  70 ҳуҷҷати маҳфуз дастрас гашт.
Ғайр аз ин, дар ин давра муассисаҳои илмии академия бо  муассисаву корхонаҳои вазоратҳои энергетика ва саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва ғайра  ҳамкорӣ намуданд. Онҳо ба дастовардҳои илмии ҳолат ва имкониятҳои техникии барқароркунии нуқтаи ҷумҳуриявии гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, коркард ва тавсифи таркибҳои пектин-сафеда барои бунёди барандаи моддаҳои доруӣ дар рӯдаҳо, коркарди тарзи самараноки истеҳсолоти  пектин, синтези моддаҳои  намунавӣ (моделӣ)-и аз ҷиҳати биологӣ фаъол, ки дар истеҳсолоти маводи хӯроквории соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, коркарди усули ҷудокунии сурма ва висмут бо гирифтани тилло аз коркарди комплексии маъданӣ ва консентрат,  баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва паст намудани хавфи сейсмикӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, ҳифзи намудҳои растаниҳои камёб (эндемикӣ) ва нодир дар ҳавзаҳои Зарафшон, Ванҷоб, Сурхоб, Тоирсӯ ва таҳияи чорабиниҳо доир ба истифодаи оқилона ва устувори захираи растаниҳо, таҳлили геномии зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯшадор ва ҳамақсоми табиии онҳо дар Тоҷикистон ва ғайра ноил гаштанд.
Айни замон дар асоси фармоишҳои вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои Академияи илмҳо ба тадқиқоти деформатсионӣ дар сарбанди НБО-и Норак,  мушоҳидаҳои муҳандисии сейсмометрӣ дар НБО-и Норак дар вақти заминҷунбиҳои сахт», мушоҳидаҳои муҳандисии сейсмометрӣ дар НБО-и Сарбанд» ва ғайра машғуланд.
Танҳо дар давоми  5 соли охир муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо беш аз 160 коркарди илмӣ ҳосил намуда, ҷиҳати истифода ба вазорату муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ  пешниҳод намуданд.
Қобили зикр аст,  ки айни замон ҳамкориҳои кормандони Академияи илмҳо бо макотиби олии мамлакат дар доираи Барномаи ҳамгироии илм ва маориф ва Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмии кишвар барои солҳои 2009-2015 идома дорад. Ва бо ин мақсад низ тавассути ташкили маҳфилҳои илмиву ҷалби ҷавонон ба фаъолияти пажӯҳишӣ дар ҳамаи муассисаҳои илмии кишвар тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин ҳама, чун ҳазорсолаи сеюм дар рушди башар нақши муассире мегузорад, сохтори академия низ дар остонаи ташаккул қарор дорад.  Бо ин мақсад айни замон бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гурӯҳи кории бонуфузе оид ба тағйири сохтори ин муассисаи илмии кишвар фаъолият дорад. Умедворем натиҷаи кори ин комиссияи бонуфуз дар пешрафти илми тоҷик таконе хоҳад шуд.

Изатулло ҒАНИЕВ,
академик-котиби Шӯъбаи илмҳои
физикаю  математика, химия, геология
ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед