logo

мулоқотҳо

Гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Роберт Симмонс

31 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуданд.

Муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои Афғонистон, ҳамгироӣ дар мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва масоили интиқоли транзитии борҳои ғайринизомии НАТО аз қаламрави Тоҷикистон  аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Аз ҳамкории дуҷониба дар чаҳорчӯби барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми Хазинаи боварии НАТО бо Тоҷикистон доир ба ҳамкорӣ дар нобудсозии аслиҳаи муқаррарӣ ва поксозии ҳудуди Тоҷикистон аз минаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Густариши ҳамкорӣ баҳри беҳсозии имконоти Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамчунин дастгирии бештари нерӯҳои марзбон ва дигар сохторҳои дахлдори кишвари мо, ки масъулияти ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистонро бар ӯҳда доранд, матлуб дониста шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба имконоти мусоидат ба рушди  ҳамкории минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

-Барои ман шарафи бисёр бузург аст, ки маротибаи чорум бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳам. Дар вохӯрии имрӯза мо асосан масоили вобаста ба мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор додем. Ёдовар мешавам, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ ( НАТО ) беш аз пеш густариш меёбанд.  Ман ба Ҷаноби Олӣ барои таъмини транзити борҳои ғайринизомии НАТО аз қаламрави Тоҷикистон ва истифодаи фурудгоҳҳои мамлакат миннатдорӣ баён намудам.
Дар ин бора Роберт Симмонс, намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод.
-Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар Афғонистон то замони ба эътидол омадани вазъият дар ин кишвар ва муқтадир гардидани ниҳодҳои қудратии ҶИА боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, мо талош хоҳем кард, ки ҳарчи зудтар дар Афғонистон ҷангу хунрезӣ хотима ёбад ва пеши роҳи хатарҳои ҷаҳони муосир, махсусан терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар гирифта шавад,-гуфт Роберт Симмонс, намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед