logo

илм

Далели ҳастиву омили тавонмандӣ

Китоб  далели ҳастиву омили тавонмандӣ ва мӯҷиби сарфарозии миллат аст. Халқи тоҷик аз аҳли китобанд ва табиатан ба китоб меҳру муҳаббати беандоза доранд. Бузургон, хирадмандон ва мутафаккирони гузаштаю муосир китобро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ донистаанд. Иқтидору нерӯи миллат дар китобҳои ӯст ва беҳуда нест, ки душманон чун ба мулке дасти ғорат ва талаву тороҷ мезаданд, нахуст китобҳову китобхонаҳои онҳоро тороҷ мекарданду месӯзонданд.
Ҳар кӣ китоби хубе навишт, дар мазраи дилҳо аз некӣ донаҳо кишт.
Мо чунин гумон дорем ва дар ҳаёти хеш борҳо эҳсос кардаем, ки вақти ба даст овардани як китоби хуб, ғаму ғусса дур мешавад. Гӯё ҳар китоби наве, ки ба хона меорем, вай донишмандест, ки ба хидмати худ мегуморем.
Бузургтарин сухани бузургонро аз китоб медонем ва чораи гирифториҳоро ҳам аз китоб мефаҳмем.
Китоб  ҷоми ҷаҳоннамост ва агар ҳам онро муфидтарин ихтирои башар бидонем, ҳеҷ гоҳ саҳв намекунем.
Мегӯянд, ки модар набошад, инсон сохта намешавад ва агар китоб набошад, рӯҳи башар парвариш намеёбад.
Китоб ғами инсонро дур мекунад, мӯъҷиза, ҳамсӯҳбат, ҳамроз, маслиҳатгар, рӯҳбахшу роҳбалад ва хидматгори шахс дар рӯзгор аст. Ба фармудаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест».
Ҳар чиз вобаста ба хирад ва он ниёзманд ба фарҳанг аст, ки асосашро китоб ташкил менамояд. Ҳар қадар  аз китоб бештар истифода барем, зиндагиамон беҳтар мешавад. Китоб ва ҳикмат  қувваи беҳамтоанд. Навиштани китоб саҳл нест. Гуфтаанд, ки навиштани як китоб мушкилтар аст аз бунёди як шаҳр.
Бе китоб, эй дӯстон,
бунёди мо
норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун
хонаи беравзан аст.
Китоб нурбахш асту китобхон нуронӣ.
• Агар дар зиндагӣ зуд-зуд ба нокомӣ дучор оед, бидонед, ки ҳанӯз ба қадри кофӣ китоб нахондаед.
• Одам ба дунё ба ду чашми бино меояд, вале ӯро боз чашме мебояд, ки нодиданиҳо бубинад, ношуниданиҳо бишнавад. Чунин чашму гӯш китоб аст.
• Ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат нерӯманд аст.
• Шахсе, ки аз ҳаёт безор гардидааст, бемор аст. Ба ӯ ба ҷойи дору китоб пешниҳод бояд кард.
• Нодортарин шахс онест, ки китоб надорад. Хуршед бо ин ҳама тавоноӣ наметавонад, ки дили моро равшан созад. Ба ин кор танҳо китоб қодир аст.
• Андозаи нобаробариҳои мо баробар ба андозаи дуриямон аз китоб аст. Ҳар қадар ба китоб наздик шавем, ҳамон андоза аз ҷаҳолат дур мегардем.
• Китоб нурбахш аст ва инсон ҳар қадар китобхон бошад, ҳамон қадар нуронист.
• Ҳар фарде, ки ақаллан як маротиба аз сидқ китоберо мутолиа кардааст ва маънии онро фаҳмидааст, одами бад буда наметавонад.
Хурдтарин нусхаи Қуръон дар Тоҷикистон аст.
Муддати чанд сол аст, ки китобе бо унвони «Парандаҳои Америка» дар Китобхонаи Конгресси Амрико маҳфуз мебошад. Он яке аз калонтарин китоб дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Андозааш 76,2 ба 106,7 см аст. Ва онро баъди китоби М.Хомӣ ба номи «Бутан: саргузаштҳои шоҳигарӣ» донистаанд. Вазни китоб 60,3 кило буда, андозааш 152,3 ба 213, 3 см аст. Аз 112 саҳифа иборат буда, 2000 доллар нарх дорад.
**
Аз ҳама хурдтарин нусхаи чопи сангии Қуръони карим бо андозаи дарозиаш 1,8 см, бараш 1,2 см ва вазнаш 1,6 гр, ҳаҷми матни арабӣ бидуни ҳошия 1,6  см, дар ҳар саҳифа 12 сатрӣ, дар анҷомаш 10 мӯҳри курашакл дошта, ҷамъулҷамъ 146 варақ ё 292 саҳифа будаю эҳтимолан аввалҳои соли 90-уми асри 19 дар матбааи бонуфузи шаҳри Қазони Федератсияи Русия ба табъ расида, дар захираи тиллоии Шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маҳфуз мебошад.
Он бо хати навъи насху настаълиқ навишта шуда, мукаммал ва бениҳоят зебост.
**
Вазни як ҳарфи бо қалам навишташуда ба 0, 00033 гр баробар аст.
**
Дар Китобхонаи миллии Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон понздаҳ нусхаи хаттии Қуръони карим ва ҳафт Тафсири Қуръон маҳфуз мебошад.
Яке аз ин нусхаҳои мӯътабар ба қалами Сайидамини Мӯсавӣ нигошта шудааст. Китоб тиллоандозӣ ва минётурсозӣ шудааст.
Дигаре, «Қуръон»-и нафис ҷилди садафдошта буда, кандакорию тиллокӯбӣ гардидааст.
Сеюмӣ, нусхаи қобили эътимодест, ки аз арабӣ ба форсӣ гардонида шуда, мутааллиқ ба давраи Сомонист ва дар замони Мансур бинни Нӯҳ бо қалами олими барҷастаи соҳаи таърих Муҳаммад Ҷарир ат-Табарӣ тарҷумаи он ба анҷом расидааст.
**
Подшоҳи Афғонистон ба шоҳаншоҳи умумии форсҳо «Қуръон»-и пурнақшу зебоеро тақдим мекунад (мутаассифона, маълумоти дақиқтар вуҷуд надорад), ки мислаш дида нашудааст. Фақат муқоваи вай  800 ҳазор доллар арзиш доштааст.
Барои нигоҳдории муқова дар ғафсии 6 мм тиллои соф, 167 дона марворид, 637 дона лаъл, алмос ва дигар сангҳои нодиру пурҷило истифода шудаанд.
**
Китобдӯсте дар Британияи Кабир асари нависандаи англис Уилям Ленглед «Хоббинии Рейр Плоумен»-ро ба маблағи 22 ҳазор фунт-стерлинг харидааст.
**
Чанд сол қабл дар Британияи Кабир савдои ғайриодӣ ба вуқӯъ омада буд. Нусхаи хаттии «Инҷил»-ро ба забони олмонӣ 11,8 миллион доллар нарх гузоштанд.
**
Мутафаккири бузурги Шарқ Абӯалӣ ибни Сино ба забони форсии тоҷикӣ 479 асар таълиф кардааст. «Ал-қонун-фи-т-тиб»-и ӯ солҳои 1000-1020 ба забони арабӣ навишта шуда, аз панҷ ҷилд иборат аст. Ин асар соли 1473 дар шаҳри Милан чоп шудааст.
Боре дар Англия пораҳои ин асари Абӯалӣ ибни Сино ба маблағи 880 ҳазор доллар ба савдо рафтааст.

Таҳиягарон Бекназар
АҲМАДОВ,
Абдуллоҷон ЮНУСОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5368
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед