logo

мулоқотҳо

Сафири Покистон дар ҳузури Президенти Тоҷикистон

4 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон  Халид Усмон Кайсарро ба ҳузур пазируфт.

Халид Усмон Кайсар дар оғози  мулоқот  ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Исломии  Покистон Осиф  Алӣ   Зардориро  тақдим  намуд. Осиф  Алӣ Зардорӣ  Эмомалӣ Раҳмонро даъват намудааст, ки ба Покистон сафари расмӣ анҷом бидиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ки солҳои ахир рӯ ба инкишоф ниҳодаанд, баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми Покистон бинобар обхезии шадид, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти беандозаи иқтисодӣ гаштааст, изҳори ҳамдардию тасаллият карда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба осебдидагони ин офати табиӣ кӯмаки башардӯстона расонад.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба рафти иҷрои санадҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла тавофуқоти чорҷонибаи Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Русия зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки корҳо баҳри бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон бояд тезонда шаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии байналмилалии ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед