logo

фармонҳои президент

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ф а р м о н   м е д и ҳ а м :
1) Аз 1 октябри соли 2010:
-маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, маориф,  ҳифзи иҷтимоӣ,  фарҳанг, кормандони дигар муассисаҳою ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ (ба ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, ки барояшон ҷадвали ягонаи тарифӣ мавриди амал қарор дода мешавад), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, истеҳсолоти иҷро, идораи давлатии нотариалӣ  ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) ба андозаи  10 фоиз зиёд карда шавад;
- зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз рӯи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида мувофиқи Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад;     
-нафақаҳои меҳнатии нафақахӯрон ба андозаи 15 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд карда шавад;
-андозаи ҳадди ниҳоии нафақа ба маблағи 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
-андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маблағи 150 сомонӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба маблағи 200 сомонӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба маблағи 250 сомонӣ ва аспирантҳо ба маблағи 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Андозаи дигар стипендияҳои амалкунандаи аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 10 фоиз зиёд карда шаванд.
2) Аз 1 октябри соли 2010 ҷадвали ягонаи тарифӣ дар асоси таҷрибавӣ ба хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи замима мавриди амал қарор дода  шавад.
Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Ба хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, пардохти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳои музди меҳнат, ки дар асоси қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, боздошта шавад.
3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда таъмин намояд;
-дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ    РАҲМОН

ш. Душанбе,  6 сентябри соли 2010,  № 923


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед