фармонҳои президент
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2010, № 923 “Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия”
Фармони мазкур ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 баён намудаанд ва дар доираи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Мутобиқи банди 1 Фармон марҳилаи нави зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақаҳо ва стипендия аз 1 октябри соли 2010 амалӣ карда мешавад, аз ҷумла:
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, кормандони дигар муассисаҳою ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифии) амалкунандаи хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, истеҳсолоти иҷро, идораи давлатии нотариалӣ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ ва махсус ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад, ба ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, ки барояшон ҷадвали ягонаи тарифӣ мавриди амал қарор мегирад;
- музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 33,3 фоиз зиёд мегардад;
- нафақаҳои меҳнатӣ бошад ба андозаи 15 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд мешавад. Андозаи ҳадди ниҳоии нафақапулӣ ба маблағи 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳадди ниҳоии нафақапулии амалкунанда 100 сомонӣ зиёд аст;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маблағи 150 сомонӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба маблағи 200 сомонӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 250 сомонӣ ва аспирантҳо 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст;
- андозаи дигар стипендияҳои амалкунандаи аспирантҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 10 фоиз зиёд карда шудааст.
Банди 2 фармони мазкур ба баланд бардоштани музди меҳнати хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурӣ, ки ба тариқи таҷрибавӣ амалӣ мегардад, дахл дорад.
Мутобиқи он аз 1 октябри соли 2010 андозаи маоши заминавии онҳо дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон ба хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, пардохти муқаррароти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳои музди меҳнат, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, боз дошта мешаванд, зеро онҳо ба маоши заминавӣ ҳамроҳ карда шудаанд.
Умуман, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони мазкур дар маҷмӯъ 61,9 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ равона карда мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки тайи соли равон ин иқдоми дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа мебошад, ки дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона мегардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2546