logo

илм

Александр Беленитский

Номи бостоншинос, муаррих ва шарқшиноси маъруф, доктори улуми таърих ва ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Александр Маркович Беленитский  аз солҳои 40-уми асри 20 инҷониб ба аҳли илму фарҳанги кишвари мо хуб шинос аст.
Беленитский  соли 1904 дар деҳаи Любинои губернияи Пскови Русия, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби ибтидоӣ дар дили ӯ ба  Шарқ меҳру муҳаббат пайдо мешавад ва ин ишқ Беленитскии ҷавонро аз Псков ба Донишгоҳи навтаъсиси Осиёи Миёна меорад. Мақсади асосии ӯ омӯхтани ду забони муҳими Шарқ- арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ буд, ки бо онҳо ҳазорон китоб навишта шудааст.
Солҳои донишҷӯӣ дар Тошканд Беленитский  аввалан бо марказҳои бостонии тамаддуни тоҷикон- Самарқанду Бухоро шинос мешавад. Ҳангоми таътилҳои тобистона  рӯй ба кӯҳистони тоҷикон – водиҳои Зарафшон, Рашт, Дарвоз ва ғайра меорад, то бо лаҳҷаҳо, фолклор, ҳунарҳои қадимии кишоварзӣ, манзилсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарии онон аз наздик шинос шавад. Яъне ӯ худро ба таҳқиқоти ҷиддии илмӣ оид ба таъриху тамаддуни тоҷикон омода мекард.
Тавре  худи Беленитский  ба муаллифи ин сатрҳо изҳор дошта,  ҳангоми яке аз ин сафарҳо ӯ ба дасти босмачиён меафтад. Вақти пурсиш онҳо мебинанд, ки ин ҷавони «кофир» ба арабӣ ва тоҷикӣ хуб ҳарф мезанад, калимаи шаҳодатро ба забон меорад, Қуръонро бехато мехонад ва оятҳоро аз ёд медонад, ӯро меҳмондорӣ карда ҷавоб медиҳанд.
Маҳз дар он солҳо дар дили Беленитский  нисбат ба халқи куҳан ва ботамаддуну меҳмоннавози тоҷик  меҳру эҳтироми бепоён пайдо шуд ва то поёни умр боқӣ монд.
Пас аз хатми донишгоҳ Беленитский  ба Хуҷанд омада, омӯзгори фанни таърих ва нозири мактабҳои ин шаҳр мешавад. Бо назардошти донишу кордониаш, пас аз як сол ӯро ба Душанбе, ба Комиссариати маориф ба кор даъват менамоянд.
Дар Хуҷанду Душанбе Беленитский  вақти холии худро ба омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ ва таҳқиқи осори ниёгони  тоҷикон сарф мекард.
Шарқшинос А. Якубовский бо Беленитский  шинос  мешавад ва аз донишу истеъдоди баланди ӯ огоҳӣ ёфта, ӯро ба аспирантура даъват менамояд.
Он солҳо Беленитский  ба омӯзиши яке аз саҳифаҳои дурахшони муборизаи эрониёну тоҷикон – ҷараёни озодихоҳии «Ҳаракати сарбадорон», ки дар асри 14 бар зидди ғосибони муғул ташаккул ёфта буд, машғул гашт.
Соли 1936 Беленитскийро ба Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Санкт-Петербург  ба кор қабул намуданд ва ӯ то поёни умр дар ин боргоҳи илм хизмат кард. Вай аз соли 1938 дар таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла водии Зарафшон иштирок дошт.
Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Беленитский  дар сафи муҳофизони Санкт - Петербург  ҷангидааст. Соли 1946 зери сарварии А. Якубовский гурӯҳи бостоншиносии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ҳайати он шогирдони ӯ  Беленитский , М. Дяконов, О. Смирнова, Б. Ставитский ва дигарон буданд.
А. Якубовский омӯзиши аввалини ёдгориҳои минтақаи ҷануби Тоҷикистонро ба зимаи Беленитский  гузошт. Ва ӯ давоми солҳои 1946 - 1947  даштҳо, водиҳо ва найзору туғайзорҳои онро давр зада, даҳҳо ёдгориҳои бостониро муайян намуд ва харитаи онҳоро тартиб дод. Ҳамчунин оид ба таърихи Хатлон мақолаи пурарзише навишт.
Аз соли 1948 Беленитский  дар ҳафриёти Панҷаканди бостонӣ иштирок карда, яке аз маъбадҳои онро омӯхт. Ва солҳои 1954-1973 сарвари гурӯҳи бостоншиносии Тоҷикистон буд.
Хизмати Беленитский  дар ҷустуҷӯ ва омӯзиши мероси моддии Панҷаканди бостонӣ бузург аст, зери сарварии ӯ хеле корҳои таҳқиқотӣ бурда шуданд. Ҳиссаи ӯ дар ташкили Осорхонаи устод Рӯдакӣ ва Пойгоҳи бостоншиносии Академияи илмҳо дар Панҷаканд  низ бузург аст.
ӯ ҳам донишманди тавоно,  ҳам устоди сахтгиру меҳрубоне буд  ва  даҳҳо ҷавононро тарбия ва ба роҳи илм равон кард. Беленитский  яке аз асосгузорони мактаби машҳури бостоншиносии Панҷаканд аст. Бостоншиносони тоҷик  А. Исҳоқӣ, И. Раҳматуллоев, Д. Абдуллоев, муаллифи ин сатрҳо ва дигарон  шогирдони ӯ мебошанд.
Беленитский  муаллифи даҳҳо мақола ва китоби илмӣ оид ба таъриху тамаддуни тоҷикон, Суғди бостон ва яке аз муаллифони китоби «Таърихи халқи тоҷик» мебошад. Асари машҳури Берунӣ «Маъданшиносӣ»-ро аз арабӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Китобҳои ӯ ба забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва ғайра  чоп гашта, дар тарғиби таъриху фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон ҳиссаи назаррас доранд.
Беленитский  соли 1995  дар Санкт-Петербург аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Усмони ЭШОНЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед