logo

паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, душанбе, 8 сентябри соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Фардо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатӣ - бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихи навини худро бо шукӯҳу ҷалоли хоса истиқбол менамояд.
Нуздаҳ сол аст, ки аз партави истиқлолият тоҷи заррини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шӯълаи ҳаётбахши он рӯзгори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошанд.
Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Бинобар ин, бо камоли шодмониву ифтихормандӣ хурду бузурги сарзамини озоду соҳибихтиёрамон ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро ба шарафи ин ҷашни муқаддасу муборак самимона табрик гуфта, орзумандам, ки ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша фурӯзон бошад.
Дар рӯзҳои ҷашни истиқлолият ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи  давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардидаанд.
Мову шумо аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерӯву ғизо мегирад.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле  назаррас ноил гардид.
Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон зина ба зина татбиқ карда истодаем.
Имрӯз дар шароите, ки истиқлолияти Тоҷикистон сол ба сол таҳким меёбад, мо сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷуда азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, рушди саноати миллӣ, пешбурди кишоварзӣ ва тараққӣ додани коркарди саноатии ашёи хоми ватанӣ мақсади ниҳоии худ, яъне сатҳу сифати шоиставу арзандаи зиндагии аҳолиро марҳала ба марҳала амалӣ намоем. 
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурдаанд.  Гузашта аз ин, фақат дар давоми даҳсолаи охир ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ барои болоравии мақоми давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналхалқӣ пойдевори боэътимод гузоштаанд.
Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистони мо ба маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пешниҳодҳои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардиданд. Чорабиниҳои басо муҳим ва арзишманди байналхалқӣ, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ бахшида ба арзёбии марҳалаи аввали Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ё худ таҷлили  соли бузургдошти Имоми Аъзам, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ва олами ислом  дучанд афзуданд.
Ҳамчунин, соли гузашта Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати намояндагони 192 давлати ҷаҳон – аъзои ин созмони бонуфузтарини байналмилалӣ ба ифтихори ҷашни 1150-солагии фарзанди ҷаҳоншумули миллати мо устод Рӯдакӣ анҷумани бошукӯҳи адабиву фарҳангие барпо намуд.
Бо пешниҳоди мо ва дастгирии кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд,  Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзи Аҷамро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфт ва чанде пештар Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразмро низ чун ёдгории нодири фарҳанги башарӣ эълон кард, ки ин ҳама нишонаи возеҳи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёту фарҳанги қадима ва эътирофи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи мо, инчунин нақшу мақоми Тоҷикистони навин дар миёни дигар кишварҳои олам мебошад. Ин аст самараи ҳаётбахши истиқлолият, фазои сулҳу ваҳдат, робитаҳои сулҳу дӯстиву ҳамкориҳои судбахш  ва аҳамияти он дар шинохти қадру манзалати давлати соҳибихтиёри мо дар арсаи ҷаҳон.
Ҳамватанони   мӯҳтарам!
Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.
Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.
Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем.
Ба ин маънӣ дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ беҳуда таъкид накарда будам, ки «дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи тавонову созандае мебошад».
Мо соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудаем ва итминон дорем, ки ин тадбир барои вусъати донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати техникии махсусан ҷавонон мусоидат менамояд ва онҳоро барои дастёбӣ ба ҷаҳони илму техника ва технологияҳои пешрафта водор ва ташвиқ месозад.
Мо дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиамон, ки забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё сохтем.
Забони тоҷикии мо, ки замоне  бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имрӯз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дӯстиву ваҳдат дар ақсои олам парвоз мекунад. Пас ғамхории давлатӣ ва умумихалқӣ ба чунин як забони куҳану пурмӯҳтаво, нобу шево ва  лафзи гавҳарбори модарӣ барои ҳар кадоми мо - соҳибони он ҳам фарз асту ҳам суннат аст.
Дӯстони азиз!
Мо соли оянда 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил мекунем. Ҷашне, ки таҷассумкунандаи тамоми дастовардҳои бист соли истиқлолият дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи мо хоҳад гашт.
Тоҷикистони мо ҳоло чун ҷавони саропо ғайрату кӯшишу ҳиммат ва нерӯманду солиму бардам бо азми дучанд машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти бистсолагии худро бо дастовардҳои шоёну арзанда истиқбол намояд.
Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва халқи  эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад, Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад. Мо ҳамеша саъю талош меварзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳама гуна таҳдидҳои ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пурталотум солиму эмин нигоҳ дорем.
Мо бо тамоми ҳастиамон кӯшишу талош хоҳем кард, ки кохи истиқлоли давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилову мӯҳташам ва устувору бегазанд бошад. Имрӯз ҳар як хиште, ки мову шумо ба кохи истиқлоли давлати худ мегузорем, бешубҳа, онро таҳкими бештар мебахшад ва рӯз ба рӯз пойдору устувортар мегардонад.
Ман ба нангу номуси миллӣ, ғайрату ҳиммати ватандӯстона ва заҳмату фаъолияти содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон итминони комил дорам ва бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки мо ҳама аҳлона нақшаҳои созандаву ниятҳои неки бунёдкории Ватани озоду соҳибихтиёрамонро амалӣ мегардонем ва дар солҳои наздиктарин шароити зиндагиву рӯзгори халқамонро ба сатҳи шоиста мерасонем.
Бо орзуи  ҷовидонагии истиқлолияти давлатиамон бори дигар тамоми хурду бузурги Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба шарафи ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон табрик мегӯям.
Бигзор, роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи ояндаи дурахшон, ба сӯи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафар бошад!
Бигзор, чароғи нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамеша фурӯзону ҷовидон ва равшангари роҳи имрӯзу фардои мо бошад!
Дар ин айёми фараҳбахшу пурнишоти ҷашни истиқлолият бо меҳру муҳаббати бепоён ба халқи бунёдкору шарафманди азизам саодатмандиву саломатӣ, сари баланду нерӯи тоза ва фатҳи қуллаҳои навро орзумандам.
Ҷашни бузурги истиқлолу озодӣ муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6964
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед