logo

паёмҳо

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ИДИ САЙИДИ ФИТР

Ҳамватанони азиз!
10 - уми сентябр дар идомаи ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иди сайиди Фитр фаро мерасад, ки инро мардуми мусулмони кишвар ҳамчун   рамзи нек ва раҳмати Худованд   мепазирад. 
Мавъизаҳои ходимони дин дар тӯли моҳи мубораки Рамазон, иршоду роҳнамоиҳои уламои ислом ба мардуми намозгузор, сӯҳбатҳои аҳли илму адаб ин ҳама дарси маърифати исломӣ, одобу ахлоқ ва худшиносиву худошиносӣ буданд.
Ин иди муборакро аз соли аввали ҳиҷрати Расули акрам аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара то ба имрӯз мусулмонон бо шодиву фараҳ истиқбол ва ҷашн мегиранд.  
Чордаҳ аср аст, ки тоҷикон аз ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, пайравӣ мекунанд ва ин дини мубину ин мазҳаби таҳаммулпазир унсури таркибии тарзи зиндагии ҳар фарди ҷомеаи мо гардидааст.
Гузашта аз ин, тоҷикон низ дар навбати худ дар ин муддат барои фарҳангу тамаддуни исломӣ хидматҳои басо шоиставу арзанда намуда, дар рушду нумӯъ, пешрафт ва густариши он саҳми муносибу сазовор гузоштаанд.
Дар даврони истиқлолият давлат барои баланд бардоштани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон ва қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии диндорон, аз ҷумла мусулмонони кишвар, ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Бо ин мақсад ҳоло чандин ниҳоди давлатӣ, ибтидо аз Кумитаи навтаъсис оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, фаъолият мебаранд. Ин ниҳодҳо  ба таҳқиқ, таҳия ва дастраси мардум гардонидани мероси пурғановати фарҳанги исломии ниёгон ва омӯзишу парвариши ворисони сазовору арзандаи онҳо машғул мебошанд. Аз ҷониби Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг - ИСЕСКО соли 2010 пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далел ва  нишонаи эътирофи мақому манзалати воқеии мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар миёни кишварҳои исломӣ, ҳамчун яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва саҳми бузурги он дар рушду нумӯи фарҳанги исломӣ маънӣ мешавад.
Аз ҷумлаи он анъанаи неке, ки барои истиқболи иди сайиди Фитр аз Паёмбари гиромиқадр ба умматашон  мерос мондааст,   ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.
Дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбари гиромӣ омадааст, ки сахӣ ба Худо наздик аст, ба биҳишту ба мардум наздик аст; бахил аз Худо дур аст, аз биҳишт дур аст, ба дӯзах наздик аст.
Калимаи арабии «садақа» аз решаи «сидқ» дар маъниҳои   ростӣ, дурустӣ, пойдорӣ ва  устуворию шоистагӣ ба кор рафта ва он молест, ки дар роҳи худо ба мустамандон ва ниёзмандон медиҳанд.
 Пас амали инсон замоне  садақа маҳсуб мешавад, ки агар он воқеан аз рӯи ихлосу имон ва ақидаи устувор дар роҳи расидан ба ормонҳои динӣ ва шоистаи муҳаббату дӯстии Худованд  бошад.  
Вақте Худованд барои шахс бузургтарин неъмат - неъмати имонро насиб кард ва аз молу дороии дунё низ ӯро рӯзӣ гардонид, пас тибқи фармудаи шариат бояд ба шукронаи ин ду неъмат бо дасту дили кушод хайру садақа анҷом диҳад.
Аввалин амали нек, ки дар рӯзи иди Фитр бояд анҷом гирад, ин  додани садақаи Фитр ба ятимону дармондагон, бечорагону мӯҳтоҷон, ниёзмандону маъюбон ва хонаводаҳои камбизоат  мебошад.
 Ҳамаи мо ба хубӣ медонем, ки ҷавҳари дини мубини исломро таҳаммулпазирӣ, хайрандешӣ ва инсондӯстӣ ташкил медиҳад. Ислом ҳама гуна аъмоли зишт, зӯроварӣ, зулму ситам, қатлу ғоратро қатъиян маҳкум месозад ва ба  падидаҳои ғайримақбули замони мо, ба мисли терроризм ва экстремизм, мутлақо иртибот надорад.
Таъкид сохтани ин ҳақиқат имрӯз маънии хос касб менамояд. Зеро мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки хатарҳои зиёде ба амнияти аҳли башар таҳдид мекунанд.
Ин ба мо- мардуми Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад ва омили он минтақаи ҷойгиршавиии кишвари мост, ки ба арсаи бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфтааст. Ин аз ҳар кадоми мо- мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мансубияти миллию динӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, беш аз пеш ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Аз айёми фоҷиабори ҷанги таҳмилии бародаркуш ҷомеаи моро ба тадриҷ фосилаи вақт ҷудо мекунад ва, хушбахтона, насли наврас  бе шунидани даҳшати садои тиру туфанг ба воя мерасад.
Ҳамзамон ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки имрӯз амнияту оромӣ, ризояти шаҳрвандӣ ва сулҳу суботи миллӣ бар ивази чӣ хисороту талафоти ҷониву молӣ ба даст омадаанд.   
Мо бояд ҳамарӯза аз он шукрона кунем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлоле мебошем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кардааст ва ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда устуворона бо роҳи демократӣ пеш меравад. Мо бояд шукронаи сулҳу субот кунем ва ин андешаро дар тафаккури ҷавонон мустаҳкам созем.
Мо бояд дар зери парчами ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, ба рӯйдодҳои замон аз мавқеи хирад баҳо диҳем ва ба ояндаи кишвару миллати хеш хушбинона назар кунем. Ҳарчанд айёми гузариш ва равандҳои ташаккули давлатдорӣ моро ба бисёр мушкилот рӯ ба рӯ сохтанд, мо онҳоро бо сабру таҳаммул паси сар кардем ва барои рушди устувор ва бемайлони кишварамон замина гузоштем. Мо инро бояд дарку қадршиносӣ кунем, ҳамдилу ҳамфикр ва муттаҳиду муттафиқ бошем.
Ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом, мардуми ҷаҳонро ба ваҳдат, иттиҳоду бародарӣ, шафқату тараҳҳум ва муҳаббату дӯстӣ даъват менамоянд.
 Мо, мардуми мусулмон, бояд ҳамеша аз чашмаи ноби фарҳангу тамаддуни исломӣ бархурдор бошем, бо роҳи ободонӣ пеш равем, ба даргоҳи Худованди мутаол  барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати халқи ҷаҳон дуо кунем.
Маълум аст, ки бе тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзида пешрафти ҷомеаи муосир аз имкон берун аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои омода намудани мутахассисони варзидаи ба рақобати бозори меҳнат тобовар амалӣ месозад.
Дар робита ба ин бояд таъкид намуд, ки имрӯз имкониятҳои раванди омӯзишу парвариши кадрҳо, аз ҷумла масҷиду мадрасаҳо, уламои дин, имомхатибон, ба пуррагӣ истифода намешаванд.
 Зарур аст, то дар ин кори хайр ва ниҳоят муҳим онҳо ширкат варзида, дар мавъизаҳои худ дар баробари ташвиқу тарғиби фарҳанги исломӣ, ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирӣ, сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ ба масъалаи омӯзиши илму ҳунар таваҷҷӯҳи  ҷиддӣ зоҳир намоянд. 
Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, хурду бузург - ҳамаи шуморо бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод мегӯям. Худованд тоату ибодат ва дуову дуруди мардуми моро дар ин моҳи муборак мақбули даргоҳи худ гардонад! 
Ба ҳамаи шумо имону эътиқоди комил, ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ, бахту иқболи баланд ва саодати зиндагӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ваҳдату ягонагӣ, фазои софу беғубор ва оромиву осудагиро орзу дорам.
Иди сайиди Фитр
Муборак бошад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед