logo

илм

Рушди илм - заминаи некӯаҳволии миллат

Ба дастовардҳое, ки дар соҳаи илм, ба вижа илмҳои дақиқ давоми  20 соли охир  ноил гаштем, бояд бо назари андеша нигарем ва аз натиҷаҳои корамон ба хулоса оему дар бораи оянда биандешем, ки кадом самтҳои илмҳои дақиқ, аз ҷумла илмҳои физика ва техникаро инкишоф диҳем, то онҳо дар рушди технологии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мусоидат намоянд.  Пошхӯрии сохтори Шӯравӣ робитаро бо марказҳои илмии собиқ Иттиҳод суст намуд, вале имкони густариши он бо давлатҳои дигари хоҳишманд ба вуҷуд омад ва ин раванд дар пешрафти илми тоҷик таъсири мусбат расонд.
Яке аз ин гуна натиҷаҳои  илмии институти мо дар риштаи физикаи назариявӣ назарияи кинетикии моеъҳост, ки асосгузори он   шодравон академик  Акобир Адҳамов мебошад. Пажӯҳиши назарияи молекулии кинетикии моеъҳо маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба як низоми нав даромад ва дастовардҳои он дар чандин рисолаҳо, аз ҷумла рисолаи доктории академик Саидмуҳаммад Одинаев ва рисолаҳои номзадиву доктории шогирдонашон инъикос ёфт. Дастоварди муҳими дигар тадқиқоти академик Раҳим Маъруфов аст, ки ба он солҳои 70-уми садаи гузашта шурӯъ намуда буд. Ҷамъбасти ин тадқиқот ҳамчун татбиқи усулҳои спектроскопияи инфрасурх дар ташхиси саривақтии бемориҳо  соли 1998 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардонида шуд.
Соли 1994 дар натиҷаи иҷрои озмоиши  олии тадқиқоти нурҳои кайҳонӣ дар машқгоҳи  Оқ-Архар, воқеъ дар баландии 4400 метр, ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Помири Шарқӣ супероилаи зарраҳои элементарӣ кашф карда шуданд. Ин кашфиёт дар маълумотномаҳои ҷаҳонӣ ҳамчун «Супероилаи Тоҷикистон» ворид гаштааст.  Онро олимони мо  дар ҳамкорӣ  бо муҳаққиқони Институти физикаи  Академияи илмҳои Русия анҷом доданд. Вале бо сабабҳои гуногун, ба вижа набудани маблағ ин озмоишгоҳ муддате корашро идома дода натавонист. Соли 2009 он ҳамчун Маркази байналмилалии илмӣ - тадқиқотии «Помир – Чакалтой» аз нав ба кор шурӯъ кард ва  камераи рентген- эмулсионии амиқи дуқабата дар машқгоҳи Оқ - Архар, дар  баландии 4400 метр насб карда шуд, ки он аз дастовардҳои  илми муосир аст. Ҳоло дар Маркази байналмилалии илмӣ – тадқиқотии «Помир –Чакалтой» масъалаҳое  омӯхта мешаванд, ки аз  ҷабҳаҳои пешқадами  илми ҷаҳонианд. Энергияи  зарраҳои элементарии нурҳои кайҳониеро, ки дар  машқгоҳ  мушоҳида мешаванд, то 1018 эВ-ро ташкил медиҳанд. Ба чунин энергияҳо дар суръатфизои Коллайдери Бузурги Адронӣ, ки   айни замон  дар  CЕRN,  Маркази тадқиқоти ҳастаии Аврупо (Шветсария),  сохта истодаанд ва рӯзҳои наздик ба озмоиши онҳо оғоз менамоянд, инсон нав даст меёбад. Албатта, соҳаи нурҳои кайҳонӣ ва зарраҳои элементарӣ ин як илми бунёдист ва барои таҳқиқу омӯзишаш  маблағи зиёд масраф мешавад. Аз тарафи дигар давлатҳои Аврупо ба омӯзиши чунин энергияҳо нав машғул шуданд, ки  Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 1973 - 1974 дар ин самт натиҷаҳо гирифта буд. Идомаи озмоиш дар ин марказ имкон медиҳад, ки сохтори дохилии зарраҳои элементариро омӯзем ва берун аз назарияи машҳур ба номи Модели Стандартӣ барои кашфи  асрори нави  табиат равзанае во созем. Ин гуна хусусиятҳое, ки ба доираи пажӯҳишҳои  стандартӣ дохил намешаванд,  дар Тоҷикистон, ба вижа дар «Супероилаи Тоҷикистон» мушоҳида гаштанд. Ҳодисаҳое, ба мисли кентавр ва антикентавр, ассимметрияи пароканиш ва ғайра дар доираи Модели Стандартӣ ифода намешаванд. Мо ҳамин хел як равзанаеро дар ҷаҳони илм кушодаем ва омӯзиши онро идома  додан зарур аст. Ҳангоми омӯхтани ин нурҳои кайҳонӣ  оид ба табиат маълумоти бештаре пайдо мекунем. Нурҳои кайҳонӣ зарраҳои элементарие мебошанд, ки ҳангоми омӯзиши ситораҳои фавқулнавъ ё ки абарнавъ, яъне ситораҳое, ки метарканду чунин зарраҳо пайдо мешаванд, заруранд.
Масъалаи дигар-омӯзиши торҳо ё суперторҳо (superstrings) – и бунёдианд, ки ҳангоми офариниши олам (13 миллиард сол қабл) ба вуҷуд омаданд ва шояд дар нурҳои кайҳонӣ мушоҳида карда шаванд, ба ҳалли масъалаҳои бунёдии оид ба хусусиятҳои фазо ва замон чавоб дода метавонанд. Масалан, бинобар назарияҳои муосир аз ёздаҳ ченаки дохили торҳои бунёдӣ  танҳо се ченак кушода шуда, бинобар ин фазои мо сеченака шуд, ченакҳои дигар дар дохили зарраҳои элементарӣ ба шакли печида боқӣ мондаанд. Ва маълум нест, ки чаро маҳз ҳамин се ченак кушода шудаву дигараш на, Ин аз масъалаҳои бунёдист. Дар бораи масъалаҳои мазкур аз замони Суқроту Арастуву Пифагор инсон фикр мекард ва шояд барвақттар аз он. Месазад, ки барои  ҳалли чунин масъалаҳо нерӯ ба харҷ диҳем. Назарияи хуб ба мо имконияти татбиқи онро медиҳад. Вақте ки Пиер  ва Мария Кюриҳо  ба таҳқиқи шираи  ангишт машғул буданд ва радиоактивиятро кашф карданд, касе гумон надошт, ки баъди 50 соли кашфи радиактивият аввалин нерӯгоҳҳои атомӣ   сохта мешаванд. Имрӯз 20-30 дарсади нерӯи барқи баъзе кишварҳо аз ҳисоби нерӯи атомист. Ё ки  интернет  чун воситаи мубодилаи иттилоот дар Маркази тадқиқоти ҳастаии Аврупо (Шветсария)   истифода мешуд. Ҳоло  ҷаҳон онро истифода мекунад. Касе гумон надошт, ки баъди 5 соли пайдоиши интернет дар  дунё  шабакаи ҷаҳонӣ ҷорӣ мегардад. Феълан имкониятҳои дигари илмӣ пайдо шудаанд. Масалан, мо  бо Лабораторияи технологияҳои  иттилоотии Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Дубна ҳамкорӣ дорем.  Яке аз шӯъбаҳои институти мо  бо сохтани  асбобҳое, ки дар физикаи ҳаста истифода  мешавад, яъне детекторҳои гуногуни физикаи ҳаста машғул мебошад.  Лоиҳаи илмии моро  роҷеъ ба ҳалли ин ва чанд масъалаи дигар МБИТ дастгирӣ намуд. Имкон ёфтем бо Институти физикаву техникаи Брауншвейг, Институти ба номи Ҳаҳн-Майтнер (Олмон) ва Донишгоҳи техникии Вена(Австрия) ҳамкории зичро ба роҳ монем. Соли равон натиҷаҳои илмиамон дар соҳаи омӯзиши детекторҳои  нейтронҳои гармоӣ дар ду монографияе, ки дар ИМА ба забони англисӣ ба табъ расид, инъикос гашт.
Тадқиқоти дигар дар бахши радиоэкология аст, ки соли 2005 оғоз ёфта, феълан  дар дараи Варзоб идома дорад. Зимни он хусусиятҳои нави минтақаҳои кӯҳӣ  мушоҳида шуданд . Собит гашт, ки  чангу ғубори фазои Осиёи Марказӣ  аз ҷониби  минтақаҳои кӯҳӣ ва қаторкӯҳҳо ҷазб гардида, дар рӯи пиряхҳо менишинад. Чангу ғубори минтақаро ба худ кашидани қаторкӯҳҳо аз як тараф боиси қатъ гаштани тӯфони чангу ғубор гардад, аз ҷониби дигар   суръати обшавии пиряхҳоро метезонад ва ба табиати минтақаҳои кӯҳӣ таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин тадқиқоте оид ба ҳолати экологӣ ва омӯзиши вазъи нуқтаи гӯронидани партовҳои ғайрирадиоактивӣ дар ноҳияи Файзободро ба анҷом расонидем. Дар ин ҷода бо мутахассисони ИМА ва  Канада ҳамкорӣ дорем. Дар соҳаи физикаи аккустикӣ низ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар ин шӯъба асбобе такмил дода шуд, ки он имкон медиҳад,  буриши ҳаракати оби дарёҳо муайян карда шавад. Дар ҳар нуқтаи буриш суръати об ва ҷоришавии он маълум мегардад. Мо бо ёрии ин асбоб метавонем ҷараёни дарё ва реҷаи равиши онро муайян намоем. Аз ҷумла бо ҳамкории мутахассисони Институти математика модели   математикӣ кор карда шуд, ки бо он  метавонем мазҳари обро муайян созем.  Олимони мо релефи қаъри обанбори Қайроққумро  муайян карданд.
Дар озмоишгоҳи физикаи кристаллҳо давоми  солҳои истиқлолият зиёда аз даҳ намуди кристаллҳои нав ихтироъ шуданд. Ҳар яки он  як асбоби нав аст. Ва ин асбобҳо  дар соҳаи микроэлектроника ва нанотехнология истифода мешаванд.  Чунин кристаллҳо дар яке аз корхонаҳои шаҳри Александров истеҳсол мешаванд. Шаҳри Александров аҳолии худро аз ҳисоби даромади корхонаи кристаллҳое таъмин менамояд, ки маҳз дар институти мо кашф шудаанд ва патенташон дар дасти мост. Вале баъди пошхӯрии шӯравӣ ин патентҳо бекор  шуданд. Мутаассифона, мо имкон надорем, ки дар корхонаҳои Тоҷикистон чунин технологияро татбиқ намоем. Зеро барои харидани дастгоҳҳои нав, ки арзиши як адади он 250 ҳазор доллар аст, маблағ нест. Чунин кристаллҳо хеле нодиранд ва имконияти технологияи парвариши онҳоро бисёр кишварҳо надоранд. Масалан, дар собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ғайр аз Русия, Белорусия, Украина ва Арманистон ягон давлат чунин технология надорад.   Инчунин дар давоми ин солҳо усули нави ғанигардонии сангҳои қиматбаҳо дар  ин лаборатория ба даст оварда шуд ва дар татбиқи он ҳоло як гранти Фонди президентӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Дар лабораторияи спектроскопияи инфрасурх усулҳои нави ташхис ва табобати касалиҳои гуногуни  инсон омӯхта мешаванд. Дар ин ҷо давоми панҷ - шаш соли охир олимони мо беш аз  аз даҳ ихтироъ намуданд. Ташхис бо усули спектроскопияи инфрасурх имкон медиҳад, ки касалиҳо зуд муайян карда шаванд. Дар ин бахш бо Институти такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тиб ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ҳамкориҳои зич дорем.
Дастовардҳои институт дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон як заминаи муҳими илмие дар рушди минбаъдаи илми тоҷик ва некӯаҳволии халқи мо мебошанд.

Ҳикмат Мӯъминов,
директори Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5088
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед