logo

илм

Иқтидорҳои асосии илмӣ барқарор шуданд

Агарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷумҳурии мо, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, хисороти зиёд ворид намуд, ба эҳтимоми Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат иқтидори асосии илмӣ барқарор ва асбобҳои нодири  замонавӣ  харидорӣ шуданд. Сохтмони бинои нави пажӯҳишгоҳи мо, ки зиёда аз 30 сол давом дошт, ба итмом расид ва соли 1999 фаъолиятро дар бинои нав оғоз намудем.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Восеъ, Фархор, Данғара) аз сабаби сари вақт ҷамъоварӣ нашудани ҳосил ба гандум гелиотроп ҳамроҳ шуда, боиси заҳролудшавии мардум ва авҷи бемории гелиотропи ҷигар гашт.
Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар омӯзиши ин беморӣ саҳми бузург гузошт. Пеш аз ҳама муайян гардид, ки заҳри гелиотрин ба рагчаҳои хурд таъсир намуда, онҳоро  васеъ ва қобилияти хунгузарониашонро баланд мекунад. Бинобар ин дар узвҳои лаҳмӣ (ҷигар, гурдаҳо, мағзи сар) хунрезиш ва дар қисмҳои ковокии бадан (қафаси сина, гирди дил, шикам) об ҷамъ мешавад. Кормандони илмии пажӯҳишгоҳ аломатҳои фаросадоии ин беморӣ, яъне пайдоиши минтақаҳои гипоэхогениро  муқаррар намуда, усули  табобати онро таҳия сохтанд.
Айни замон дар омӯзиши вируси гепатити В, моҳияти он дар ҷараёни гепатити музмин, сиррози ҷигар, карсиномаи гепатоселлюлярӣ ва роҳҳои пешгирии он саҳми босазо гузоштанд. Бо усулҳои навтарини замонавӣ (ПСР ва секвестркунонии ДНК-аи вирус) намудҳои генотипии вируси В (А, В, С ва Д) ҷудо карда шуд ва маълум гашт, ки дар Тоҷикистон бештар генотипи А вируси В дучор меояд, ки он нисбат ба генотипи Д бештар сабабгори гепатити музмини фаъол, сиррози ҷигар ва карсиномаи гепатоселлюлярӣ мегардад.
Тадқиқот нишон доданд, ки дар Тоҷикистон намуди вируси «мутантӣ» нисбат ба вируси «ваҳшӣ» бештар дучор меояд ва ҷараёни фаълиятноки гепатити музмин, афзоиши вирус ва бо сиррозу карсиномаи ҷигар оварда расонидани онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Иштироки намудҳои вируси В, ғизлати ДНК-аи вирус, вайроншавии иммунитети ҳуҷайравӣ (Тh ва Tk) ва гуморалӣ (иммуноглобулинҳо ва ситокинҳо) дар пайдоиши гепатити музмин, сиррози ҷигар ва карсиномаи гепатоселлюлярӣ  муайян карда шуданд. Ин тадқиқот асоси коркарди усулҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳо гаштанд, ки он дар тавсияномаи «Хронические гепатиты вируса В» ва китоби «Клинические очерки по гепатологии и гастроэнтерологии» (2006) ба табъ расид.
Уфунати пинҳонии вируси В аз проблемаҳои мубрами гепатологияи садаи XXI аст, ки дар ҳалли ин масъала  олимони тоҷик  муваффақ гаштанд. Нахуст аҳамияти ташхиси анти-HbcAgIgM барои пешгӯии уфунати (инфексия) пинҳонии вируси В муайян гардида, пасон  алгоритми ташхиси уфунати пинҳонии вируси В пешниҳод карда шуд, ки он аз омӯзиши ПСР дар серуми хун, пас дар ҳуҷайраҳои сафедаи хун ва ахиран дар  порачае аз ҷигар, ки бо сӯзан дар вақти гузаронидани фаросадо гирифта мешавад, иборат аст. Ин тадқиқоти олимони тоҷик, ки дар маҷаллаҳои илмии ҷаҳон дарҷ гаштаанд, барои ташхиси амиқи вируси В ва дар марҳилаи аввал ташхису табобати дурусти зиддивирусӣ заруранд. Ин алгоритм ба вижа барои ташхиси донороне, ки хун месупоранд ва беморони сабаби бемориашон номаълум  ниҳоят зарур аст.
Сабаби бемории ҷигар уфунати якҷояи якчанд вирус аст. Чунончи, ба вируси В якбора ҳамроҳ уфунат ёфтани вируси Д (коинфексия) ва ё ба вируси В чанде пас ҳамроҳ шудани вируси Д (суперинфексия). Дар омӯзиши ин масъала саҳми олимони тоҷик  назаррас аст. Маълум  шуд, ки ҳини ба вируси В ҳамроҳ гардидани вируси Д чанд ҳолати вирусологӣ ба амал меояд:
- ин ду вирус метавонанд ҳамдигарро нобуд созанд, ки дар паёмад  касалӣ ба амал намеояд;
- яке аз ин вирусҳо дигареро маҳв сохта, худ меафзояд ва боиси  гепатити фаъоли музмин, сиррози ҷигар ва гепатокарсинома мегардад;
- ҳамроҳшавии вируси Д ба вируси В –  ин вирусро ба намуди мутантӣ табдил медиҳад.
- ҳар ду вирус бо ҳамдигар таъсири синергӣ расонида, афзоиш меёбанд ва ба бемориҳои вазнини ҷигар сабабгор мешаванд.
Ин тадқиқот асоси пешкаш намудани усули нави табобати вирусӣ гардиданд, ки он ба афзоиши ин ё он ва ё ҳар ду вирус вобаста аст. Дар асоси «прополис» дар пажӯҳишгоҳ доруи нави зиддивирусӣ ихтироъ карда шуд (патенти № 07000705).
Дастовардҳои илмии олимони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар соҳаи омӯзиши вируси гепатити С ҳам бузурганд. Пеш аз ҳама онҳо нишон доданд, ки ҷараёни гепатити музмини ин вирус одатан нофаъол буда, барои бемор ва табиб номаълум мемонад. Омӯзиши хуни шахсоне, ки ба гурӯҳи «хавфнок» дохил мешаванд, метавонад ин вирусро муайян созад. Баъзан он бо усули иммуноферментӣ муайян намешавад, пас истифодаи усули ПСР лозим меояд. Ҳатто бо ин усул дар серуми хун ҳам баъзан вирус муайян намешавад. Ҳолатҳое ҳаст, ки  вирус дар ҳучайраҳои хун ҷойгир аст. Бинобар ин баъди табобати зиддивирусӣ на фақат серум, балки ҳуҷайраҳои хунро ташхис намудан лозим аст.
Олимони тоҷик муайян намуданд, ки зиёдшавии антиҷисмҳо ба муқобили сафедаҳои ғайрисохтории вируси С (NS3, NS4, NS5) метавонад аз таҷдиди вируси С шаҳодат диҳад.
Пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши бемориҳои ҷигар, ки бо сабаби уфунати якҷояи якчанд вирус (вируси В бо С ва ё В бо Д ва С) рух медиҳанд, тадқиқоти зиёдеро ба анҷом расонид. Ҳангоми бо вируси В ҳамроҳ шудани вируси С дар натиҷаи интерференсия вируси В  нест мешавад ва барои пайдоиши гепатити музмин, сиррози ҷигар ва карсиномаи гепатоселлюлярӣ нақши асосиро вируси С мебозад. Дар баъзе мавридҳо метавонанд ҳар се вирус бо ҳамдигар таъсири синергӣ расонда, афзоиш ёбанд ва сабабгори гепатити музмини фаъол гарданд.
Солҳои ахир  пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши омилҳо ва сабаби пайдоиши санги талхадон, муайян намудани давраҳои аввали сангҳосилшавӣ ва пешгирии он  ба дастовардҳои  назаррас ноил шуд. Пеш аз ҳама аломатҳои фаросадоии саршавии пайдоиши санги талха: камҳаракатии талхадон бо тирашавии намуди талха; дар талхадони камҳаракат такшиншавии лоиқаи талха ба қайд гирифта шуд. Омӯзиши физикию кимиёвӣ нишон медиҳад, ки дар таркиби ин гуна талхаҳо  зиёдшавии миқдори холестерину чарбҳо, билирубин, калсий ва камшавии шумораи фосфолипидҳо, кислотаҳои талха мушоҳида мегарданд. Кормандони пажӯҳишгоҳ муайян намуданд, ки дар вайроншавии таркиби кимиёвии талха на фақат ҷигар, балки илтиҳоби талхадон ва зиёдшавии гликозамингликанҳо, бактерияи ҳалқамонанди билиарӣ, номӯътадилии гардиши рӯдавию ҷигарии кислотаҳои талха боис мешаванд. Ин тадқиқот на фақат барои пешгирӣ намудани ҳосилшавии санги талха, балки  ихтирои усулҳои нави табобати он дар давраҳои аввал асос гаштанд. Барои мӯътадил намудани таркиби талха истифодаи кислотаҳои талха – хено ва урсодезоксихолӣ, нурҳои лазерию фаросадоӣ, баҳри баланд бардоштани кашиши талхадон – прокинетикҳо, магнит ва фаросадо, барои паст намудани миқдори чарбҳо ва холестерин - статинҳо ва барои барқарор намудани гардиши рӯдавию ҷигарии кислотаҳои талха бештар истеъмоли бофтаҳои растанӣ пешниҳод  шуданд.
Дар асоси гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон дар пажӯҳишгоҳ якчанд доруҳои зиддивирусӣ, гепатопротекторӣ ва талхаронӣ ихтироъ карда шуд. Омӯзиши тӯлонии кокутӣ нишон дод, ки обпази ин гиёҳ хосияти талхаронӣ ва гепатопротекторӣ дошта, равғани эфириаш ҳосилшавии санги талхадонро пешгирӣ менамояд.
Кормандони пажӯҳишгоҳ чойи гиполипидемиеро пешниҳод намуданд, ки он мубодилаи чарбҳоро мӯътадил гардонида, вазни баданро коҳиш медиҳад ва таъсирнокии ин чой нисбати чойи чинӣ беҳтар аст.
Дар асоси 16 намуд растании шифобахше, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, маводи доругии «Нақеи Ромит» омода шуд, ки он қобилияти талхаронӣ ва холелитикӣ дорад. Инчунин дар асоси ҳосилаҳои туршобаҳои олии карбон ва талха маводи доруии «Триоин» синтез шуд, ки қобилияти ҳал кардани сангҳои холестериндори талхадонро дорад.

Ғиёсиддин МИРОҶОВ,
президенти Академияи илмҳои
тибби назди Вазорати
тандурустии ҷумҳурӣ,
директори Пажӯҳишгоҳи
гастроэнтерология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5501
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед