logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Холид ал-Атийяро ба ҳузур пазируфт

17 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири Давлати Қатар доир ба масоили байналмилалӣ Холид ал-Атийяро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба, ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Давҳа – пойтахти Қатар дар ҳузури сарони ду давлат ба имзо расида буданд, баррасӣ шуданд.
Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Қатар аз давлатҳоест, ки ба масоили сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкории иқтисодӣ бо кишвари мо  таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудааст. Аз ин хотир мо ба муносибатҳои дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба назари накӯ дорем».
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили лоиҳакашӣ ва бунёди Масҷиди ҷомеи Душанбе, ки калонтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳад буд ва шаҳраки муосири Диёри Душанбе дар пойтахти кишвари мо зоҳир карда шуд.
Дар Масҷиди ҷомеи Душанбе, бо назардошти пешниҳодоти иловагии Сарвари давлат, барои 105 ҳазор нафар намозгузор ҷой мешавад, 25 ҳазор дар дохили бинои масҷид ва 80 ҳазор дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи он. Шаҳраки муосири Диёри Душанбе бошад, иборат аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои савдо ва мавзеъҳои фароғат ва сайругашти оммавӣ хоҳад буд.
Интизор меравад, ки барои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар дурнамои миёнамӯҳлати ҳамкорӣ аз ҷониби Давлати Қатар дар Тоҷикистон беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Қатар зарур шумурда шуд.

х   х  х
-Дар  мулоқот бо Ҷаноби  Олӣ,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар, бахусус дар соҳаи иқтисодиёт дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Мо ба Ҷаноби Президент консепсияи мушаххаси сармоягузории имтиёзноки  Давлати Қатарро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пешниҳод намудем.
Дар ин бора Холид ал- Атийя, вазири масоили байналмилалии Давлати Қатар,  пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод. Ба гуфти вазир нақшаи генералии лоиҳаи «Диёри Душанбе», ки бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои савдо, тиббию солимгардонӣ ва дигар иншооти муҳимро дар бар гирифтааст, аз  ҷониби Сарвари давлат бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ширкати қатарии «Қатарӣ Диёр» дар наздиктарин фурсат ба бунёди тарҳи мазкур  шурӯъ хоҳад кард.
 Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин масъалаи бунёди масҷиди замонавӣ дар шаҳри Душанбе матраҳ гардид. Ҷаноби Президент барои комилтар гардидани ин лоиҳа андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои мушаххас баён доштанд ва мо онҳоро бо хушнудӣ қабул кардем.
 -Масҷиди замонавӣ ғунҷоиши беш аз 105 ҳазор нафарро дошта, дар он дар як вақт 25 ҳазор нафар дар дохил ва 80 ҳазор нафар берун аз он метавонад намоз гузорад,- гуфт Холид ал- Атийя, вазири ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар.   

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед