logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи умумии СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Ню-Йорк, 20 сентябри соли 2010

Ҷаноби Олӣ,
Раиси мӯҳтарам,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Даҳ сол пеш мо дар ҳамин толор Эъломияи ҳазорсоларо қабул кардем, ки он чун санади асосӣ самти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонро дар ибтидои асри нав муайян намуд. Аҳамияти калидии эъломия дар он ифода меёбад, ки маҷмӯи ҳадафҳо ва вазифаҳои амалии ба таъмини рушди ҳар фард равонашуда, эҳтиёҷот ва ҳифзи гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ,  аз ҷумла кӯдаконро дарбар мегирад, ки тақдири ояндаи ҷаҳон ба ихтиёри онҳо вогузошта хоҳад шуд.
Имрӯз, баъди сипарӣ шудани даҳ сол на танҳо баррасии пешрафтҳои бадастомада ва ошкор намудани камбудиҳо дар амалӣ сохтани Ҳадафҳои Рушди дар Эъломияи Ҳазорсола ифодаёфта, балки муқаррар намудани тадбирҳо ва иқдомоти мушаххас  ҷиҳати тезонидани суръати иҷрои саривақтӣ ва пурраи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аҳамияти фавқулодда муҳим дорад. Ин амр дар марҳалаи ҳозира, вақте ки ҷараёни пешрафти ноустувору нобаробар бар асари бӯҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва молиявию иқтисодӣ халадор мегардад, аҳамияти махсусан муҳим пайдо мекунад.
Тағйир ёфтани иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ки сол ба сол шадидтар мегарданд, имрӯз дар назди мо вазифаҳои нав ба нави мураккабро мегузоранд. Иҷрои онҳо бе саъйи муштарак ва талоши якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ ғайриимкон мебошад. Дар ҳолати мавҷудияти ин зуҳурот ва таҳдиду хатарҳои нави замони ҳозира, ки иртиботот ва вобастагии мутақобиларо тақвият медиҳанд, мо тезонидани суръати иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои дастаҷамъии дар оғози ҳазорсолаи нав базимма гирифтаамонро зарур мешуморем.
Тоҷикистон дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аз ҷумлаи ҳашт мамлакати озмоишӣ (пилотӣ) ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, дар мамлакати мо Стратегияи миллии рушд барои  давраи то соли 2015 қабул карда шудааст. Барномаи мазкур ҳуҷҷати асосии стратегӣ буда, афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро муайян менамояд, ки  ба рушди устувори иқтисодӣ, осонгардонии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона шудааст.
Ғайр аз ин, тамоми назарияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди мамлакат, фаъолияти тамоми мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷумла Барномаи сеюми миёнамӯҳлати стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар давраи солҳои 2010-2012 аз Стратегияи миллии рушд сарчашма мегиранд.
Дар натиҷаи амалӣ сохтани тадбирҳои пешбининамудаи барнома, аллакай, имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки сатҳи камбизоатиро то андозае паст намоем.
Айни ҳол тақрибан нисфи Буҷети давлатии мамлакат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, асосан ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ сарф карда мешавад. Дар баробари ин, зикр карданиам, ки имкониятҳои маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоӣ бо ҳаҷми афзоиши иқтисодиёти воқеии мамлакат маҳдуд аст.
Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз на танҳо барои то ҳадди имкон кам кардани оқибатҳои ногувори онҳо ва роҳ надодан ба камшавии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, балки барои комилан истифода бурдани шароиту имкониятҳои мавҷудаи таъмини пешрафти иқтисодиёт тадбирҳои иловагӣ меандешад. Ин ба вусъат бахшидани имкониятҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои муқаррарии иҷтимоӣ ва дар ниҳояти кор барои ноил шудан ба тамоми Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат хоҳад кард.
Дар натиҷа, масалан, васеътар фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсили ибтидоиву миёна ва ба таври назаррас беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ таъмин карда шуд.
Дар баробари сафарбар намудани захираҳои дохилӣ барои  суръатбахшии иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ташаккули муҳити мусоиди байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор нақши калидӣ мебозад.
Хусусан дар давраи ҳозира, вақте ки оқибатҳои бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҳанӯз пурра бартараф карда нашудаанд, зарурати тезонидани ҷараёни ислоҳоти низоми молиявии байналмилалӣ боқӣ мемонад.
Зарур аст, ки ислоҳоти низоми байналхалқии молиявӣ на танҳо ба мустаҳкам намудани худи низом, балки барои эҳёи тиҷорат ва сармоягузории ҷаҳонӣ ва нерӯи тоза бахшидан ба онҳо мусоидат намояд, зеро ҳам тиҷорат ва ҳам сармоягузории байналмилалӣ шарти асосии пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон ва бештар бо кор таъмин кардани одамон мебошанд. Тадбирҳои зикршуда набояд бори вазнини қарзи берунии мамлакатҳоро сангинтар гардонанд, зеро он мисли пештара яке аз монеаҳои ҷиддии роҳи пешрафт мебошад.
Омили асосии тезонидани суръати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таъмини дастрасии ҳар фард ба энергия буда метавонад. Мо пешниҳод мекунем, ки ба ин вазифа дар баробари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола афзалият дода шавад. Дар робита ба ин, мо пешниҳодро дар бобати таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба хизматрасониҳои муосири энергетикӣ то соли 2030 дастгирӣ менамоем.
Дар ин замина зарур мешуморем, ки баробари таъмини дастрасии боэътимоду босубот ба энергия ба афзун гардонидани ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар миқёси ҷаҳон, мавриди истифода қарор додани технологияҳои наву пешқадам ва афзун гардонидани самаранокии истифодаи энергия ҳамаҷониба мусоидат карда шавад.
Рушди ҳамаҷонибаи соҳаи гидроэнергетика бо истифодаи имконияти навъҳои дигари энергияи барқароршаванда - қувваи шамол ва  офтоб имкон хоҳад дод, ки на танҳо имкониятҳои мо барои дастрасӣ ба энергия бештар гардонида шаванд, балки ба фаъолияти самарабахшу босуботи шабакаҳои энергетикӣ ва хеле кам кардани партовҳои зарарнок ба ҳаво мусоидат намоянд.
Ин аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва то ҳадди имкон кам кардани оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим мебошад.
Кишвари мо аз рӯи нишондиҳандаи партови газҳо, агар дар дунё дар байни 213 кишвар 105-ум бошад, дар Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд ва ин ба шарофати истифодаи манбаи барқароршавандаи энергия – об аст.
Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, имрӯз барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар мамлакат теъдоди зиёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва калон бунёд карда мешаванд, ки  на танҳо аҳамияти энергетикӣ доранд, балки барои қонеъ гардонидани талаботи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи обёрӣ нақши муҳим мебозанд.
Об неъмати бебаҳо ва ҳаётан муҳим мебошад, ки тамоми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба ҳам мепайвандад. Имрӯз дар шароити шиддат гирифтани проблемаи нарасидани об ва тағйир ёфтани иқлим, ки ба захираҳои оби тоза таъсири манфӣ мерасонад, масъалаи таъминоти аҳолӣ бо об ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба об вобаста мебошанд, торафт ҷиддитар мегардад.
Тамоми ин ва дигар проблемаҳои мавҷудаи вобаста ба захираҳои оби тоза аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни конфронси байналмилалии бахшида ба таҳлили миёнамӯҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҳамаҷониба ва фаъолона баррасӣ гардиданд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон 8-10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар Эъломияи Душанбе, ки онро намояндагони бештар аз 75 мамлакати ҷаҳон ҷонибдорӣ карданд, силсилаи тавсияҳое инъикос ёфтанд, ки моро ба:
-  таҳияи сиёсати самарабахш ва ҷудо кардани маблағҳои кофии буҷет барои соҳаи об;
- тадриҷан ва муттасил амалӣ сохтани идораи дастаҷамъии захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳо;
- бештар зоҳир намудани таваҷҷӯҳ ба проблемаҳои таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва шароити асосии санитарӣ;
- андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим;
- беҳтар сохтани низоми омӯзиши вазъияти пиряхҳо ва захираҳои оби тоза;
-  андешидани тадбирҳои бештар ҳамоҳангшуда аз тарафи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли якҷояи масъалаҳои марбут ба об дар нақшаҳои миллӣ ва барномаҳои рушд;
- ҷалби бештари занон ба қабули қарорҳо дар соҳаи захираҳои об;
- афзун гардонидани маблағгузорӣ ва вусъати ҳамкорӣ, аз ҷумла тақвияти дипломатия дар соҳаи истифодаи оқилонаи об даъват менамоянд.
Мо бар онем, ки тавсияҳои мазкур барои амалӣ сохтани нақшаи тадбирҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то соли 2015 саҳми арзанда хоҳанд буд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз дар ҷаҳон зуҳуроти наве мушоҳида мешавад, ки таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба ва доимии ҷомеаи ҷаҳонро талаб менамояд. Масалан, тӯли солҳои охир фарқияти пешрафти иқтисодиёти давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф торафт меафзояд ва ин ба ҷараёни ҳамкорӣ ва ҳамгироии мамлакатҳо монеъ мегардад.
Бинобар ин, тадбирҳое андешидан зарур аст, ки ҳамёрии мамлакатҳои ҷаҳонро бо мақсади муттаҳид сохтани талоши ҳамаи онҳо тақвият бахшида тавонанд.
Дар хотима мехостам зикр намоям, ки даҳ сол пеш ҳадафҳои дар Эъломияи ҳазорсола ифодаёфта ҳамаи моро барои ба даст овардани онҳо ташвиқ менамуданд.
Имрӯз дар арафаи панҷ соли охири барои  расидан ба ин ҳадафҳо ҷудокардашуда итминон дорам, ки Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ноилшавандаанд ва мо барои иҷрои ин кор бояд тадбирҳои муштараки таъхирнопазир ва муассир андешем.

Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед