мулоқотҳо
Гуфтугӯйи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомиди Карзай
26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод.
Сарони ду давлати ҳамсоя маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, таваҷҷӯҳи бештар ба таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай омодагии устувори сохторҳои дахлдори ду кишвари ҳамсояро баҳри мубодилаи иттилооти фаврӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва хусусан баҳри пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2073