мулоқотҳо
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод
24 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод вохӯрд. Дар мулоқот масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла тезондани бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, роҳҳои оҳану мошингард ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон аз қаламрави Афғонистон, зоҳир карда шуд.
Масоили густариши ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ва мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1831