мулоқотҳо
Мулоқоти Оқил Оқилов бо Рашод Калданӣ
Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Рашод Калданӣ мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов таъкид намуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ сармоягузорӣ шудани 55 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар зарфи 16 соли охир шаҳодат аз он медиҳад, ки дар раванди муносибатҳо имконоту захираҳои мавҷуда барои ба сатҳи зарурӣ расонидани ҳамгироиҳо ҳанӯз ҳам зиёданд.
Рашод Калданӣ изҳор дошт, ки аснои сафари худ ба Тоҷикистон бо имконият ва роҳу воситаҳои фазои сармоягузории Тоҷикистон боз ҳам беҳтар шинос гардида, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба талош хоҳад кард.
Дар мулоқот рушду тавсеаи равобити ҷонибҳо дар бахши иқтисодиёт, гидроэнергетика ва туризм зарур ва манфиатовар арзёбӣ гардида, оид ба самтҳои дигари муносибатҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1866