мулоқотҳо
Президенти Тоҷикистон сафири нави Афғонистонро ба ҳузур пазируфт
30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафири нави Афғонистон, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ гашт. Аз раванди густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, пеш аз ҳама ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, изҳори қаноатмандӣ шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷанбаи ҳамкорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт:
- Ҳалли қазияи Афғонистон аз бисёр ҷиҳат ба истиқрори иқтисодию иҷтимоии он вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки мо сатҳи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро бо Афғонистон ба таври ҷиддӣ боло бурданием.
Барои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расондани созишномаҳо дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дар бораи канорагирӣ аз пардохти андози дукарата зарур шумурда шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро оид ба бунёди роҳҳои минтақавии оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳои минтақа тавассути қаламрави Афғонистон таъкид карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон омӯзондани кадрҳои соҳаҳои гуногуни Афғонистон таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тамоми имконоти муштараки мавҷуда истифода хоҳад шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1940