мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Маҷиди Номҷӯ
1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷӯро, ки барои иштирок дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба ва мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гашт.
Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ шуд. Ҳамзамон бо ин вусъати бештар ва хислати муназзам касб кардани ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои саривақтии тавофуқоти сершумори дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат матлуб дониста шуд.
Таъкид гардид, ки барои дар зимистони пешомад ба кор даровардани чархи якуми нерӯгоҳи обии «Сангтӯда – 2» бояд аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад.
Вусъат додани корҳо барои татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ оид ба пайванди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли барқи ду кишвар тавассути қаламрави Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1905