logo

маориф

Вақте ки роҳбар оқилу ғамхор аст…

Панҷ соли пешравию комёбиҳои Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Мусаллам аст, ки пешравии ҷомеа аз соҳаи маориф вобастагии зиёд дорад. Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок, сарнавиштсоз арзёбӣ намуда, барои рушду таҳаввули густурда ва ба сатҳи кишварҳои мутараққии ҷаҳон расонидани он чораҳои муассир меандешад ва татбиқи онҳоро аз ҳамагон тақозо мекунад.
Ногуфта намонад, ки дар тӯли таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман давлатдории халқи тоҷик, баъди ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ, бо сиёсат ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар дар соҳаи маориф муносибатҳои нав арзи ҳастӣ карданд.
Масоили дар низоми таълиму тадрис ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, омода кардани мутахассисони болаёқату соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ҷавҳари сиёсати давлат дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағгузориро дар ин соҳа афзуда, масоили иқтисодиву иҷтимоии кормандони илму маорифро ба қадри имкон беҳбудӣ бахшида истодааст.
Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  ҳамчун донишгоҳи мустақил, ки бо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсол ва калонтарин маркази таълимию боргоҳи маърифатӣ дар маркази калонтарин вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи илму маориф  саъйи мукаммале ба тақдим мерасонад. Ҳайати профессорону устодони донишгоҳ  тайи фаъолияти хеш дар панҷ соли охир, ки роҳбарии онро устоди варзидаву кордон, ба халқу миллат дилсӯзу меҳрубон, ба ҷамъияту ватан вафодору содиқ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, бори аввал вакили мардумии вилояти Хатлон аз ҳавзаи № 9, шаҳри Сарбанд (солҳои 2005-2010), маротибаи дуюм вакили мардумии вилояти Хатлон аз ҳавзаи № 13,  ноҳияи Бохтар Тағойбобои Шукурзод бар ӯҳда дорад, корҳои назаррасеро ба сомон расонда, баҳри воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, бедор намудани тафаккури техникии ҷавонон, тавсеа бахшидани компютеркунонии муассисаи таълимӣ, таъмиру тармим, азнавсозӣ, барқароркунии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, таҳким бахшидани заминаҳои моддиву техникӣ, беҳбудии шароити иқтисодии устодону донишҷӯён, барқарор ва таҳким бахшидани робитаҳои илмӣ ва ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он, ҷиҳати назорати сатҳу сифати таълиму тарбия ва ташкилу таъсиси шӯъбаҳои нав, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, илмию методии умумидонишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои таълимии мавҷуда ва ташкили озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, татбиқи тадриҷии ба низоми кредитии таълим фаро гирифтани донишандӯзон, сафарбаркунии саривақтии устодони донишгоҳ ба такмили ихтисос ва амсоли инҳо тибқи нақшаи дурнамо, афзоиши миқдори мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ ва татбиқи онҳо, ташкили китобхонаи  электронӣ ва бо маводи зиёди илмию таълимӣ таъмин намудани он, пайваст намудани донишгоҳ ба шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ ва истифодаи донишҷӯён ба тариқи ройгон аз он, харидорӣ ва ворид кардани дастуру китобҳои зиёди илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ ва бадеӣ ба китобхонаҳои донишгоҳ, ба аспирантура ва докторантура ҷалб намудани устодону муҳаққиқони ҷавон ва амсоли инҳо даҳҳо корҳои ба ҷамъияту миллат судмандро татбиқу роҳандозӣ намудаанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки қабули санҷишу имтиҳоноти ҷории донишҷӯён дар ҳар як нимсола ва имтиҳоноти қабули довталабон ба тариқи компютер (тестӣ) аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав татбиқ карда шуд, ки асосгузор ва ташаббускори ин амал академик Тағойбобои Шукурзод ба ҳисоб меравад. Ин тарзи кор муфиду шаффоф буда, барои барқарор ва таъмини адолат нақши муҳиму муассир дорад.
Дигар аз паҳлуҳои фаъолияти созандаву бунёдкоронаи ректори донишгоҳ  аз он иборат аст, ки маҳз бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи ӯ моҳи июли соли 2008 дар ин муассисаи   таълими Шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои илмии номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои усули таълими физика ва назарияву таърихи педагогика таъсис ёфт, ки мақсад аз он тайёр кардани мутахассисони дараҷаи илмидор ва таъмини донишгоҳу дигар муассисаҳои илмии кишвар бо ин қабил мутахассисон мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Шӯрои мутазаккира то ин дам 36 нафар аспиранту муҳаққиқи ҷавон рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя карда, барои дарёфти дараҷаи илмии номзадӣ мушарраф гардидаанд. Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия фаъолияти босамар ва бенуқсони дусолаи Шӯрои диссертатсионии донишгоҳро ба эътибор гирифта, 19 марти соли равон ба Шӯрои зикргардида ҳимояи рисолаҳои докториро аз рӯи ихтисосҳои усули таълими физика, усули таълими математика, назария ва таърихи педагогика иҷозат дод, ки он дар кишвари мо аввалин ва ягона Шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои докторӣ аз рӯи ихтисосҳои номбурда ба шумор меравад ва раисии онро аз рӯи се ихтисос Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ба академик Т. Шукурзод вогузор намудааст. Бояд қайд кард, ки то имрӯз раисӣ ба чунин як Шӯрои бонуфуз, ки  се ихтисосро дар бар мегирад, ба ягон олим муяссар нашудааст.
Шоистаи зикр аст, ки дар панҷ соли роҳбарии ин омӯзгори асил донишгоҳ аз нуқтаи назари сатҳи сифати зоҳириву тахассусӣ, хусусан аз назари афзудани теъдоди донишмандони дорои дараҷаву унвони илмӣ, ба куллӣ тағйир ёфт, ки чунин тағйироти сифатан мусбатро таърихи донишгоҳ ёд надорад. Аз ҷумла, теъдоди докторони илм, профессорон аз 4 нафар ба 23 нафар, номзадҳои илм ва дотсентон аз 26 нафар ба 80 нафар ва академикҳо ба 8 нафар расид. Болоравии теъдоди устодони дараҷаву унвони илмидошта, бидуни шакку тардид, агар аз як тараф ба туфайли дастгирии ғамхоронаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада бошад, аз тарафи дигар саҳми ҳавасмандгардонии устодон аз ҷониби сарвари кунунии донишгоҳ Тағойбобои Шукурзод  хеле назаррас аст.
Миқдори донишҷӯёни донишгоҳ дар соли равон (дар таҳсилоти рӯзона ва ғоибона) 12400 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз рӯи 29 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шароиту имконоти таълиму тадрис дар донишгоҳ барои донишҷӯён дар сатҳи хуб қарор дорад. Дар 8 факултаи донишгоҳ 48 озмоишгоҳи таълимӣ, 28 кабинети фаннӣ, 8 синфхонаи компютерӣ (бо 180 адад комютер), 1 маркази имтиҳонгирии компютерӣ (бо 140 адад компютер), 200 синфхонаи (аудитория) таълимӣ, 2 китобхона, бо иловаи 2 толори қироатхона, 1 китобхонаи электронӣ, 4 толор барои машғулиятҳои маърӯзавӣ, 2 толори варзишӣ, 1 майдони варзишӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ мавҷуд аст.
 Рӯз ба рӯз афзудани сафи устодони дараҷаи илмидор ва беҳтару хубтар шудани шароити таълим сатҳу сифати дониши донишҷӯёнро низ беҳбудӣ бахшид, ки дар натиҷа тӯли 5 соли охир 120 донишҷӯ дар даври ниҳоии олимпиадаҳои мактабҳои олии кишвар ширкат варзида, 30 нафари онҳо сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардид. Дар ин муддат 385 донишҷӯ бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намуда, дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо  ба фаъолият пардохт.
Аз соли 2000 то 2010 дар донишгоҳ 620 донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки аз ин миқдор 317 нафар донишгоҳро хатм карда, айни ҳол ба таълиму тадрис машғул аст. Сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёни ба тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда тағйир ёфта, падидаҳои мусбат дар таҳсили онҳо ба назар мерасад. То имрӯз 15 нафари онҳо бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намуда, 68 нафари дигар бо баҳои аъло таҳсилро идома дода истодааст.
Дасти имдоду эҳсон дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва мавриди навозиш қарор додани онҳо нишонаи бузургӣ ва олиҳимматист. Дар ин самт ректори донишгоҳ  саъйи балеғе ба тақдим расонидааст, ки ин намунаи ибрат, сазовори таҳсин ва шоистаи пайравист. Мавсуф ҳамасола шумораи зиёди ин қабил довталабони ниёзмандро ба донишгоҳ қабул намуда, сарпарастии онҳоро то ба охир ба дӯши худ мегирад, ки ин рафтори ӯ аз ҷавонмардӣ ва шахсияти наҷиб буданаш шаҳодат медиҳад. Ногуфта намонад, ки дар 5 соли охир шумораи ятимону бепарасторон ва камбизоатҳои дар донишгоҳ таҳсилкунанда зиёда аз 600 нафарро ташкил медиҳад ва онҳо ба василаи саховатмандии ректори донишгоҳ аз ҳамаи шароиту имкониятҳо бархӯрдоранд. Ҳамин тариқ, бо ибтикороту талошҳои пайгиронаи ректори  донишгоҳ нуфуз ва обрӯву эътибори донишгоҳ дар назди ҷомеаи Тоҷикистон ба тарзи рӯзафзун баланд гардида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ гаштааст. Яке аз воқеаҳои фараҳбахш ва арзишманд дар ҳамкориҳои байналмилалӣ барои донишгоҳ он аст, ки бо қарори анҷумани Х Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АврОсиё дар таърихи 27-уми апрели соли 2007 муассисаи таълимии мо ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АврОсиё пазируфта шуд, ки айни замон узви комилҳуқуқи он ба шумор меравад.
Ба нашр расидани мақолаҳои илмию методии устодон дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи мамолики хориҷӣ мантиқан нишони эътироф ва арҷгузории донишмандони кишварҳои берун аз қаламрави кишвари мо ба иқтидори илмии донишгоҳ аст. Аз ҷумла мақолаҳои   илмию методии бархе аз олимони донишгоҳ Т. Шукурзод, Ҷ. Шарифов, А. Комилов, Қ. Абдураҳимов, Х. Абдуназаров, Ҳ. Гулов, Ҳ. Раҳмонов, А. Сатторов, М. Шодиев, Ф. Шамсуддинов, Ҳ. Муродов ва дигарон дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ пайваста ба нашр мерасанд, ки мояи ифтихору сарфарозист. Дар иртибот ба ин, бояд ёдовар шуд, ки бо назардошти ҳамвора ба нашр расидани мақолаҳои устодони донишгоҳ дар маҷаллаи илмии «Наука и школа»  («Илм ва мактаб»)-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав масъулони маҷаллаи мазкур бо арзи эътирофу эҳтиром ва боварӣ донишгоҳи моро ба хотири ҳамкориҳои илмӣ ба узвияти доимии маҷалла пазируфтаанд.
Ҳамин тавр, мо, ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, боварӣ дорем, ки минбаъд низ таҳти роҳбарии чунин шахси кордону ватанпараст бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллати куҳантаърихамон дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти Вазорати маорифу мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро сармашқи кори худ қарор дода, иҷрои бенуқсону саривақтии онро таъмин менамоем. Ва зиндагӣ ҳам аз мо – устодон тақозо мекунад, ки ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ, покиза нигоҳ доштани ирсияти миллӣ, одоби сулҳпарварӣ, муомилаву муносибати байни халқу миллатҳо ва амсоли инҳоро дар ботини шогирдон бедор намуда, роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни илм, техникаву технологияи ҳозиразамон маълумоти дақиқ диҳему ба ин васила  ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии илмии ҷавононро вусъат бахшем.

Маҳмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ, Ҷумъа ШАРИФОВ,
Абдукибор ГАДОЗОДА, Тағоймурод ГУЛОВ,
Искандар ИКРОМОВ, Абдулҳай КОМИЛОВ, Хушвахт АБДУНАЗАРОВ,
докторони илм, профессорон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5947
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед