logo

маориф

Устоду шогирд ҳамроҳ ба камол мерасанд

Хирадманди  даврони  қадим  Конфутсий мегӯяд: «Устоду шогирд ҳамроҳ ба камол мерасанд». Як  ҳадафи асосии низоми  маъмулии таълим  ташаккули олами маънавии хонанда аз рӯи меъёрҳои  иҷтимоию фарҳангӣ, тафаккури миллӣ, собиқаи ҷамъиятию таърихӣ  мебошад. 
Мушкилоти кори омӯзгории мамолики гуногунро масъалаи тарбияи  рӯҳию маънавии хонандагон ташкил медиҳад. Аслан ба масъалаи рӯҳ рӯҳониён, равоншиносон ва равонпизишкон сару кор мегиранд. Омӯзгорон танҳо бо роҳи гузаронидани  ягон навъи  тадбирҳои фарҳангӣ ба тарбияи ахлоқию рӯҳии хонандагон таъсир  мерасонанд. Он ҳам характери умумӣ дошта, муоширати фардии хонандагон ба инобат гирифта намешавад. Алҳол муоширати фардии омӯзгор ва хонандагон интихобан сурат гирифта, онро касе дар  ҳеҷ  ҷо  намеомӯзонад. Саволе ба миён меояд, ки оё ба омӯзгор зарур  аст, ки ғайр  аз  маҳорати касбӣ боз маҳорати таъсир расондан ба рӯҳро дошта  бошад? Дар  ташаккули рӯҳии хонандагон омӯзгор чӣ нақш дорад?
Бояд  зикр кард, ки  дар  муассисаҳои  таълимии омӯзгорӣ ва тамоюли  омӯзгоридоштаи кишварҳои Аврупо, омӯзгорони оянда малака  ва  маҳорати муқаддимавии  равонпизишкиро меомӯзанд. Дар мактабҳои  маъмулии  Аврупо,  Амрико, Осиё одатан таъсир расондани омӯзгорро ба шахсияти хонанда дуруст меҳисобанд. Дар мактабҳои навъи дигар – литсею гимназияҳо озодӣ ва ҳуқуқ, шахсияти  хонандагонро ба  инобат гирифта, дарёфти  роҳ, ҳадаф, ормон ва  самтҳои рушди фардиро аз рӯи маълумоти табиӣ, талабот ва завқ ба роҳ  мемонанд. Масалан, дар мактаби озоди Эрфурт чунин меҳисобанд, ки кӯдакон аз рӯи қонунҳои табиӣ инкишоф меёбанд. Онҳо на ба тарбия, балки ба  мушоиат (ҳамроҳӣ) ниёз доранду халос. Дар ин маврид  нақши омӯзгор чун  манбаи асосии таълим ва тарбия  каме коҳиш меёбад.
Дар  мактабҳои навъи  дигар баъзе  вазифаҳои омӯзгор низ бо сабаби технологизатсияи ҷомеа маҳдуд мегарданд. Дар ҷаҳони  муосир  ҷараён  ва  анбӯҳи  ахбор  барои оммаи  истифодабарандагон чунон  пуриқтидор гардидааст,  ки дониши омӯзгор  дар назди он  қатрае  аз  баҳрро  мемонад.  Аз  ин лиҳоз,  ҳам  дар  мактабҳои  маъмулӣ  ва  ҳам дар  мактабҳои  навъи дигар  омӯзгор вазифаи ахбордиҳии  худро  гум  мекунад  ва  вазифаи  асоситарини  ӯ омода  сохтани  хонандагон  ба  самтҳои пажӯҳиши маълумот, иттилои зарурии онҳо ва худогоҳию  худшиносии фардии онҳо  маҳсуб  меёбад.
Агар бобати  таълими  хонандагон омӯзгор қадре вазифаи худро чун воситаи асосӣ аз даст диҳад ҳам, таъсири  шахсиаш ба  хонанда  қатъитар  ва ҷозибтар мегардад. Яъне, омӯзгор  на танҳо сарчашмаи  дастрас сохтани донишҳои гуногун, балки барои ташаккули шахсияти  ҳар  як хонанда  намунаи ибрат  ба  шумор  меравад.  Таҳти маънои  «намунаи  ибрат»  таъсири  омӯзгор  ҳамчун шахсият  ба  инкишофи шахсияти хонанда  дониста  мешавад. Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 изҳор дошта буд: «Муаллимон  бояд  шаҳрвандони  сатҳи  маърифаташон  баланд, дорои тафаккури  эҷодӣ, ҳамаҷониба  рушдёфта  ва  соҳиби дониши  амиқ,  дорои маҳорату  малакаи касбӣ  тайёр  намоянд». 
Таъсири  шахсияти  омӯзгор  мунтазам ба  хонанда расида,  новобаста  аз  хоҳиши  омӯзгор  хонанда  ӯро  мушоҳида   месозад ва  барои ташаккули  шахсияташ аз ӯ ғизо мегирад. Ҳамзамон  хонандагон  низ, бавижа  хонандагоне,  ки  сатҳи  баланди  истеъдод,  сифатҳои  фардиро  молик  ҳастанд,  ба  ҷаҳонбинӣ  ва  ахлоқи   омӯзгор  таъсир  расонда метавонанд.
Зимни  пажӯҳиш дар Донишгоҳи омӯзгории давлатии шаҳри  Маскав муҳаққиқон ба  натиҷае расиданд, ки таъсири шахсияти омӯзгор  ба ташаккули шахсияти хонанда ҷиҳати хусусиятҳои ахлоқ ва   муносибат ба атрофиён нақши созгор мегузорад. Аз натиҷаи пурсише,  ки дар  байни 120 нафар донишҷӯи курси як гузаронида шудааст, маълум мегардад, ки ба хонандагон шахсияти кадом гурӯҳи омӯзгорон бештар таъсирбахш ва намунаи ибрат қарор мегирад:
-омӯзгороне, ки ба гурӯҳи омӯзгорони соҳибэҳтиром ва шарафманд  мансубанд;
-омӯзгороне, ки сатҳи маҳорати касбии баланд доранд (асосан  синну соли онҳо аз  35 то 55 сола);
-омӯзгороне, ки ба касби худ муҳаббати беандоза доранд;
-омӯзгороне, ки ба хонандагон чун ба шахсият муносибати баробар  дар  як  сатҳ мекунанд, вале  риояи ҳадди муносибати ҳамдигарро ба ҷо  меоранд. 
Донишҷӯён тасдиқ  мекунанд, ки омӯзгорон ба тавсеаи нуқтаи  назари онҳо, муносибат ба одамон, ба муҳит, ба олам, ба худ, ба  интихоби касби педагогӣ, ба  иҷрои ин ё он фаъолияташон таъсир расонидаанд. Аксари донишҷӯён бар онанд, ки устодон ба онҳо на мақсаднок, балки ғайриихтиёр ва ғайриидрок таъсир расонидаанд.
Омӯзгор дар  раванди таъсири мутақобила  бо  хонандагон, хоҳу  нохоҳ аз  нуфуз ва  мавқеи касбиаш  барои  талқини ҳақиқат меъёр,  ахлоқ, тарзи тафаккур, нуқтаи назар ва  ғайраро ба кор мебарад. Ин  далел амалан бебаҳс  аст. Лекин муҳимтар он аст, ки  ин таъсирот бояд  аз  рӯи  ахлоқи  ҳамида, меъёрҳои  гуманистӣ,  баҳодиҳӣ ба  оқибати  рафтор ва  имконоти  бошууронаи он  сурат гирад. Дар  ин бобат андешаҳои  олимон  мухталифанд. Омӯзгор мебояд худ намунаи ибрати дигар табақаҳои ҷомеа, ҷавонон ва наврасон бошад ва аз рӯи ҳикмати «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» амал намояд. Дар ин хусус Президенти мамлакат 20 - марти соли 2007 дар суханрониашон мақоми омӯзгорро дар ҷомеаи мо бори дигар таъкид кардаанд: «Маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг, устодони донишманду  ватанпараст савияи таълиму дониши  хонандагонро баланд  бардошта, онҳоро  ба  забондонӣ,  илмомӯзӣ  ва  худшиносиву ҷаҳоншиносӣ  раҳнамоӣ  карда  метавонанд».
Омӯзгор  нисбат ба дигар табақаҳои ҷомеа дар  синни баркамолӣ низ имконияти фарохи бунёд  ва  ташаккули  шахсияти худро дорад. Ин, албатта, ба  касби ӯ  вобаста  аст,  ки тавассути он  ҳамеша бо оммаи  васеи одамон муошират  мекунад,  дар  маркази  таваҷҷӯҳи  дигарон қарор дорад  ва  қобилияти  баҳодиҳӣ ба кирдори худро дорад. Садоқат ва ботини  поку беолоиши кӯдакон ба онҳо имкон медиҳад, ки тавассути  омӯзгор  ба дараҷаи шахсияти комил расанд. Омӯзгор қобилияти  аз  мавқеи  дигарон истода  андешиданро бояд дошта бошад ва  ба кӯдакон  бо ҳусни тафоҳум муносибат  намояд. Омӯзгор  андеша ва суханони  кӯдакон, хусусияти  рафтор, муносибати онҳоро таҳлил  мекунад ва дар  ташаккули  шахсияти  хонанда  нақш  мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки хонанда ба тафаккур, андеша ва ахлоқи омӯзгор таъсири  мутақобилаи  худро  мегузорад.  Ин таъсир  метавонад ба  омӯзгор илҳомбахш,  гуворо бошад ё баръакс  ӯро рӯҳафтода  ва  дилшикаста гардонад; ба  худ  ҳисси нобоварӣ  пайдо  кунад, кори  худро  бемантиқ  ва бефоида  шуморад ва ғайра. Аммо  омӯзгор ба он мекӯшад,  ки  дар  назари  шогирдон ин  таъсир ноаён  бошад.  Аксари  омӯзгорон дорои хислатҳоеанд, ки онҳо дар  дигар  табақаҳои  ҷомеа  дида  намешаванд:  муоширатнокӣ,  қадре  содагӣ, майл ба омӯзонидан,  зуҳури муносибати махсус ба олами наврасӣ. Азбаски омӯзгорони асил ботин ва ҳиссиёти наврасонро хуб дарк мекунанд, тавре ки дар халқ мегӯянд, «дили  онҳо ҳамеша ҷавон аст». Шояд маҳз ана ҳамин хислатҳо натиҷаи таъсири мутақобилаи хонанда бо омӯзгорон бошад.
Олимону муҳаққиқон дар  ин  хусус андешаҳои зиёд баён  кардаанд. Яке аз онҳо Януш  Корчак  аст. ӯ дар маърӯзаи  худ 21 декабри  соли 1925 дар  Анҷумани  нахустини  омӯзгорони  Лаҳистон зикр карда  буд, ки мураббии  ҷавон дар раванди кори тарбия наврасонро назорат намуда,  омӯзонда, ташаккул  дода, худро баркамол месозад ва ҳангоми омӯзондан наврасон низ ба ӯ асари худро мегузоранд.  «Наврасон  таҷрибаи  маро  ғанитар  месозанд,  ба нуқтаи назар ва  эҳсосоти ман таъсир  мерасонанд. Ман аз наврасон фармоиш мегирам  ва  онро иҷро мекунам. Кӯдакон маро меомӯзонанд ва тарбия мекунанд.  Кӯдак барои мураббӣ китоби табиат аст: онро хонда, чашмаш кушода  мешавад». Кӯдак  аз ҳар ҷиҳат омӯзгорро  мукаммал  месозад. Онҳо аз муаллим  тақозо  мекунанд,  ки  ӯ  намунаи  ибрат  ва  ормони  онҳо  бошад. Ҳикмате ҳаст: «Мангар, ки кӣ мегӯяд, бишнав, ки чӣ мегӯяд». Омӯзгор бояд новобаста аз он, ки аз ҷиҳати синну сол аз кӯдакон фарқ дорад, аз онҳо омӯзад.
Дар  ин ҳолат дар назди омӯзгор ду роҳ мемонад: талош барои ташаккули шахсият ва мукаммал сохтани дониши худ ё боқӣ мондан дар  мавқеи қаблии хатои худ. Омӯзгоре, ки мавқеи аввалро интихоб  мекунад, тавассути роҳи пурмашаққати камолот қуллаҳои касбиятро  фатҳ менамояд. ӯ ҳар як пичиррос, табассум, нигоҳ, ҳаракат ва имову  ишораи кӯдакро дарк  месозад. «Ба «қасри афсонавӣ», ки номаш кӯдакист, ворид гардида, ман ҳамеша зарур медонистам, ки то  андозае  кӯдак бимонам», – гуфтааст педагоги маъруфи дунё В. А. Сухомлинский.
Омӯзгори роҳи дуюмро  интихобкарда бо роҳи маъмурӣ, -ҷорӣ  сохтани интизоми қатъӣ, тартиботи сахти орӣ аз раҳму шафқат, зӯран  бор кардани андеша ва мавқеи ӯ меравад. Омӯзгори ин роҳро  интихобкарда на мураббӣ, балки назоратгар, идоракунанда ва дарк насозандаи садои дили кӯдакон аст. Инҳо ба гурӯҳи омӯзгороне мансубанд, ки касби омӯзгориро на сидқан, балки шартан иҷро мекунанд ва ё ин касбро тасодуфан интихоб кардаанд, чунончи «Дар байни донишҷӯёни мактабҳои олии омӯзгорӣ шахсоне дучор меоянд, ки тасодуфан ин касбро  интихоб  карданд», таъкид кардааст Президенти кишвар 28 августи соли 1995 дар вохӯрии худ бо фаъолони ҷумҳурӣ.
Омӯзгорони навовар доимо дар ғанӣ гардонидани таҷрибаи  омӯзгор  таъсиру завқи  хонандагонро  ба асос мегиранд  ва хонандагон  барои муайян  кардани мавқеи  ҳаётӣ ва  принсипҳои  эҷодии омӯзгор,  ки  манбаи дониш ва  малакаи  ӯ ҳастанд, майлу рағбат пайдо мекунанд. Омӯзгор  ба хонандагон  тарзи  донишомӯзиро  ёд медиҳад ва худаш аз онҳо тарзи омӯхтанро меомӯзад. Вақте ки ба адабиётшиноси шинохта У. Илин  суол  медиҳанд,  ки  шуморо  чӣ  водор  месозад, ки  дар  мактаб кор  кунед, чунин посух медиҳад: «Ҳирси омӯхтан! Рӯҳан ба  наврасон  худро  бахшидан ба ман писанд аст ва «худамро» боз аз  рӯи  теъдоди  хонандагон баргардонда мегирам». Ба шахсияти худ аз назари танқидӣ бояд нигарист ва худро бояд мукаммал сохт.
Аксари  олимон чунин  мешуморанд, ки хонанда иқтидори маънавии ғанӣ ва бекаронро молик аст. Фақат лозим меояд, ки барои  бедорнамоии ҳиссиёти баланди инсонӣ барояшон имконият фароҳам  биёред. Ояндаи ҷумҳурӣ бештар  ба таҳсил вобаста аст. Зеро, «Мо тараққиёти ҳаматарафаи соҳаҳои халқи ҷумҳуриро бе  иштироки  мутахассисони  ҷавон тасаввур намекунем», - таъкид кардаанд Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо донишҷӯёну омӯзгорон.
Ҳамин тариқ, хонанда ба шахсияти омӯзгори худ таъсир мерасонад  ва, албатта, дараҷаи таъсиррасонии ӯ ба сатҳи рушди сифатҳои фардӣ,  инчунин омодагии ӯ барои қабули омӯзиш аз  хонандаи худ вобаста аст.  Омӯзгор  ҳар  қадар  муносибаташро бо хонандагон таҳлил кунад ва ба  тарозуи  андеша баркашад, барои дарки олами ботинии хонандагон ҳамон андоза омодагӣ  мегирад. «Ҳар қадар ки шумо худро, пешаи худро, ному нони худро эҳтиром кунед, савияи дониши худро баланд  бардоред, ба ҳамон андоза эҳтирому эътиқоди аҳли ҷамъиятро сазовор  мегардед» муроҷиат намудааст Сарвари давлат ба омӯзгорони кишвар. Омӯзгор ҳар қадар ба  умқи олами ботинии хонанда ворид шавад, майлаш ба  омӯхтани ақидаҳо, пиндор ва кирдори онҳо зиёд мешавад ва фатҳи сатҳи  баланди рушди касбӣ ба ӯ муяссар мегардад. Зеро бо тақозои замон соҳаи маориф чун кулли соҳаҳои дигари ҷомеа, дар марҳилаи ислоҳот ва гузариш ба низоми нави таҳсилот қарор дошта, ҳарчи бояд зудтар қолабҳои кӯҳнаро шиканад, ба фаҳмиши ҷомеаи демократӣ, ба фарҳанги нави сиёсӣ, техникӣ ва ба таҳсилоти бозоргонӣ гирифтани аҳолӣ роҳ  кушояд.

Муҳаммадалӣ АФҒОНОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед