мулоқотҳо
Ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ гашт
Бегоҳии 1 октябри соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нафт ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навиди Қамарро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Аз мӯҳтавои ҳамкории солҳои ахир ва пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олии ду кишвар қаноатмандӣ изҳор гашт.
Нақшаҳои муштараки минтақавӣ оид ба бунёди хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи КАСА - 1000 ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар маҳаки асосии ҳамкории бунёдии минбаъдаи Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1875