мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон бо Медали тиллоии ба номи Николай Блохин сарфароз гардид
1 октябри соли 2010, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи илмҳои тибби Федератсияи Русия Михаил Давидов ва Президенти Академияи саратоншиносии Украина Игор Шеботинро, ки барои иштирок дар Анҷумани VI саратоншиносони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Михаил Давидов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи тандурустӣ ва таҳкими дӯстию ҳамкории миёни халқҳо мукофоти олии Академияи илмҳои тибби Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохинро тақдим намуд.
Дар мулоқот оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Русияву Украина дар соҳаи тандурустӣ ва хусусан саратоншиносӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1936