мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфт
6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмайро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд. Аз равобити сатҳи олии сиёсӣ, ки муҳаррики асосии рушди муносиботи накӯи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш ба шумор мераванд, изҳори қаноатмандӣ гардид.
Ҳамкории мустақиму наздик ва созандаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳо ва мақомоти сарҳадӣ, амниятӣ, низомӣ ва адлияи Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини рушди минбаъдаи равобити судбахш амри ҳаётӣ номида шуд. Ҳар ду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро баҳри муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хусусан баҳри таҳкими ҳифзи cарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуд.
Барои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи босамар аз минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷи Поён ва Ишкошими Тоҷикистон, ки дар наздикии сарҳад бо Афғонистон қарор доранд ва тезондани тадбирҳо баҳри бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингард зарур шумурда шуд. Пайвастани шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя ба манфиати кулли минтақа маънидод гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2026