фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи филиали Донишгоҳи миллии
таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м :
1) Таъсиси филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида Протокол оид ба таъсиси филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанберо барои ба имзо расонидан омода намояд.
3) Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» баҳри таъмиру таҷдиди бинои барои филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе вобасташуда маблағҳои молиявии зарурӣ ҷудо намояд.
4) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намояд.
5) Маблағгузории фаъолияти филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва», инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз иҷрои хизматрасонии таълимӣ ва ғайра ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои ихтиёрии эҳсонкорӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
6) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанберо дар бинои идораи Корхонаи воҳиди давлатии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» ҷойгир намояд.
- дар Буҷети давлатии соли 2011 маблағгузории хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории бинои филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» дар шаҳри Душанберо дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудогардида пешбинӣ намояд.
- дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ гардонад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2010, № 935
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2486