logo

президент

Гузориш аз рафти машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

11 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, як зумра ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат 2 масъалаи асосӣ - ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ - молиявии мамлакат ва рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010  доир ба омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 баррасӣ шуд.
Оид ба ҷамъбасти нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2010 ва фаъолияти тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ - молиявии мамлакат гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев шунида шуд. Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар 9 моҳи соли равон ба 6,2% ва таваррум ба 6,7% расидааст.  Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6% ва маҳсулоти кишоварзӣ 7,1% афзудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба таъмини кори бемонеаи корхонаҳои саноатӣ ва ҳамчунин пардохти маблағҳои андоз, гумрук ва дигар даромадҳои давлатӣ, ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили фаровони пахта, меваю сабзавот ва зироатҳои кишти такрорӣ, захираи тухмиҳои хушсифат ва оғози кишти тирамоҳӣ чораҳои муассир андешида шаванд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ба низом даровардани нархҳо пеши роҳи содироти чорво, ҳамаи намуди гӯшт, картошка, пашм ва металл пурра ва қатъан гирифта шавад.
Доир ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010  дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 муовини якуми сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов гузориш дод.  Дар гузориш аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли ангишт дар мамлакат хеле афзоиш ёфта, дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна бештар ин навъи сӯзишворӣ ба фурӯш рафтааст. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар тамоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қадри кофӣ ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ захира шудаанд.
Тибқи гузориш, айни ҳол дар мамлакат 482 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 28- то зиёд мебошад. Фурӯши гази моеъ дар 9 моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 беш аз 1400 тонна афзудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба тезондани сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои кӯҳистон, бо сифат омода кардани шабакаҳои таъмини барқу газу гармӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пурра гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҳар қадар нерӯи барқ сарфакорона истифода шавад ва талафоти он поён равад, ҳамон қадар таъминоти мардум бо нерӯи барқ ва гармӣ дар фасли сармо беҳтар мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаллу фасли як қатор масоили дигар низ дар назди масъулони дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3585
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед