logo

муҳоҷират

Тоҷикони Твер: онҳо чӣ рӯзгоре ба сар доранд?

Ба таъсиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия», ки  он рисолати бузурги таърихии ваҳдати зодагони Тоҷикистон ва шефтагони воқеии кишвари саропо кӯҳсори моро дар ин сарзамин анҷом медиҳад, як сол пур шуд. Ҳолиё дар ин иттиҳод наздики 70 созмони ҷамъиятии тоҷикон аз минтақаҳои гуногуни сарзамини паҳновари рус- аз Калининград то Владивосток ва аз Норилск то Аштархон ба ҳам омада, барои беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии ин кишвар, фарҳанги волои миллӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик талош меварзанд.
Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикони Твер ҳам аз қабили ҳамин гуна созмонҳоест, ки давоми ҳафт соли мавҷудияташ бо фаъолияти пурсамару ибратбахш дар миёни мардуми гуногунмиллати дили Русияи марказӣ мавқеи намоён касб кардааст. Ҳоло дар он ҳудуди 3 ҳазор тоҷикистонӣ сарҷамъ омада, дар рушди ҳаёти ин минтақа фаъолона cаҳм мегиранд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тасмим гирифтааст, аз кору рӯзгори ҳамин гуна созмонҳое, ки фаъолияташон намунаи ибратанд, силсилаи матолиб ба табъ расонад. Дар ин шумора чанд матлаберо пешкаши хонандагони арҷманд менамоем, ки хабарнигорамон баъди сафар ба вилояти Твер ва ошноӣ бо ҳаёти тоҷикони он таълиф кардааст.


Твер сарзамини дӯстист

Ман бар онам, ки маҳз рангорангии милливу фарҳанги сарзамини мо бояд манбаи рушд ва устувории ҷомеа гардад.
Д. В. ЗЕЛЕНИН,
губернатори вилояти Твер.

Твер калонтарин вилояти Русияи марказист, ки масоҳати он аз бисёр кишварҳои ҷаҳон зиёдтар мебошад. Чунончи Австрия аз ин сарзамин хурдтар аст ва ё ба ду кишваре ба мисли Ҳолланд баробар мебошад…
Тверро дили Русия ва мамнӯъгоҳи кӯлу дарёю бешазорон ҳам меноманд. Дарёи Волга аз ҳамин сарзамин сарчашма мегирад. Верхневолже дорои захираҳои бузурги обӣ - 760 дарёю чандсад кӯли дигар аст.
Твер аз ҷануб бо шаҳрҳои Москваю Смоленск, аз шимол бо Псков ва аз шарқ бо Ярославл ва Владимир ҳамҳудуд аст. Дар 36 ноҳияи вилоят  беш аз ҳафт ҳазор ёдгории таърихӣ, аз ҷумла даҳҳо калисову ҳафриёти бостонӣ мавҷуданд. Дар ин сарзамин Иван Андреевич Крилов, Салтиков-Шедрин, Анна Ахматова ва бисёр бузургони дигар зиндагиву эҷод кардаанд.
Дар Твер ғайр аз русҳо  боз намояндагони беш аз сад миллату халқият маскунанд. Аз рӯи шумори аҳолӣ дар Твер ҷои дуюмро украинҳо, ҷои сеюмро карелҳо, баъд белорусҳо, арманҳо, тоторҳо ва ғайра ишғол менамоянд. Махсусан, ҳайати этникии вилояти Твер аз гурӯҳҳои калони карел иборат аст, ки онҳо 20 дарсади тамоми карелҳои қаламрави Русияро ташкил медиҳанд.
Ин диёр пули махсусе миёни кишварҳои Ғарбу Шарқ гаштааст.


Вақте бо оини ҳамдигар ошно мешавем...

Кохи фарҳанги «Пролетарка» аз иншооти хеле зебо ва барҳавои шаҳри Твер аст, ки дар он Иттиҳодияи ҷамъиятҳои миллӣ фаъолият мебарад.
Бону Людмила Гусарева, сардори ин иттиҳодияи фарҳангӣ, маро хуш пазироӣ намуд. Бо истифода аз фурсати муносиб аз фаъолияти бахши фарҳанги вилоят, ки рушди фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ ва варзишро ба ӯҳда дорад, пурсидам.
-Иттиҳодияи ҷамъиятҳои миллии вилояти Твер, ки дар байни аҳолӣ ба унвони Кохи фарҳанги «Пролетарка» маъруф аст, соли 2002 таъсис ёфт,-гуфт Людмила Гусарева.- Фаъолияти чунин як иттиҳодияи миллӣ дар вилоят на танҳо равобити фарҳангиву дӯстии ақаллиятҳои миллиро таҳким бахшид, балки корро дар ҷамъиятҳои миллӣ хеле фаъол гардонд. Ва ҳамзамон ба сиёсати пешгирифтаи давлат бобати таъмини рушди озоди фарҳангҳои миллӣ дар кишвар воқеан ҳам мусоидат намуд. Бояд зикр намоям, ки фаъолияти ҷамъиятҳои миллӣ зинаи муҳими барномаи дарозмӯҳлати ҳукумати вилоят оид ба рушди махсуси фарҳанги ҳама миллатҳо ва халқиятҳое мебошад, ки дар сарзамини мо маскан гузидаанд. Ҳоло дар Твер ҷамъиятҳои фарҳанги миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, арманҳо, карелҳо, қазоқҳо ва ғайра, дар маҷмӯъ  22 ҷамъияти миллӣ узви иттиҳодияи мазкур мебошад.
Иттиҳодияи ҷамъиятҳои миллӣ бо фаъолияти худ на танҳо ба рушди фарҳанг ва расму оини ақаллиятҳои миллии ин сарзамин  мусоидат мекунад, дар айни замон барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа такон мебахшад. Кори мо, агарчи душвор аст, ниҳоят шавқовар мебошад. Вақте одамон бо расму оин ва забону таъриху фарҳанги ҳамдигар ошно мешаванд, олами маънавии онҳо ғанӣ мегардад. Ва муносибаташон нисбат ба миллатҳои дигар самимӣ гашта, ғаму шодияшонро ба ҳам мебинанд.
Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикон ҳарчанд аз ҷамъиятҳои нави миллии вилоят аст, бо фаъолияти ибратбахшаш дар байни миллатҳои дигар эътибори шоёне пайдо намудааст ва дар ҳалли масъалаҳои зиёде ба мо ёрӣ мерасонад.


Занҷири мантиқӣ дар фаъолияти бинокорӣ


Тоҷикони Твер дар бунёди иншоотҳои азими вилоят ҳисса мегузоранд ва бо ширкатҳои сохтмонии ин диёр ҳамкориҳои муштараки самарабахш доранд. Сӯҳбати мо бо  Игор Иноземсов, директори генералии Ширкати гурӯҳии «Жилкомстрой»-и вилоят, дар ин бора аст.

-Игор Вячеславович, дар бунёди иншоотҳои азими вилоят чаро маҳз бо Ширкати комплексии сохтмонии «Помир» ҳамкорӣ мекунед ва феълан ба сохтмони кадом иншоотҳо машғулед?
-Қабл аз посухи савол бояд гӯям, ки ширкати сохтмонии мо аз соли 2003 инҷониб фаъолият менамояд ва бо Муқим Майбалиев, сардори ширкати комплексии сохтмонии «Помир» севуним сол аст ҳамкорӣ дорам. Фаъолияти муштарак бо тоҷикон бароям бисёр хуш аст. Дар корҳои сохтмонӣ маро мардуми меҳнатдӯсту  ҳалими тоҷик иҳота намудаанд. Дар ҳақиқат мо асосан ба бунёди иншоотҳои бузург машғулем. Тибқи барномаи федералии губернатори Твер феълан аввал сохтмони маҷмааи бузурги нави варзишӣ ва толорҳои барҳавои он ва баъди анҷоми он бунёди як заводро ба ӯҳда гирифтаем. Минбаъд ҳам нақшаҳоямон бо ҷаноби Майбалиев дар бунёди иншоотҳои азим хеле калон аст. Зимни ҳамкорӣ бо тоҷикон мушоҳида намудам, ки онҳо мардуми бисёр хирадварз, меҳрбон ва поктинат ҳастанд. Мардуми кунҷков ва зираканд . Касбашонро хуб медонанд. Азбаски  дар сатҳи касбӣ кору муносибат доранд, диққати маблағгузорони зиёдро ҳам ҷалб кардаанд.
-Маблағгузорон дар бунёди иншоотҳои азими Твер чӣ гуна ҷалб карда мешаванд?
-Ғайр аз он ки ширкатҳои сохтмони вилоят дар сатҳи баланди касбӣ фаъолият намуда, ба ҷалби сармоягузорон мусоидат мекунанд, ба ҷалби онҳо дар татбиқи барномаҳо ҳукумати шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳам таҷрибаи хуб доранд. Яке аз роҳҳои ҷалб намудани маблағгузорон ба вилоят баргузории анҷуманҳои иқтисодист. Чандин сол аст, ки дар Твер ба хотири ҷалби маблағгузорон барои татбиқи барномаҳои иқтисодӣ чунин анҷуманҳо баргузор мешаванд ва дар онҳо миёни ҳукуматдорону сармоягузорон роҷеъ ба татбиқи барномаҳо гуфтугӯи  тиҷоратӣ сурат мегирад.
Чунин гуфтугӯҳо буд, ки ба ташаккули системаи маблағгузорӣ дар қаламрави Твер замина гузошт ва иқтисодиёти вилоятро ба сатҳи баланд бардошт. Дар анҷумани иқтисодии имсола губернатор Дмитрий Зеленин меҳмонони  Верхневолжеро бо стратегияи рушди иқтисодии вилоят ошно сохт. Инчунин дар ин ҳамоиш таҷрибаи пешқадами сармоягузорон муаррифӣ шуда, оид ба татбиқи барномаҳои нави инвесторӣ созишномаҳо ба имзо расиданд. Бунёди иншооти варзишие, ки тавре дар боло ёднишон кардам, ба ӯҳда гирифтаем, тибқи ҳамин гуна созишномаҳо ва ғолиб омаданамон дар озмун ба мо мушарраф шудааст.
-Бунёди иншооти варзишӣ шояд натиҷаи таваҷҷӯҳи зиёди ҳукумати вилоят ба варзиш ва рушди он аст?
-Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Твер ҳангоми бунёди иншоотҳои сохтмонӣ таҷрибаи коммунистонро ба кор мебаранд. Пеш аз бунёди корхона ё завод ҳатман биноҳои истиқоматӣ, кӯдакистон ва мактаб месозанд. Барои ин ки одамон самараноктар меҳнат кунанд, ба онҳо шароити хуб лозим аст. Ва бояд ин шароит замонавӣ бошад, аз ин хотир истифодаи технологияи навро ҳам фаромӯш намекунанд. Дар ин тарзи фаъолияти онҳо занҷири мантиқие ҳаст: яъне бо фароҳам овардани шароити замонавӣ- манзили истиқоматӣ- корхонаҳои нав барои ҳама зиндагии мӯътадилро муҳайё месозад. Агар яке аз ин қисматҳо ба эътибор гирифта нашавад, занҷир аз ҳам гусаста, нақшаҳо нопурра мемонанд. Аз ҳамин хотир дар радифи бунёди биноҳои истиқоматию мактабу кӯдакистон ҳукумат сохтмони нави маҷмааи варзиширо бо толорҳои барҳавояш ба нақша гирифт, ки масоҳати он 2409 м2 кв буда, 64,737 млн рубл арзиш дорад. Мо ин маҷмааи варзиширо дар мӯҳлати 16 моҳ хоҳем сохт.


Тоҷикони Русия насли нави миллатанд

Қароргоҳи ҷамъияти тоҷикон дар бинои ширкати комплексии сохтмонии «Помир» воқеъ аст ва имкон медиҳад, ки сардори он, раиси ҷамъияти тоҷикони Твер Муқим Майбалиев, писари устод Хушназар Майбалиев, коргардони маъруфи театри Лоҳутӣ, баробари масъалаҳои сохтмонӣ, фаъолияти ҷамъият,  мушкилоти тоҷикону муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини онҳоро бо ҷои кор ҳал намояд.

- Ҳадафи асосии ҷамъияти мо  иттиҳоди тоҷикон, расонидани ёрӣ ба ҳамватанон аст -, гуфт зимни сӯҳбат Муқим Майбалиев ва афзуд. - Бо афзоиши эҳтиёҷи зиндагӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тадриҷан зиёд мешавем. Зеро дар ин мавзеъ ҷои кор зиёдтар аст. Иқтисодиёташ ҳам пешрафта асту заминаш ҳам бисёр. Барои гирифтани шаҳрвандии Русия тоҷикони зиёде аз мо кӯмак мепурсанд ва ба онҳо ёрӣ мерасонем. Танҳо дар ҳамин  сол аз вилоятҳои дигари Русия ба мо 60 нафар тоҷикистонӣ барои қабули шаҳрвандии ин мамлакат муроҷиат намуд.
Агарчанде дур аз Ватан зиндагӣ дорем, ҳамеша бо ёди Ватан ҳастем. Боре дар як барномаи телевизионӣ аз ман пурсиданд, ки 17 сол аст дар Русия зиндагӣ мекунам, оё он бароям Ватан шудааст? Гуфтам, ки ба инсон Ватану Модар танҳо як бор дода мешавад. Ватани ман-модари ман Тоҷикистон аст. Аз Русия ва мардуми он миннатдорем, ки ба мо барои кору зиндагӣ шароит муҳайё намуданд. Бо таъсиси Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикон дар ин диёр як маҳали тоҷикии худро эҳё намудаем, ки забону таъриху фарҳанг ва одобу анъанаҳои миллиамонро гум накунем. Озодаасливу озоданаслӣ, меҳнатқариниву хирадпарварӣ, бунёдкориву хайрандешиамонро, ки дар таърихи башар бо пиндору гуфтору рафтори нек ба мо мерос мондаанд, аз даст надиҳем. Аз ин хотир барои он талош меварзем, ки ҳамватанони мо дар ин сарзамин умри хешро барбод надиҳанд, фурсатро ғанимат донанд, дониш омӯзанд, тахассус гиранд, барои анҷоми корҳои бузург даст зананд ва ёриашонро барои пешрафти Ватанашон дареғ надоранд, асли хеш- Ватани хешро фаромӯш накунанд. Аз вилоят замин гирифта, ба бунёди қароргоҳи ҷамъияти тоҷикон, ки аз панҷ ошёна иборат аст, шурӯъ намудем. Тасмим гирифтаем дар ин бино барои кӯдакон синфҳои таълимӣ ташкил намоем, то онҳо тавонанд забону таъриху фарҳанги миллиамонро омӯзанд, аз расму оину анъанаҳо ва одобу ахлоқи тоҷикиамон бархурдор шаванд. Мо дар бораи таъмини мактаб бо омӯзгорони ҳирфаӣ ҳам тадбир андешидем. Ҳоло 33 нафар донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии Твер таҳсил менамояд. Дар байни онҳо муҳассилони тахассуси омӯзгорӣ низ ҳастанд ва медонанд, ки  бояд барандагони расму оин ва фарҳанги миллиамон бошанд.
Дар Русия тоҷикон хеле зиёданд. Ман, ки муовини аввали раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ҳастам, бо кӯмаки тоҷиконе, ки дар вилоятҳои гуногуни ин кишвар маскунанд, Хазинаи Бадахшонро таъсис додам. Чаро ки баъди пошхӯрии низоми шӯравӣ мардуми тоҷик мӯҳтоҷи ёрии ҳар гуна хазинаҳои кишварҳои дигар гашт. Чаро мо, тоҷикони Русия, ки алъон тавассути заҳмату истифодаи ақлу дониш роҳи зиндагиамонро ёфта, соҳиби як миқдор сармоя ҳам шудаем, ба онҳо ёрӣ нарасонем?
Ҳоло сокинони вилояти Твер ва бисёр вилоятҳои дигари Русия таҷрибаи ҷамъияти моро меомӯзанд, дар бахши хонадориву рӯзгордорӣ ва инсонпарварию меҳмондӯстӣ аз мо ибрат мегиранд. Тоҷикон мардуми раҳмдилу инсонпарвар ва ниҳоят меҳрбонанд. Инро дар Русия хуб фаҳмидаанд, аз ин рӯ самимияташон нисбат ба миллати тоҷик хеле афзудааст. Феълан дар Русия 2 миллион нафар тоҷик зиндагиву фаъолият менамояд, ки онро метавон насли нави тоҷик номид. Ҳеҷ бадие надорад, агар тоҷикон ба Русия омада кор кунанд. Меҳнат онҳоро обутоб медиҳад. Муҳим ин аст, ки бо меҳнати ҳалолу ҳунари волояшон дар ҷомеа мавқеъ пайдо намоянд. Ҳоло ҳазорҳо мардуми тоҷик бо меҳнати ҳалолу бардавоми хеш дар Русия эътибори миллиамонро баланд мебардоранд, вале як ҷиноятпеша бо амали носавобаш ба ин ҳама заҳматҳои софдилонаи мардуми мо доғ меоварад.
Дар Твер ҳам буданд онҳое, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир даст заданд. Дар натиҷаи иттилои зиёди ВАО тоҷикро мардуми вилоят ба ҳайси нашъаҷаллоб шинохтанд.
Барои ҷилавгирӣ аз ин афкори ғалат ба намояндагони ВАО сӯҳбат намуда, дар яке аз барномаҳои телевизиони вилоят суханронӣ кардам. Ба аҳолии Твер фаҳмонидам, ки ҷиноятпеша миллату мазҳаб надорад ва дар  ҳамаи миллатҳо ҷинояткорон ҳастанд. Баъди ин ҳодиса тасмим гирифтам ҳар сол аксияи «Оламе бидуни маводи мухаддир»-ро баргузор намоям, ки дар он ҳама ҷамъиятҳои фарҳанги миллии вилоят фаъолона ширкат варзиданд. 
Ҷамъият ба ҳамаи мардикорони тоҷики Твер дар зинаҳои оғози корашон ёрии ҳуқуқӣ мерасонад. Инчунин ба онҳо дар тартиби сабти ном, гирифтани иҷозатнома барои кор ва дарёфти ҷои кор кӯмак мекунад. Ҳоло қариб 3,5 ҳазор мардикори тоҷик асосан дар бунёди иншоотҳо саҳм мегирад. Мо кӯшиш мекунем, ки онҳо танҳо бо кори сохтмон маҳдуд нашуда, дар маъракаҳои фарҳангиамон ширкат варзанд, ба театру кино раванд, ҷашнҳои фарҳангии миллатҳои дигарро бубинанд.
Шаш сол аст, ки дар вилоят Наврӯзро васеъ таҷлил менамоем. Бахши мусиқии ҷашн бар ӯҳдаи ансамбли эстрадии ҷавонони тоҷик «Ғарибон» мебошад, ки дар ин диёр маъруфият пайдо кардааст. Имсол барои таҷлили васеи Иди Наврӯз тибқи барномаи пешниҳодкардаамон губернатори вилояти Твер Дмитрий Зеленин ба ҷамъияти тоҷикон маблағи муайян ҷудо кард. Дар ин ҷашн беш аз якуним ҳазор одам, қариб аз ҳама вилоятҳои Русия ширкат варзид. Дар мусобиқаҳои варзишии он 150 гӯштингири маъруфи Русия қувваозмоӣ намуд.
Хидмати  Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикони Твер дар  ташаккули фарҳанги миллиамон ва мавқеъ ёфтани тоҷикон дар ҷои нав хеле бузург аст, ки наметавон дар як матлаби кӯтоҳ ҳамаро инъикос намуд. Агар онҳо ифтихор аз Ватан доранд, мо ҳамватанон ифтихор аз амалу кирдори неки онҳо дорем. Зиҳӣ эй ҳамватан, ки асолати миллатро хориҷ аз кишвари хеш бо амалу заҳмати беолоишат муаррифӣ менамоӣ!


Бобои Назар деҳаи Перелогаро эҳё намуд

Мушкилоти иқтисодӣ бобои Назарро ҳам муҳоҷир намуд. ӯ, ки сокини ноҳияи Шаҳритус буд, бо аҳли хонаводааш ба Русия рафт. 50 километр дуртар аз шаҳри Твер дар деҳаи Перелога маскан гузид. Ин деҳқони асили заҳматкаш бо ҳамдастии ҳафт фарзандаш як хонаи партови рустоиро обод намуду мазраъҳои мурдаи атрофи онро ваҷаб ба ваҷаб эҳё кард. Дар он сабзиҷоту картошка кошта, ҳосили фаровон рӯёнд. Ба парвариши чорво, аз ҷумла гову бузу гӯсфанд ҳам машғул шуд. Аз байн даҳ сол гузашт. Ба бузургсолиаш нигоҳ накарда, бобои Назар замини хоҷагиашро васеътар намуд ва ҳосили фаровон рӯёнда, маблағи аз он ба дастовардаашро барои таҳсили фарзандон пардохт. Ҳоло дар ин деҳа даҳҳо оилаи дигари тоҷик  маскан гузидаанд ва ба чорводориву кишоварзӣ машғуланд. Деҳи харобу валангори бесоҳиб ба як деҳаи зебои замонавӣ табдил ёфтааст ва аз он ба машом бӯи диёри тоҷик меояд.
Писарони бобои Назар Саидбеку Бахтибек ва Худоназару Давлат кормандони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатии минтақаанд ва барои осудагию ободии ин сарзамин нерӯ ба харҷ медиҳанд.
Мутаассифона, ду сол пеш писари калониаш Аъзам, ки дар таъсиси Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикони Твер ҳамроҳи Муқим Майбалиев ибтикоре дошт ва барои беҳбуди ҳаёти тоҷикон дар ин сарзамин талош меварзид, аз олам чашм пӯшид.
Бо кӯмаки ҷамъият бобои Назар оромгоҳи тоҷиконро бунёд кард. Ҳоло марқади писару ҳамсараш дар ҳамон ҷост. ӯ ҳамроҳи писаронаш се тоҷики муҳоҷирро  ҳам дар ҳамин оромгоҳ ба хок супурд. Бобо барои ободию тозагии оромгоҳ ба ҳамдиёронаш кӯмак мерасонад.
Агарчанде барои фарзанди одам дар ин ҷаҳон маргу мавт азалист, теъдоди таваллуди он, шукр, бештар аст. Аксари тоҷикони Твер серфарзанданд. Барои серфарзандӣ ҷамъият ба занон имтиёзҳои зиёде додааст. Онҳоро соле чанд бор ҳавасманд менамояд. Шояд аз ин хотир аст, ки аксари бонувони тоҷики муқими Твер бештар ба таваллуду тарбияи фарзанд машғуланд. Масъули бахши кор бо занони ҷамъият Моҳшариф Шамсиддинова ҳамеша аз вазъи онҳо огоҳ шуда, роҷеъ ба ниёзҳояшон дар ҳамдастии ҷамъияти тоҷикон тадбирҳо меандешад.


Рангорангии фарҳангҳо-дунёи
хоси маънавии Верхневолже

-Ганҷина, Шуморо, ки ҳуқуқшинос ҳастед, чӣ боис шуд, ки тағйири касб намуда, маҷаллаи «Мир Верхневолжья»-ро таъсис диҳед?
-Бале, ман факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тверро хатм карда, ду сол ба ҳайси ёвари суд фаъолият ҳам намудаам. Вале майлам ба  журналистика  бештар буд. Бинобар он ду сол дар Маскав ба интишори эълону реклама машғул шудам ва мақола ҳам менавиштам. Ниҳоят  қарор додам, ки дар интихоби касб бо пайроҳаи бобоям, журналисти шинохта, шодравон Ҳанафӣ Маҳмудов қадам ниҳам.
Сарзамини Твер ва сокинони он дунёи хоси худро доранд. Дар ин мавзеъ беш аз сад миллату халқият зиндагӣ мекунанд ва ҳар яке дорои фарҳанги ғаниву расму оини хос мебошад. Саъй дорам, дар маҷаллаам ана ҳамин дунёи хоси Верхневолжеро инъикос намоям.
-«Мир Верхневолжья» ба ниёзҳои одами замони муосир, ки дар ҳассостарин ва тӯфонитарин  порае аз таърихи ҷаҳон ба сар мебаранд, чӣ иртиботе дорад?
-Ба назарам аз тақозои зиндагист, ки феълан  қисмате аз одамон дар Ватани хеш зиндагиву фаъолият намекунанд. Башар космополит шудааст, яъне ӯ тамоми дунёро ватани худ меҳисобад. Одамон барои кору зиндагӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар мераванд, бо намояндагони халқҳои дигар издивоҷ менамоянд. Дар натиҷа наслҳои нави омехтаи халқҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Ин раванд як анъанаи наве дар ҳаёти сайёраи Замин аст. Ва дар натиҷа таваҷҷӯҳи мардум ба расму оин ва фарҳангҳои миллӣ сол ба сол коҳиш меёбад. Бинобар ин ҳоло дар Твер созмонҳои миллие амал мекунанд, ки барои пойдориву устувории забону фарҳангҳои хеш талош меварзанд. Яке аз ҳадафҳои ҷамъияти тоҷикон низ ҳамин аст.
Аммо ман эҳсос намудам, ки ҷамъияти мо ва намояндагони халқу миллатҳое, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, ғайр аз фаъолияти созмонҳояшон ба як нашрияе низ ниёз доранд, ки намояндагони фарҳангҳои гуногунро  бо ҳам бештар  битавонад ошно созад, василаи муаррифии фарҳангҳо, василаи мустаҳкамсозии дӯстиву иртиботи байни ин мардум бошад.
Албатта, ҳифзи мероси бузурги фарҳангӣ, расму оин ва анъанаҳои миллиамон зарур аст, то онро бекаму кост ба наслҳои нав расонем. Нагузорем, ки онҳо аз фарҳанги ҳазорсолаашон дур гарданд. Вале маҷаллаи мо на танҳо дар бораи тоҷикон, ҳамчунин дар бораи дигар одамони наҷиби Твер матолиб ба чоп мерасонад. Маҷалла ба одамон ёрӣ мерасонад, ки дар ин мавзеъ хешро ҳамчун дар Ватани худ эҳсос намоянд. Барои инъикоси ҳаёти фарҳангӣ ва расму оинашон дар маҷаллаи мо ҳама миллату халқиятҳои ин сарзамин ва ҳукумат ҳам ҳавасманд аст ва ёрии молиявӣ мерасонанд. Агар аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия  маҷаллаи мо дастгирӣ шавад, имкон пайдо мекунем, ки дар бораи Ватани азизамон ва фарҳанги он матолиби бештару ҷолибтар интишор намоем.


Рухсора: "Зиндагии шоистаи мо
аз ҳамфикриву ҳамдилист"

Рухсораи Ҳайдаршоҳ, донишҷӯи курси панҷуми факултаи сохтмони иншооти ҷаҳонгардии Донишгоҳи давлатии техникии Твер:
-Бо мадади Ҷамъияти тоҷикони Твер мо донишҷӯёни тоҷике, ки дар мактабҳои олии ин шаҳр таҳсил мекунем, бо ҳам мулоқот оростем ва қарор додем созмони донишҷӯёни тоҷикро таъсис диҳем. Ҳадаф аз таъсиси чунин як созмон ҳифзи забону фарҳангу анъанаҳои миллиамон аст. Ҳамзамон тасмим гирифтаем аз вазъи таҳсилу зиндагии ҳамдигар огоҳ бошем ва ҳини зарурат ба ҳамсолонамон ёрӣ расонем.
Ҳоло дар мактабҳои олии Твер 33 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Онҳо муҳассилони академияҳои тиббию мудофиа, донишгоҳҳои милливу техникӣ, аграрию омӯзгорӣ ва ғайра мебошанд. Бахши кор бо ҷавонони ҷамъияти тоҷикон ҳар сол бо мо, донишҷӯён, ду-се бор мулоқот ороста, аз вазъи зиндагӣ ва мушкилотамон огоҳ мешавад ва ба ниёзмандон кӯмакҳои моддиву маънавӣ мерасонад. Рӯзҳои истироҳат донишҷӯёнро ба корҳои музднок ҷалб менамояд.
Мо якҷо ба сайри таърихии шаҳр мебароем, ба театр меравем ва барномаҳои фарҳангии миллатҳои гуногунро, ки сокинони Твер мебошанд, бо мадади ҷамъияти тоҷикон тамошо мекунем.
Дар яке аз вохӯриҳоямон роҳбари Ҷамъияти тоҷикони Твер Муқим Майбалиев оид ба ифтихори миллӣ сӯҳбат намуд. Он рӯз бори дигар эҳсос кардам, ки бояд сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ватандӯстӣ тақвият дода, барои ваҳдату ҳувияти миллатамон саъю талош варзем. Мо танҳо аз тариқи ҳамдиливу ҳамфикрӣ ва ҳамкории пурсамар метавонем зиндагии шоиставу сазоворро бунёд созем. Хуб эҳсос мекунем, ки дар замони муосир бидуни тахассуси ҳирфаӣ ва фаъолияти эҷодкорона ба анҷом расонидани кори шоистае ба кас муяссар намешавад. Аз ин хотир ҳамсолонамонро даъват менамоям, ки аз фурсат истифода намуда, аъло хонанду ҳунар омӯзанд.


Аз таҷрибаи тоҷикон
баҳра мегирем

Сергей Яковлевич Котелников, муовини раиси Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикон ва раиси Шӯрои ветеранҳои дивизияи 201-и Федератсияи Русия дар вилояти Твер:
-Ҷамъияти тоҷикони Твер на танҳо тоҷиконро, балки тамоми тоҷикистониҳоеро, ки дар ин сарзамин зиндагиву фаъолият доранд, муттаҳид сохтааст. Ҳоло беш аз 180 нафар бародарони русу қазоқу ӯзбеку тотору куриёӣ ва ғайра, ки то ба Твер кӯч бастанашон дар  Тоҷикистон мезистанд, узви  ҷамъияти мо ҳастанд. Аксарияти онҳо шаҳрванди ду кишвар -ҳам Тоҷикистону ҳам Русияанд. Миллати ман рус аст ва дар Тоҷикистон хеле кам будам. Моҳи январи соли 1988 баъди рафъи осебҳои фалокати Чернобил маро ба Тоҷикистон фиристоданд. Писарам Алексей, ки ҳоло дар Омӯзишгоҳи ҳарбӣ таҳсил менамояд, дар диёри офтобии тоҷикон ба дунё омадааст.
Тоҷикистону мардуми поктинат ва равшанзамири он маро чунон хуш омаданд, ки ҳанӯз ҳам худро тоҷикистонӣ меҳисобам. Имрӯз дар Твер халқҳои зиёде зиндагӣ мекунанд, ки қаблан дар Тоҷикистон зиста, ба фарҳангу одоби ҳамидаи миллати хирадпарвари он дил бастаанд. Ҷамъияти мо ба ҳамаи онҳо сарфи назар аз нажоду мазҳаб ва дину забонашон ёрии моддиву ҳуқуқӣ мерасонад. Чунончи, дастпарвари мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Таҳмина Баротова, ки миллаташ ӯзбек аст, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳи модараш ба Маскав кӯч мебандад. Баъди солҳои тӯлонӣ ва заҳмати зиёд онҳо  дар вилояти Маскав соҳиби манзил мешаванд, вале бар асари  як сӯхтори ногаҳонӣ сарпаноҳашонро аз даст медиҳанд. Бо дастгирии ҷамъият  онҳо дар Твер на танҳо соҳиби ҷои кор шуданд, айни замон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ қитъаи замине гирифта, манзили нав бунёд созанд.
Ба ҷамъияти мо ҳамаи миллатҳое, ки дар Твер зиндагӣ мекунанд, муносибати хубу некбинона доранд. Мо бо ҷамъиятҳои миллии гуногун ҳамкорӣ намуда, онҳоро дар ҷашну маросимҳоямон даъват менамоем ва  дар баргузории маъракаҳояшон ёрӣ мерасонем. Онҳо аз таҷрибаҳои фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон баҳра мегиранд ва эҳсоси хайрхоҳиву самимияташон нисбати тоҷикон сол ба сол бештар мегардад.
Карелҳо, ки аз қадимтарин мардуми муқимию таҳҷоии Тверанд ва дорои фарҳанги ғанӣ мебошанд, хешро бо тоҷикон ҳамтақдир мешуморанд. Онҳо низ ба мисли миллати тоҷик бар асари истилои аҷнабиён борҳо аз ватани худ парешон шудаанд ва шабеҳи тоҷикон мардуми фарҳангпарвару ҳунарманданд. Дари ҷамъияти тоҷикон ба рӯи ҳамаи тоҷикистониҳое, ки бо дилу нияти пок ба Твер қадам мениҳанд, боз аст.


Ҷумъабеки Аъзам -
паҳлавони вилоят

Ҷумъабек дар 6- солагӣ аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон ба Твер омада буд. Ҳоло дар 18 -солагӣ паҳлавони номӣ, чемпиони чандинкаратаи вилоят аст. Қариб ҳама хешовандони ӯ ба варзиш машғуланд. Онҳо дар гӯштини тоҷикӣ нерӯ меозмуданд. Ҷумъабек ба дзю-до, ки ба гӯштини тоҷикӣ бисёр монанд аст, шуғл меварзад. Инчунин ба намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла самбо, сумо ва дастбагиребони арманӣ ҳам машғул аст. Аз 11 –солагӣ шогирди устоди варзиши Твер Қаҳрамон Нуралиев шуд. ӯ дар мусобиқаҳои варзишии шаҳрҳои Москва, Санкт –Петербург, Брянск, Орёл, Липетск, Елес, Дубна, Мурманск нерӯ озмуда,  дар ҳайати Федератсияи минтақавӣ Тверро дар Шветсия, Финландия, Латвия, Эстония, Литва ва Белорус намояндагӣ намудааст.
Имсол Ҷумъабеки Аъзам дар мусобиқаи варзишии Курск сазовори ҷои аввал гашт. Ният дорад муфаттиши дараҷаи олӣ шавад.
Наздики 50 дарсади шогирдони мактабҳои гӯштини Твер бачаҳои тоҷикистониянд, -мегӯяд ӯ. -Тоҷикон дорандагони мукофотҳои чемпионати Русияанд. Чунончи бародарон Ҷейбовҳо дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишии Осиёи Марказӣ ширкат варзида, яке ҷои дуюм ва дигар ҷои сеюмро ишғол намудааст.
Тоҷикон дар намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол ва кингбокс ҳам нерӯ меозмоянд. Духтарон ба гимнастика машғуланд. Дар мусобиқаи варзишии Наврӯзи имсола дар Твер оид ба футбол ҳашт дастаи донишҷӯёни тоҷик иштирок намудааст. Инчунин Ҷумъабек иброз дошт, ки Ҷамъияти фарҳанги миллии тоҷикони Твер барои ҷалби ҷавонон ба варзиш тадбирҳои зиёд меандешад, онҳоро ҳавасманд менамояд.
Мо хуб медонем, ки ҷисм ва ақли мо ба воситаи варзиш обутоб меёбад ва бардавомии саломатии мо ҳам аз варзиш аст, -гуфт ӯ дар анҷоми сӯҳбат.

Хайринисои Расулӣ, «Ҷумҳурият»,
Душанбе-Твер-Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4644
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед