logo

номаҳо

Доғҳои шаҳри зебоманзари мо

Дилам ба гадоён месӯхт. Мепиндоштам, ки онҳо аз зарурат ба ин амал рӯ овардаанд. Аммо на ҳамеша чунин будааст. Гадоён мардумони зираканд. Мардҳо дар сар дастор ва дар як даст асову дар дасти дигар тасбеҳ доранд. Занҳояшон аксар дар бағал кӯдак мегардонанд. Ҷойи «шикорашон» назди беморхона,  масҷид ва бозорҳо аст. Дар назди пулҳо низ менишинанд. Рӯҳияи одамонро онҳо хуб омӯхтаанд ва медонанд чӣ гӯянду чӣ гуна муносибат намоянд, то амалашон бобарор бошад.
Як рӯз ман дар бозор, дар назди шогирди пистафурӯшам будам, ки гадое омад ва халтаашро дароз кард. Шогирдам мақсади ӯро зуд фаҳмид, чунки гадо ин амалро ҳар рӯз 4-5 маротиба анҷом медодааст. Бар ивази 50 сомонии пулҳои хурд, ба ӯ як 50 сомонӣ дод.
Ҳамин тавр, аз шогирдам фаҳмидам, ки ин гадо рӯзе беш аз 200 сомонӣ аз мардум ҷамъ меорад. Фикр мекунам, мардуме ба онҳо садақа медиҳанд, ки худашон ба пул бештар ниёз доранду сатҳи зиндагиашон баланд нест.
Мурод аз иншои нома ин аст, ки мардум бояд одамони воқеан ҳам мӯҳтоҷ ва ғайри қобили меҳнатро шинохта барояшон хайр кунанд. Аммо чаро масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ин талбандаҳо кор намебаранд, то мисли дигар мардум фаъолият дошта бошанду ақаллан барои худ нафъ биёранд. Охир онҳо доғҳои шаҳри зебоманзари мо шудаанд.

Яҳёхони ТУРСУНЗОД,
шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед