logo

номаҳо

Ба Хадамоти мо муроҷиат намоед. Ё ХУД ПОСУХ БА НОМАИ С. АНВАРОВА, “ҶУМҲУРИЯТ”,»31 АВГУСТИ СОЛИ 2010

Дар гӯшаи «Розу ниёз» номаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наход саломатии миллатро зери хатар баранд?» ба нашр расида буд, ки дар он аз доруҳои мӯҳлатгузашта сухан рафтааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли дору хеле кам аст. Аксари доруҳо ва лавозимоти тиббӣ аз дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Русия, Аврупо, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ба мамлакати мо ворид карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ягон муассисаи давлатӣ ба воридоти доруҳо машғул нест, танҳо ширкатҳои хусусӣ ба ин сарукор доранд. Тамоми доруҳо ва лавозимоти тиббие, ки ба кишварамон оварда мешаванд, аз қайди давлатӣ мегузаранд ва соҳиби «Сертификати мутобиқат»-и Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд. Ба ҷуз ин, пайваста дорухонаҳои кишварро мутахассисони Хадамоти мо аз назорати сифат мегузаронанд ва доруҳои мӯҳлатгузаштаро ошкор ва онҳоеро, ки ба ин амал роҳ додаанд, ҷаримабандӣ менамоянд.
Дар 6 моҳи соли равон 5400 кг дору ва воситаҳои ороишии пастсифат, қалбакӣ ва мӯҳлатгузашта ба таври сӯзонидан нобуд карда шуданд. Ҳамчунин ба наздикӣ, дақиқтараш 7 сентябр, Хадамот дар якҷоягӣ бо ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ –«Ҳалим-2002», «Дармонкомпания», «Раҳмат-2004», ҶДММ «Абӯбакри Карим», ҶДММ «Квант» ва ҶДММ «Технологияи хурди биологӣ» ба миқдори 6450 кг доруворӣ ва молҳои тиббиеро, ки мӯҳлаташон гузашта ва пастсифат буданд, сӯзониданд.
Аз оғози соли равон то имрӯз нисбати шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 42 қарору протокол ба маблағи 71 ҳазору 50 сомонӣ, вилояти Суғд 58 қарору протокол ба маблағи 99 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Хатлон-минтақаи Қӯрғонтеппа 16 протокол ба маблағи 7 ҳазору 875 сомонӣ, умуман дар ҷумҳурӣ 116 протоколу қарор нисбати муассисаҳои фармасевтиву тиббӣ тартиб дода, ба маблағи 178 ҳазору 325 сомонӣ ҷарима ситонида, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.
Ба иттилои шумо, хонандагон, мерасонем, ки агар дар дорухонае ба шумо доруҳои мӯҳлатгузаштаро фурӯхта бошанд ва ё фурӯшанд, метавонед ба Хадамоти мо муроҷиат намоед. Нишонии мо: ш. Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 5/5. Телефони «Боварӣ»: 235-77-15.

Б. ХОЛНАЗАРОВ,
сардори Хадамоти назорати
давлатии фаъолияти фармасевтӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед