маориф
Мушкили нарасидани омӯзгорон боқӣ мондааст
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ нарасидани омӯзгоронро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ проблемаи ҷиддии соҳа арзёбӣ кард. Воқеан вазир аз ин мушкил дар нишасти матбуотии гузашта низ изҳори нигаронӣ карда буд. Аммо қиёс шавад, равшан мегардад, ки барои ҳалли масъала тадбирҳои нек андешида шудаанд. Се моҳ пештар шумораи нарасидани омӯзгорон ба 3132 нафар мерасид. Алҳол он 491 нафарро ташкил медиҳад. Ин мушкил танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳалли пурраи худро ёфтааст.
Вазир афзуд, ки 1523 хатмкунандаи соҳаи омӯзгории донишгоҳҳову коллеҷҳо фаъолиятро дар мактабҳои кишвар оғоз мебахшид, ин масъала ба проблемаи ҷиддии соҳа табдил намеёфт. Дар назар аст, роҳбарони донишгоҳҳову коллеҷҳои соҳавӣ барои ба ҷойи кор нарафтани хатмкунандагон, ки шартномаро вайрон намудаанд, ба суд муроҷиат мекунанд. Соли гузашта ин тадбир нафъ бахшида буд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон вазир гуфт, ки беш аз якуним ҳазор сокини Тоҷикистон ғайрирасмӣ барои гирифтани маълумоти динӣ ба хориҷи кишвар рафтааст. Дар ин миён наврасон низ ҳастанд. Бархе аз онҳо таҳсил намекунанд ва одитарин шароитро барои зист надоранд. Аз ин рӯ зарур шумурда шуд, ки ҳамаи онҳоро ба кишвар баргардонанд.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5482