мулоқотҳо
Робитаҳои сохторҳои дифоию амниятии Тоҷикистону Белгия густариш хоҳанд ёфт
16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Белгия Питер де Кремро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Белгия ва авзои минтақа баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия таваҷҷӯҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари натиҷаҳои сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Белгия ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ҳар ду ҷониб ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва поксозии ҳудуду марзҳои Тоҷикистонро аз мина ва дигар маводи тарканда густариш хоҳанд дод.
Изҳори боварӣ гашт, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоию амниятии ду кишвар низ густариш ёфта, ба таҳкими оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон мусоидат менамоянд.
Дар робита ба авзои Афғонистон иқдомҳои ахири ҳукумати ин кишвар дар бобати ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсии ҳалли қазия, бахусус таъсиси Шӯрои сулҳ, бамаврид арзёбӣ гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт:
-Зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдории ҳамаҷиҳатаи худро ба чунин тадбирҳои судбахши ҳукумати Афғонистон бармало намоиш диҳад, зеро бе дастгирии ҳамаи мо ноил шудан ба коҳиши хатар аз ин кишвар амри муҳол аст.
Питер де Крем ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.
Зимни баррасии роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъии дар роҳи ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ эҷодгашта, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки Белгия чун кишвари соҳибнуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ ва, бахусус бо имконоти раёсати худ дар Иттиҳоди Аврупо, барои рафъи ин ҳолатҳои номатлуб саҳми намоён мегузорад.
Ҳар ду ҷониб омодагии устувори худро доир ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2033