мулоқотҳо
Сӯҳбати телефонии Сарвари давлат бо раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе
Субҳи 18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2010-2011 ва рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама пахта, гузориш доданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро вазифадор намуд, ки барои тезондани ҷамъоварии ҳосили фаровони пахта ва зироатҳои кишти такрорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар сӯҳбати телефонӣ бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи асосӣ ба омодагӣ ба зимистон ва корҳои ободонии пойтахт зоҳир гардид.
Ба раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки баҳри омодагии ҷиддӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан тадбирҳои муассир амалӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои фурӯши чунин маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон ташкил ва гузаронда шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1948