маориф
ДМТ: 112 нафар хориҷ гардид
Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар давраи сипаригардида 4 бинои нави таълимии ҷавобгӯи талаботи давр муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ, техникӣ, озмоишгоҳҳо дар Рӯзи дониш ба истифода дода шуд.
Давоми семоҳаи сеюм 13 нафар, аз аввали сол бошад 50 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дифоъ намуд. Барои таъмин намудани устодону донишҷӯён бо адабиёти таълимӣ раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки номгӯи зиёди китобҳои дарсиро нашр созад. Аз аввали сол 38 номгӯи китоби дарсӣ ба табъ расидааст.
Ҳамчунин дар ин давра ДМТ ба як қатор донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монд.
Баъди ҷамъбасти даври ниҳоии сессияи санҷишу имтиҳонҳои тобистона, 112 нафар донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ шуд.
Дар мавриди компютеркунонии донишгоҳ ректор изҳор дошт, ки 47 синфхонаи компютерӣ таъсис ёфтааст ва 6 китобхонаи махсусгардонидашудаи электронӣ фаъолият дорад. Шумораи компютерҳо ба 1245 адад расонида шуд. 710 компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Барои истифода аз технологияи нави таълимӣ 20 тахтаи электронӣ, 65 видеопроекторҳо харидорӣ шудааст. Ҳамчунин 7 синфхонаи лингафонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Фарзонаи Файзалӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5489