мулоқотҳо
Ҳайати порлумонии Эрон дар Тоҷикистон
20 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати порлумонии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бо роҳбарии Ҳусейн Ҳошимиён, вакили Маҷлиси Шӯрои Исломии ин кишвар ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд.
- Муносибатҳои дӯстонаи мо хислати мунтазам, ҳадафманд ва тақрибан фарогир пайдо намуда, ба манфиатҳои олии ҳар ду кишвар беш аз пеш созгору ҷавобгӯ мешаванд, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамзамон таъкид гардид, ки «ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҳанӯз имконоти истифоданашудаи зиёд дорад ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо нақши порлумонҳои ду кишвар басо муҳим аст».
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки «солҳои охир Тоҷикистону Эрон дар муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорию техникии худ ба марҳилаи ҳамкории бунёдии стратегӣ ворид шудаанд».
Изҳори боварӣ шуд, ки зимистони ҳамин сол чархи якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» ба кор дароварда мешавад ва дар ояндаи наздик бо ҳамдастии дуҷониба бунёди дигар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон низ оғоз меёбад.
Зимни баррасии масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон таъкид гардид, ки корҳо баҳри пайвастани шабакаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионии се кишвар бояд вусъат дода шаванд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он дошт, ки ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон, пеш аз ҳама ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардумони се кишвар ва таҳкими амнияту субот дар минтақа равона мебошад.
Зимни сӯҳбати ошкору созанда Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати порлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари муносиботи дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба таъйид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2043