мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Ник Тессиманро ба ҳузур пазируфт
20 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиманро ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат бо қаноатмандӣ аз ҳамкории судманд зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 44 лоиҳа бо сармояи умумии 100 миллион евро амалӣ мешавад ва 10 лоиҳаи дигар бо 70 миллион евро дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад.
Аз фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва дастгириҳои молиявию ҳуқуқии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ин ва дигар самтҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба роҳҳои густариши ҳамкории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри боло бурдани имконоти қарздиҳии онҳо ба аҳолӣ ва соҳибкорони кишвар, зоҳир гашт.
Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли кишоварзӣ, энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия аз роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории кишвар бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатии коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, сохтмони иншооти энергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии афзояндаи худро ба густариши ҳамкории судманд таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1878