logo

маориф

Фарҳанги техникии мо таърихи ҳазорсола дорад

Ниёкони мо ҳанӯз ҳазор сол пеш соҳиби илму фарҳанги пешрафта буданд. Дар садаи Х дар риштаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, ба вижа риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, шаҳрсозӣ, наққошӣ ва дигар илмҳои дақиқ садҳо олимон фаъолият доштанд, ки аксарияти онҳо бо кашфиёташон оламиёнро ба ҳайрат овардаанд. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ аз ҷумлаи ҳамин муҳаққиқон буда, дар соҳаҳои математика ва астрономия (нуҷум) кашфиёти зиёд намудааст. ӯ ихтироъгари асбоби секстант (судс) ва устурлоб мебошад.

Секстант дар астрономия барои чен кардани кунҷи ҷирмҳои осмонӣ то имрӯз истифода мешавад. Устурлоб асбобест, ки тавассути он дар расадхонаҳо гардиши ситораҳоро мушоҳида менамуданд. Ин асбобҳо дар расадхонаҳои он замон истифода мешуданд. Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Китобу таҳдиди ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳ масофот-ил-масокин», ки ба истилоҳи муосир метавон онро «Геодезия» номид, қайд намудааст, ки Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар сохтани устурлоб ва дигар асбобҳои расадхонаҳо ягонаи аср буда. Секстанти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дорои шабакаи ба шашяки доира, яъне ба 60о баробар буда, ба дараҷа, дақиқа ва сонияҳо тақсим шудааст. Андозаи он тақрибан 86 метрро ташкил менамуд. Секстантро дар қуллаи кӯҳи Табраки назди шаҳри Райи Эрони имрӯза насб карда буданд. Соли 994 Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ тавассути он аввалин бор доираи ҳаракати солонаи Офтобро чен кард, ки 23 дараҷаю 32 дақиқаю 21 сонияро ташкил дод. Дар расадхонаҳои Самарқанд (асри 15) ва Ҷайпур (асри 17) секстантҳои дар асоси секстанти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ сохташуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Китоби навиштаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ «Тарзи истифодаи асбобҳои ситорашиносӣ» алҳол дар китобхонаи Донишгоҳи Оксфорди Англия маҳфуз аст.
Устурлобро дар расадхонаҳо барои мушоҳидаи гардиши ситораҳо дар фазо истифода менамуданд. Тавре дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст, «устурлоб олатест барои муайян кардани баландии Офтоб, ситорагон ва ҳар чизи дигар».
Шоири асри Х Абулҳасани Фаррухӣ низ аз кашфиёти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бохабар будани худро дар яке аз байтҳояш ёдрас намудааст.
Ҳамеша то битавон ёфтан зи илми нуҷум,
Макону сайри кавокиб ба ҳукми устурлоб.
Кашфиёти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳаи математика низ беназиранд. ӯ дар инкишофи назарияи тригонометрияи кура (вобастагии байни тарафҳо ва кунҷҳои секунҷаҳои куррашаклро меомӯзад), муодилаҳои номуайяни математикӣ ва теоремаи синусҳо саҳми арзанда гузоштааст. Ин кашфиёт ҳазор сол пеш тавассути ҳамватани мо анҷом дода шудаанд, ки ҳанӯз аксари ашхоси маълумоти олидор онҳоро намефаҳманд.
Олими дигари садаи Х Абдуллоҳи Нотилӣ, ки яке аз устодони Шайхур-раис Абӯалӣ ибни Синост, дар соҳаҳои математика, кимиё ва табиатшиносӣ асарҳои зиёд таълиф намуд. Китоби «Илми иксир (кимиё)» ба илми кимиё бахшида шудааст.
Абӯзайди Балхӣ низ дар асрҳои 9-10 умр ба сар бурда, дар соҳаҳои математика, астрономия, география ва тиб беш аз 80 асари илмӣ навиштааст. «Китоб оид ба фазилати илми риёзиёт» тадқиқоти олимро дар соҳаи математика дар бар мегирад. Китоби дигари ӯ «Тасвири иқлимҳо», ки бештар бо номи «Тасвири кишварҳо» машҳур аст, дар бораи сохти Замин, таърих, этнография ва географияи кишварҳо маълумот медиҳад.
Математики дигар дар ин аср Абӯлҳасани Насавӣ мебошад. ӯ дар китобаш «Мукаммал дар бораи ҳисоби ҳиндӣ» амалҳоро бо ададҳои бутун, касрӣ, касрҳои омехта нишон дода, усули соддатарини баровардани ададҳоро аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ пешниҳод кардааст. Баъди 800 сол математики итолиёӣ Паоло Руффинӣ онро такмил дод.
Абӯнасри Мансур, мунаҷҷим ва математик, устоди нахустини Абӯрайҳони Берунӣ ба ҳисоб меравад ва бахшида ба шогирдаш 12 асари астрономӣ ва математикӣ таълиф намудааст. Асарҳояш «Алмаҷастии шоҳӣ» ва «Рисола доир ба устурлоб» ба илмҳои тригонометрия ва астрономия бахшида шудаанд.
Абӯҷаъфари Хозин математик ва мунаҷҷими он замон буда, асарҳояш «Шарҳи мақолаи даҳум аз китоби Евклид», «Китоби масъалаҳои ҳисоб» ва «Китоби зиҷи сатҳҳо» ҳанӯз қимати хешро гум накардаанд. Умари Хайём дар китоби «Алҷабр ва ал-муқобала»-аш оварда, ки Абӯҷаъфари Хозин бори аввал муодилаҳои кубии навъи х3 +а=сх2-ро бо ёрии буриши конусӣ ҳал намудааст.
Яке аз олимони соҳибкитоби ин қарн Абӯсаиди Санҷарист, ки оид ба математика ва ситорашиносӣ асарҳои зиёде ба мисли «Ба вуҷуд омадани қонунҳои муайяни ҳандаса», «Китоб дар бораи масоҳати кура» ва «Зичии ситораҳо» таълиф намудааст.
Аксари шоирону адибонамон низ бо илмҳои дақиқ ошноии хуб доштанд. Масалан, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Дар айни замон олимонамон ҳам шеъру ғазал эҷод мекарданд ва осори илмиашонро бо назм менигоштанд, ки Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём аз ин зумраанд.
Дар осори боқимондаи устод Рӯдакӣ маълумоти зиёдеро оиди илмҳои дақиқ метавон ёфт. Чунончи, дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» курашакл ва гардон будани Замину сайёраҳоро ёднишон гаштааст.
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон
аст,
Ҳамеша то бувад оин-ш гирдгардон буд.
Сесад сол баъдтар Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шакли гирд ё кура доштани Заминро дар «Маснавии маънавӣ» такрор намуд.
Рафт Азройил сарҳанги қазо,
Сӯйи курра(й) хок баҳри иқтизо.
Ҳол он ки он замон аксари тамаддунҳо сохти Заминро паҳну ҳамвор мепиндоштанд.
Ҳазору сад сол муқаддам устод Рӯдакӣ оиди тавлиди бод ё шамол андешаи аҷиберо баён кардааст.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Бод ё шамол дар натиҷаи нобаробар тақсим шудани фишори атмосферӣ дар ҳаво ба вуҷуд меояд. Ҳаво аз мавқеи дорои фишори баланд ба ҷониби мавқеи дорои фишори паст ҳаракат карда, бодро тавлид менамояд. Фишори атмосферӣ аз ҳарорати ҳаво вобаста мебошад. Аз таъсири раъду барқ қисматҳои гуногуни ҳаво дорои ҳароратҳои пасту баланд мегарданд. Гуногун шудани ҳарорат дар қисматҳои ҷудогонаи атмосфера боиси ба ҳаракат омадани ҳаво мегардад, ки дар натиҷа бод тавлид мешавад. Ҳамин тариқ, илми муосир гуфтаи устод Рӯдакиро тасдиқ менамояд.
Дар қасидаи «Модари май» устод Рӯдакӣ раванд ё технологияи тавлиди майи сурхро аз ангур муфассал ва дақиқ баён намудааст. Он чи устод Рӯдакӣ дар қасидааш оиди раванди тавлиди май гуфта, феълан дар кишварҳои тавлидкунандаи май, монанди Фаронса, Итолиё, Гурҷистон ва Молдавия мавриди истифода аст.
Инчунин дар ашъори Одамушшуаро истилоҳоти соф техникӣ низ вомехӯранд, масалан истилоҳоти «симандуд» ва «полудан». Истилоҳи симандуд нуқрапӯш намудани ягон маснуот бо мақсади зебу оро додан ва мустаҳкам кардани он мебошад.
Пояшон дар рикоби симандуд,
Пои озодагон наёбад сур.
Маълум мешавад, техникаи бо нуқра пӯшидан зиёда аз ҳазору сад сол пеш ба мардуми мо маълум будааст ва аз он истифода менамудаанд. Истилоҳи «полудан» раванди дар оташ гудохта аз моддаҳои бегона тоза кардани тилло ва нуқраро дар назар дорад.
Зар ба оташ куҷо бихоҳӣ полудан,
Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон.
Ин усули холис сохтани металлҳои гаронбаҳо, бахусус тилло имрӯз раванди технологӣ буда, бо номи «аффинаж» ёд мешавад ва дар саноати тавлиди тилло васеъ истифода мегардад.
Дар байте устод Рӯдакӣ «аз моҳи Сиём» ёдрас шудааст:
На моҳи Сиёмӣ, на моҳи фалак,
Ки инат ғулом асту он пешкор.
Тавре дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, дар наздикии Самарқанд, байни Қаршии имрӯза ва Шаҳрисабз кӯҳе будааст бо номи Сиём. Ибни Муқаннаъ дар он кӯҳ аз симоб ва моддаҳои дигари кимиёӣ, бо истифода аз илми ҳандаса ва қонунҳои инъикоси рӯшноӣ дастгоҳе сохтааст монанди моҳ ва онро дар чоҳе нигоҳ медоштааст. Шабонгаҳ ибни Муқаннаъ он моҳи сунъиро, ки бо номи «моҳи Сиём» машҳур гашта буд, тавассути дастгоҳи махсус аз чоҳ берун меовардааст. Аз рӯшноии он гирду атроф равшан мегардидааст. Агар ин на ривоят, балки ҳақиқат бошад, пас ибни Муқаннаъ дар он замон ихтирои аҷиби муҳандисӣ намуда.
Ҳамин тариқ, садҳо ҳамватанони мо дар тӯли таърихи ҳазорсола оиди илмҳои дақиқ ё техникӣ кашфиёт карда, осори бебаҳо аз худ боқӣ гузоштаанд. Қисми зиёди ин осор бо забони арабӣ, ки дар асрҳои миёна забони муоширати байни миллатҳои гуногунзабон буд ва қисми дигари онҳо ба забони дарии форсӣ таълиф шудаанд. Як миқдори онҳо имрӯз дар китобхонаҳои кишварҳои Аврупо, Араб ва собиқ ИДМ маҳфузанд.

 

Таваккал ИДРИСЗОДА, 
профессори Донишгоҳи
аграрии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6375
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед