logo

суханрониҳо

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз имзои санадҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, 25 октябри соли 2010

Ҷалолатмаоб, 
Намояндагони мӯҳтарами расонаҳои хабарӣ,
Дӯстон,

Сафари расмии кунунии мо баъди зиёда аз 5 соли сафари қаблии расмӣ ҷараён мегирад. Вале муколамаи сатҳи олӣ ва равобити сиёсии ду давлати дӯст дар асосҳои дуҷонибаю чандҷониба хислати мунтазам ва созанда касб намудаанд.
Мо имкони мусоид доштем, то дар фурсатҳои муносиб маҷмӯи масоили гуногунарсаи дуҷониба, ҳамкории минтақавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳониро муфассалан баррасӣ намоем ва санадҳои муҳими дуҷонибаро ба имзо расонем.
Имрӯз мавзӯи марказии мулоқоти хоса бо ҷалолатмаоб Раисҷумҳур Ҳомид Карзай ва музокироти ҳайатҳои расмӣ густариши пайгири ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар буд.
Тоҷикистон ҳамеша ва, алалхусус, солҳои муқовимат низ талош дошт ва имрӯз низ дорад, ки нақши дӯсти воқеии Афғонистони бародарро ба наҳви аҳсан ба ҷо биёрад, чун амният ва суботи шумову мо мафҳумҳои тавъам ва ҷудонашавандаанд. Ҳоло бошад, мо саъй дорем, ки дар татбиқи нақшаҳои бозсозӣ ва эҳёи Афғонистон, ки мӯҷиби таҳкими субот ва беҳбудии зиндагии мардум хоҳад буд, саҳм бигирем.
Имрӯз ҳамкориҳои мо дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди иншооти зербиноӣ ва инфрасохторӣ, роҳҳову хатҳои барқ, омодасозии кадрҳо дар заминаҳои гуногун маориф, беҳдошт ва шохаҳои дигар назаррасанд.
Бо бунёди панҷ пул аз болои дарёҳои Омуву Панҷ, ба шумули пули бузурги «Дӯстӣ», рафтуои чандин даҳсолаҳо бо эътибороти сиёсии дигарон қатъгаштаи мо рӯҳи тоза гирифт ва боиси эҳёи на танҳо ормонҳо, балки равобити ҳаётӣ ва воқеии бародарона гашт.
Садҳо нафар коршиносон ва мутахассисони бахшҳои гуногуни Афғонистон дар Тоҷикистон бозомӯзӣ ва такмили ихтисос намуданд, як теъдоди бузурги табибони мо имрӯз дар кишвари дӯст машғули адои қарзу фарзи инсонии худ ҳастанд. Акнун дар маркази таваҷҷӯҳи ду ҷониб тавсеа ва густариши ин пружаҳои ҳамкорӣ, дарёфти василаҳои нави муассири ба иҷро расонидани онҳост.
Дар ин росто ба татбиқи барномаҳои таърихӣ ва бунёдии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ - хатҳои бузурги интиқоли барқи Сангтӯда - Қундуз - Пулихумрӣ ва марзи Тоҷикистон - Пулихумрӣ - Кобул - Исломобод (CASA - 1000), роҳҳои оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ва кишварҳои дигари минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Ҳар ду ҷониб бар он аст, ки татбиқи онҳо ба нафъи амният, субот ва пешрафти Афғонистон ва минтақаи мост.
Раисҷумҳури мӯҳтарам ва инҷониб зарурати густариши ҳамкории минтақавӣ ва нақши фаъоли Афғонистонро дар созмонҳои минтақавӣ, бахусус дар Созмони ҳамкории Шанхай, таъкид намудем.
Давлати Тоҷикистон ҷонибдори такмил ва тақвияти стратегияи байналмилалии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳдидоту хатароти дигари ҷаҳонӣ, суботи бештари низоми одилонаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин росто мо ҳамкории наздик ва доимии сохторҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва низомии ду кишварро амри зарурӣ медонем. Тақвияти марзи муштараки мо ба тӯли тақрибан 1400 км ҳамчун марзи дӯстиву ҳамкорӣ ба амният ва суботи ҳам кишвари Шумо ва ҳам кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Аз ин рӯ муборизаи муштараки мо алайҳи тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, ки барои дигарон намуна шуда метавонад, бояд, сарфи назар аз натиҷаҳои бисёр мусбаташ, таҳкиму тақвияти бештар пайдо кунад.
Ин мушкил фақат мушкили Афғонистону Тоҷикистон нест ва бинобар ин проблемаи зикршудаи глобалӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоби дастаҷамъонае мехоҳад, ки на танҳо мушкилоти тавлиди ин «вабои аср», балки масоили ворид намудани прекурсорҳоро, ки моли Афғонистон нест ва аз хориҷ меояд, бояд дарбар гирад.
Мо дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ бар онем, ки иттиҳоди қавии нерӯҳои ватандӯст ва ҷонибдори низоми сиёсӣ дар таъмини муваффақонаи раванди таъмини сулҳи пойдор дар кишвари бародари мо тақозои замон аст. Чун яқин аст, ки ҳалли қазияи Афғонистон роҳи сирф низомӣ надорад, мо ҷонибдори роҳи пешгирифтаи давлати Афғонистон ҳастем ва ба он комёбӣ мехоҳем.
Таъкидан зикр карданиам, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои самимият, ҳусни ният ва эътимоди баланд ҷараён гирифтанд. Мо аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот қаноатмандем ва ин сафарро оғози марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи ду давлат арзёбӣ менамоем.
Ман аз меҳмоннавозии бародаронаи ҷалолатмаоб Раисҷумҳур ибрози сипос намуда, хостори тақвияти ваҳдату ягонагии мардуми ба мо дӯст, таҳкими сулҳу субот дар кишвари бародар ҳастам ва аз мизбони азизи худ самимона даъват менамоям, ки аз Тоҷикистон боздиди расмӣ намоянд ва меҳмони азизи мо бошанд.
Аз ҳусни таваҷҷӯҳи шумо сипосгузорам. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2907
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед