мулоқотҳо
Сӯҳбати созандаи Эмомалӣ Раҳмон бо К. Рамадановский
27 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия Константин Рамадановскийро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва роҳҳои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ин самти ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Русия барои амалӣ намудани як қатор сабукиҳо баҳри фаъолияти озоду бемонеаи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани патенти пулӣ, ки аз 1 – уми июли соли 2010 барои кор дар назди кордиҳандагони воқеӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Русияро оид ба рушди марказҳои дастгирии кордиҳандагон ва муҳоҷирони корӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ, забондонӣ ва ҳунаромӯзии муҳоҷирон ва ба таври қонунию муташаккилона бо кор ва шароити мақбули зист таъмин намудани онҳо пуштибонӣ кард.
Ҳамзамон бо ин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти созмонҳою ширкатҳои ғайриҳукуматии миёнарав, ки ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони кориро поймол менамоянд, изҳори нигаронӣ кард. Ҳамчунин аз ҳодисаҳои беасос ва ё бо асосҳои нокифоя дастгир намудан ва аз ҳудуди Русия хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, зиёд шудани шумораи куштор ва ҳалокати онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз иҷро нашудани талаботи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳудуди ҳамдигар, ки соли 2004 – ум ба имзо расида буд, изҳори норозигӣ кард. Таъкид гардид, ки мутобиқи ин созишнома хароҷоти интиқоли ҷасади муҳоҷирони кории ҳалокгашта бояд аз ҳисоби кордиҳанда пардохт карда шавад, вале чунин ҳамкорӣ танҳо дар 5% ҳодисаҳо ба назар мерасаду бас. «Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия, яъне ду бор аз комиссияи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони корӣ низ аз иҷро нашудани талаботи созишномаи мазкур гувоҳӣ медиҳад», - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар масъалаи то 90 рӯз дароз кардани мӯҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламрави Федератсияи Русия ба миён гузошта, ба мувофиқа расидани онро роҳи ҳалли як қатор мушкилот барои фаъолияти озоди шаҳрвандони кишвари мо арзёбӣ намуд.
Зимни сӯҳбати созанда барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва ба сатҳи дилхоҳ баровардани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ҳавасмандии ҳар ду ҷониб таъкид гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1926