logo

энергетика

94 корхона ба кор даромад

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ аз бурду бохти нӯҳмоҳаи вазорат иттилоъ дода, аз ҷумла зикр кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо кору хизмат дар кишвар ба 5 миллиарду 349 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 513, 3 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Аз вазорату идораҳои шуғли саноатидошта танҳо се вазорат, мелиоратсия ва захираҳои об, нақлиёт ва коммуникатсия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ин аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ истеҳсоли маҳсулотро кам карданд.
Аз ҳисоби фаъолияти истеҳсолкунандагони хурду инфиродӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 миллиарду 297 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гашт.
Корхонаю муассисаҳои дар системаи вазорат фаъолиятбаранда соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 590 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, хизматҳои пулакӣ расониданд.
Дар ин давра истеҳсоли нерӯи барқ, мазут, сӯзишвории дизелӣ, маҳсулоти заргарӣ, дӯзандагӣ ва ғайра афзуд.
Дар самти барқарорсозии корхонаҳо як қатор комёбӣ ба даст омад. Дар ҷумҳурӣ 94 корхона, аз ҷумла «Душанбе-Текс», ҶММ «Эҳё пласт»-и Душанбе, «Хима текстил»-и Ёвон, Комбинати бойгардонии «Зарнисор», «Некӯ Хуҷанд», «Чарми Осиё»-и Данғара ва ғайра ба кор дароварда шуданд.

 

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед