мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд
1 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии мамлакати Арабистони Саудӣ Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Саудро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва густариши ҳамкории судманд баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи олӣ, фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ» дар муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Арабистони Саудӣ аҳамияти хоса медиҳем».
Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд ифтитоҳи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва сафорати кишвари худро дар шаҳри Душанбе нишона аз ибтидои марҳилаи рушди бештари муносиботи дуҷонибаи ду давлати дӯст арзёбӣ намуда, изҳор дошт: «Арабистони Саудӣ омода аст, ки бо Тоҷикистон дар ҳама самту арсаҳо, ки худи ин кишвари дӯст мехоҳад, ҳамкории судбахш дошта бошад».
Зимни сӯҳбат хотиррасон гардид, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар 10 соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иҷтимоию зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористон ва роҳҳо дар ҳаҷми умумии 265 миллион доллари амрикоӣ кӯмакҳои молиявӣ расонда шудаанд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ зоҳир карда шуд. Ҳамкории сармоягузорӣ дар самтҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингард, истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва туризми кӯҳӣ низ манфиатбахш номида шуд.
Барои ин баргузор намудани ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ба имзо расондани созишномаҳои дуҷониба дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи даромаду сармоя оид ба ҳамкориҳо дар бахши туризм ва қарздиҳӣ зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб гуфтугӯ сурат гирифт.
www.president.tj
-Ман ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёми дӯстонаи Ходими ҳарамайни шарифайн Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазизро расондам. Сипас мо оид ба дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули назар кардем, -изҳор дошт Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд, муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба гуфти Шоҳзода Холид ибни Сауд ибни Холид Оли Сауд дар мулоқот ҳар ду ҷониб робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро нек ва дӯстона арзёбӣ карданд.
Мавсуф ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, ки дар сӯҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъоли Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, сохтмони мактабу шифохонаҳо таъкид гардидааст. Ҷонибҳо итминон доданд, ки баробари ифтитоҳи расмии сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доираҳои муносиботи байни ду кишвар васеътар хоҳанд шуд.
Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2072