logo

энергетика

Нерӯгоҳҳои хурди обӣ кӯҳистонро чароғон месозанд

Нерӯгоҳҳои хурди обӣ яке аз сарчашмаҳои асосӣ барои таъмини аҳолӣ бо барқ дар деҳоти дурдасти кӯҳистон ба ҳисоб мераванд. Сохтусози НБО-и хурд чандон сармояи калонро талаб намекунад ва он зуд ҷуброн мешавад. Ғайри ин нерӯгоҳҳои хурд муҳити атрофро ифлос накарда, барои зисти мавҷудоти обӣ камтар осеб мерасонанд. Ҳавзҳое, ки бо сохтмони нерӯгоҳҳо ба вуҷуд меоянд, барои захираи об ва обёрии заминҳои кишт муфид хоҳанд буд.
-Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» (МИЛБЭ) бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 июли соли 2006, № 283 ташкил шудааст. Вазифаҳои марказ истифодаи ҳадафманд ва самараноки қарзу грантҳое мебошанд, ки аз сӯи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи лоиҳаҳои мавриди назар, ҳамоҳангсозии корҳо, муҳайё намудани шароит барои таҳаққуқи лоиҳаҳо, назорат бар амалигардии лоиҳаҳо ва монанди инҳо пешниҳод мегарданд, -гуфт Салоҳиддин Мирзоев, роҳбари МД «МИЛБЭ».
Мувофиқи дархости мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 80 мавзеи имконпазири бунёди НБО-и хурд дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони марказ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва лоиҳаи 50 нерӯгоҳи хурди барқи обии аз нигоҳи техникию иқтисодӣ асоснокгардида таҳия шуд.
Бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ якҷо бо МД «МИЛБЭ» то имрӯз дар кишвар зиёда аз 120 НБО-и хурд фаъолият дорад, ки аксари онҳоро соҳибкорон бунёд кардаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси Усмон Сабзов дар деҳаи Лолагии ноҳияи Ҳисор, Саидҷон Мирзоалиев дар деҳаи Обирӯшани ноҳияи Ховалинг, Мирзо Қосимов дар деҳаи Сиполинги ноҳияи Рашт ва Зиёвиддин Қосимов дар деҳаи Роғи ноҳияи Варзоб нерӯгоҳҳо сохта, рустоҳоро чароғон кардаанд.
Ба саволи магар имкон надорад, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсоли дастгоҳҳои барқиро ба роҳ монем, роҳбари МД «МИЛБЭ» ҷавоб дод, ки мо бо заводи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дорем ва муассиса истеҳсоли таҷҳизоти заруриро барои нерӯгоҳи хурди дорои иқтидори 30 кВт оғоз кардааст ва худи ҳамин сол ду адад дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб насб хоҳад шуд. Дар сурати фаъолияти муваффақи он нерӯгоҳҳои хурдро метавон дар дигар мавзеъҳо бунёд кард. То имрӯз 16 нерӯгоҳи обии хурд аз ҳисоби созмонҳои ватанию хориҷӣ бунёд шуд ва мавриди истифода қарор гирифт. Боз сохтмони 25 иншооти дигар бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ идома дорад.
Салоҳиддин Мирзоев хотирнишон кард, ки шаҳрвандони зиёде ба марказ барои сохтусози нерӯгоҳҳои хурди обӣ муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла Абдуллохон Шарифов аз деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, Боймуҳаммад Қурбонов аз деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор ва Ғайратшоҳ Раҷабов аз ноҳияи Ҷиликӯл бо сармояи худ мехоҳанд дар зодгоҳҳояшон нерӯгоҳ созанд.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 октябри соли 2006, № 449 «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳо барои солҳои 2007-2020» тасдиқ шудааст, ки тибқи он сохтмони 12 нерӯгоҳ идома дорад. Аз ҷумла НБО-и хурди «Ширг»-и ноҳияи Дарвоз дар семоҳаи охири соли ҷорӣ бо иқтидори 1260 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Лозим ба зикр аст, ки маркази мазкур барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дастур медиҳад ва бо бисёре аз идора ва созмонҳои марбута иртиботи қавӣ дорад.

Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед