logo

энергетика

Истеҳсоли қувваи барқ ба 11 миллиарду 136 миллион кВт- соат расид

Абдулло Ёров, директори ШСХК «Барқи тоҷик» зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли қувваи барқ 11 миллиарду 136 миллион кВт - соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 280,9 миллион кВт - соат зиёд аст.
ШСХК «Барқи тоҷик» оиди беҳтар намудани сатҳи ҷамъоварии маблағҳо чорабиниҳои ташкилӣ, техникӣ ва кадрӣ гузаронд. Аз ҷумла нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои он ҳаррӯза таҳти назорати роҳбарият қарор дорад. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо фоизи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ дар шабакаҳои барқӣ давра ба давра баланд шуда истодааст ва агар он дар моҳҳои январ - феврали соли ҷорӣ мутаносибан 46 ва 61 фоизро ташкил диҳад, бо андешидани чораҳои зикршуда дар моҳи август ба 92,1 фоиз ва моҳи сентябр ба 101,9 фоиз расид.
-Имрӯз яке аз мушкилиҳои асосии соҳа ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда аз тарафи корхонаҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ мебошад,- гуфт А. Ёров.
Зикр гардид, ки то 10 октябри соли равон аҳолӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин буд. Ҳоло  талабот ба нерӯи барқ зиёд гардида, барои тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ корҳои профилактикӣ анҷом ёфтанд. Аз 1 ноябри соли ҷорӣ вобаста ба сардии зимистон маҳдудияти қувваи барқ дар назар аст. Бо дастгирии  Бонки рушди исломӣ сохтмони 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ идома дорад. Дар ноҳияи Рашт нерӯгоҳи барқии «Шашболоӣ» ба истифода дода шуд. «Барқи тоҷик» барои сохтмони он 16 миллион сомонӣ сарф намуд. Рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ҷиргатол нерӯгоҳи хурди  барқии «Фатҳобод» низ ба кор шурӯъ мекунад.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед