маориф
Низоми кредитии таҳсил таҳким меёбад
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ҳамвора талош дорад ва дар ин ҷода имсол низ силсилаи корҳои созмондиҳӣ ба анҷом расид,- гуфт Мӯъминҷон Шарифов, ректори донишгоҳи мазкур, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО. - Соли ҷорӣ таъсиси маркази тестии муҷаҳҳаз бо сад компютер ба комиссияи қабули имтиҳонот имкон дод, ки санҷишҳо зуд ва дақиқ баррасӣ шаванду ҳамзамон довталабон аз натиҷаҳояш огаҳ бошанд. Инчунин санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастии ҳамаи донишомӯзон низ аз оғози соли нави таҳсил дар ҳамин маркази тестӣ сурат мегирад.
Иқдоми дигаре дар ин семоҳа ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази омӯзиши забонҳои хориҷист. Он имкон медиҳад, ки савияи забондонии донишомӯзон баланд гардад, дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзанд ва дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намоянд.
Инчунин ректори донишгоҳ, иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар магистратураи донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Испания ду нафар ва дар Белгияю Лаҳистон як нафарӣ донишҷӯёни тоҷик аз ҳисоби маблағи донишгоҳ таҳсилро идома дода истодаанд ва ин гуна донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, минбаъд барои кор дар донишгоҳ пазуруфта мешаванд.
Хайринисои Расулӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5495